Изҳороти кормандони шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён оид ба вазъи ба амал омада дар ҷаласаи ҳуқуқи башар САҲА дар Варшава

Мо аҳли маорифи ноҳияи Кӯшониён аз муноқишаи ба амаломада миёни баъзе аъзои ҳайати ҳукумати ва мухолифин, ки дар ҷаласаи ҳуқуқи башари САҲА дар Варшава ба вуқуъ пайвастааст, аз тариқи расонаҳои хабарӣ огоҳ шуда, бетараф истода  натавонистем.

Ҳанӯз доғи гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ аз ёди мардуми ҷабрдидаву заҳматкашидаи тоҷик нарафтааст, ки бадхоҳони миллат бо дасисаю найрангҳои хоҷагони хориҷиашон муддате Ватани маҳбуби моро ба коми хоку хун кашида буданд.

Ҳеҷ аз ёдҳо намеравад, ки замоне хун аз панҷаи  терористони наҳзати мерехт (ҳоло низ даст ба хоку хунанд), қатлу ғорат, бедодгарию ноадолатӣ аз дасти ин гуруҳи бегонапарастон ба авҷи аъло расида буд ва онҳо аз ин амалашон маблағҳои калони пули аз хоҷагонашон мегирифтанд.

Дар айёми соҳибистиқлол гардидани Ватани азизи мо хоҷагони хориҷӣ тавонистанд,  ки бо собиқ аъзоёни ҲН ба гирдоби хунрезию миллаткушӣ кашанд. Ёд дорем, ки он рӯзҳо ҳамватанони мо тамоми дороияшонро партофта дар ғами ҷони ширини худ ва фарзандонашон  буданд. Акунун маълум гардида истодааст, ки паси парда ки бозӣ мекардаасту ҳамватани гумроҳи мо аз ин ҳол бехабар. Маҳз чунин ноадолатиҳо буд, ки чун гирдоб сари худ хӯрданду хонаҳои валангоргаштаи тоҷикро бо 150 ҳазор куштаю ҳазорҳо ятиму бевазанҳо ба души давлату миллати тоҷик боқӣ гузоштанд.

Деҳаҳое, ки замоне кӯдакону модарони хушбахт дар он зиндагӣ мекарданд ба мотамхона табдил ёфта сухтаю валангор гардида, нишонае аз сарсабзии онҳо боқӣ намонда буд. Имрӯз мардум шоҳиди он аст, ки собиқ аъзоёни ТЭТ ҲН хонаи валангоргаштаи тоҷикро ки асосгузораш онҳо буданд барқарор карда бошанд. Маҳз раҳми Парвардигор ба миллати тоҷик омаду Пешвоеро бо номи Эмомалӣ Раҳмон ҳадяи он намуд, ки дар паҳлӯи падарону модарони мо истода хонаи валангору сухтаи ҳамватани худро бо хишти ҷони хеш бунёд намуд. Оё собиқ аъзоёни ТЭТ ҲН, ки чун лошахӯрони саҳро номи «Муҷоҳид»-ро гирифта буданд  дар рӯзи вазнин паҳлӯи ҳамватанони худ истода бори гарони онҳоро сабукӣ мебахшиданд.

Аммо ношукрӣ, ободкориву созандагиро нодида гирифтани собиқ аъзоёни ТЭТ ҲН вақтҳои охир моро бетараф гузошта наметавонад. Дар ҷаласаи ҳуқуқи башари САҲА, ки дар Варшава баргузор гардида истодааст наҳзатиҳо ҷавонону наврасонро истифода бурда истодаанд, ки онҳо аз амалҳои хиёнаткоронаи онҳо, ки солҳои пешин намудаанд бохабар нестанд. Оё иштирокдорони ҷаласаи Варшава аз ҳисоби  ТЭТ ҲН фаромӯш намудаанд, ки хуни нофашон дар ин хоки аҷдодӣ рехтаю обу ҳавои ин зарзаминро кашида, ба камол расидаанд? Магар онҳо аз хотир баровардаанд, ки аҳлу ақрабо, падару модар, хоҳару бародаронашон дар ин сарзамини биҳиштосо зиндагӣ доранд?! Ин гуна хоинӣ, беномусию бешарафӣ аз баҳри чист?! Ё барои қонеъ намудани ҳадафҳои нопоконаи хоҷагонашон мебошад?

Мо омӯзгорон аз он дар таассуф ҳастем, ки  чунин хоинонро тарбия намудаем. Мо дарк накардем, ки рӯзе тарбиятдидаи мо, оне, ки хуни чигар гаштаю дасташро бо навиштан рост кардаву забонашро бо хондан бедор намудем, ба мо душману хоин мегардад. Боиси таассуф аст, ки ҳисси Ватандӯстӣ, меҳанпарастиро дар дили нопоконаи онҳо ҷой карда натавонистем.

Барои чунин амалҳои хоинонаи онҳо аз мардуми ноҳияи Кӯшониён ва умуман аз халқи Тоҷикистон узр мепурсем. Ва амалҳои хоинонаи онҳоро ноҷавонмардона хонда  омодаем, ки то охирин лаҳзаҳо мубориза бурда ба тамоми ташкилотҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон муроҷиат намоем. Зеро бо гуфти Аёмиддин Саторов яке аз фаъолони ТЭТ ҲН нақшаҳои хоинонаи онҳо дар пеш мебошад.

Аз номи кормандони шуъбаи Маорифи Мақомоти Иҷроияи Ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

-----------------------------------------------

Шахси масъули сомона:

Мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Кӯшониён

Муҳаммад Шарипов

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.