Activities calendar

17 August 2019

Зебоӣ, тавоноӣ ва доноӣ аз варзиш аст!

   Санаи 17 соли равон дар Ҷ.д.Ориёни ноҳияи Кӯшониён оид ба гузаронидани машқи пагоҳирӯзи таҳти унвони “Зебоӣ, тавоноӣ ва доноӣ аз варзиш аст!” дар назди МТМУ №42 тамоми кормандони ҷамоат, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва наврасону ҷавонон ҷамъ омада, машқи пагоҳирӯзиро бо як руҳияи баланди ватандӯстӣ гузарониданд.

Миёна: 4 (1 овоз)

Баргузории даври ноҳиявии озмуни иди асал, каду ва харбуза дар маркази ноҳия

   Рӯзи 16 августи соли равон, дар маркази ноҳия даври ноҳиявии озмуни иди асал, каду ва харбуза баргузор гардид. Дар чорабинӣ Вализода Икромидин Сироҷиддин, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Кӯшониён дигар масъулини соҳа иштирок намуданд. Аз тарафи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия маҳсулотҳои кишоварзӣ бахусус асал, каду, тарбуз ва харбуза ба марази тамошо гузошта шуда буд. Беҳтарин иштирокчӣ ба даври вилоятӣ пешниҳод карда мешавад.

Миёна: 4 (1 овоз)

Таҷлили рӯзи кормандони тиб дар ноҳия

         Рӯзи 16 августи соли равон дар назди бинои Беморхонаи марказии ноҳия, бахшида ба рӯзи кормандони тиб, бо иштироки Вализода Икромиддин Сироҷиддин, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Кӯшониён, Сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон ва тамоми кормандони соҳаи тандурустии ноҳия, ҷамъомади идона дар вазъияти тантанавӣ баргузор гардид.

Миёна: 4 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.