Activities calendar

25 October 2021

Душманони миллати тоҷик ба ҳар роҳу восита мехоҳанд фазои осоиштаи кишвари моро халалдор намоянд

     АНДЕША: Агар мо ба таърихи пайдоиши Ҳизби Наҳзати Ислом рӯ оварем, мебинем, ки дар ибтидо он як нерӯе буд, ниқоби дин дар чеҳра. Ин ҳизб тадриҷан тавассути ҳиллаву найранг ва бо истифодаи номи поки ислом, таъвилу таҳрифи оятҳои Қуръонӣ одамонро фирефта, ба коми худ кашид.

Миёна: 5 (1 овоз)

Истиқлолияти Тоҷикистон поянда бод

     АНДЕША: Зери таассуроти тантанаҳои истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатиамон, ки ҷашни милливу муқаддас ва санаи мубораки тақдирсоз дар ҳаёти кишвари мо маҳсуб меёбад, қарор дорем ва бо хушбахтии бепоёну шукргузории беохир дар фазои амну осоиши Ватани маҳбубамон-Тоҷикистон умр ба сар мебарем. Шукри Худованд, давроне бароямон даст додааст, ки дар он гурӯҳ ва ё ташкилоти характери оппозитсионӣ дошта, дигар вуҷуд надорад.

Миёна: 5 (1 овоз)

ЗИНДАВУ ПОЯНДА БОД ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДИИ ТОҶИКИСТОН

     АНДЕША: Сӣ сол муқаддам мардуми мо ба дастоварди бузургтарини таърихи навини худ Истиқлоли давлатӣ ноил гардиданд. Ҳарчанд, ки сӣ сол дар муқоиса бо таърихи чандинҳазорсолаи халқи тоҷик ва анъанаҳои давлатдории он мудати чандон тулонӣ нест, вале дар сарнавишти мардуми мо ин давра як марҳалаи озмоиши ҷиддии таъмини сулҳу субот ва бунёди давлатдории миллии тоҷикон мебошад. Яъне истиқлол дар сарнавишти мардуми мо тағйиру таҳаввулӣ куллӣ ва дигаргунии бунёд ба вуҷуд овард.

Миёна: 5 (1 овоз)

Тоҷикистон дар мубориза бар зидди терроризму-экстремизм ҳамеша пешсаф аст

    АНДЕША: Терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. Беш аз дигар ҳаракатҳои ифротӣ, амалҳои даҳшатафкани гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» боиси нигаронии аҳли башар гардидааст. Ҷангиёни «Давлати исломӣ» инсонҳои бегуноҳ, аз ҷумла кӯдакон, занон, пиронсолону барҷомондагонро ваҳшиёна ба қатл мерасонанд, сару гӯшу биниашонро мебуранд.

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.