Вокуниш аз шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти Иҷроияи Ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

Яке аз масъалаҳое, ки имрӯз ҷомеаро ба ташвиш овардааст, ин ба равияҳои экстремистии динӣ гаравидани баъзе ҷавонону наврасон мебошад. Гаравиши ҷавонон ба ҳаракату равияҳои бегонаву хатарнок, ба қочоқ ё фурӯши маводи мухаддир даст задании онҳо, қонуншиканӣ, шомил шудан ба гурӯҳҳои муташаккили  ҷиноӣ, тақлид ба расму оин ва тарзи либоспушии барои мардуми мо бегона омилҳое мебошанд, ки насли наврасро аз асли милливу суннатӣ дур месозанд.

         Дар ноором сохтани сулҳу суботи давлатҳои соҳибистиқлол бештар таъсири гуруҳҳои террористиву экстремистӣ ва ё кишварҳои алоҳида бараъло эҳсос мешавад. Онҳо аз ҷониби доираҳои муайян ва аз номи дини мубини Ислом баромад намуда, ба бадномкунии мусалмонон мепардозанд. Маҳз атрофи  ин масъала Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромади худ чунин гуфта буд;

       «Имрӯз дини мубини Исломро, ки аслан ва моҳиятан дини сулҳпарвар аст, ба василаи тарс додани башарият табдил дода истодаанд. Ислом ҳамчун яке аз динҳои бузурги ҷаҳонӣ ҳама гуна нифоқу хусумат, куштору ваҳшоният ва ҷабру зулмро маҳкум мекунад. Бинобар ин кӯшиши бо ҳар роҳу восита бадном кардани Ислом ва мардуми мусалмон, инчунин ба ҳар гуна мухолифату низоъ маҷбуран хислати исломӣ додан аз рӯйи адлу инсоф нест. Фаромӯш набояд кард, ки Ислом як сарчашмаи мусаффои афкору ахлоқ аст ва аз пайвастани дин бо сиёсат ҷанбаи баланди сулҳпарварона ва инсондӯстонаи он коста мегардад».                   

        Гуфта шуд, ки мавқеи Президент ва Ҳукумати мамлакат ба дини ислом комилан некбинона аст. Ислом ба терроризм ягон робита надорад. Бинобар ин, дар кишвари мо мубориза бо терроризм маънои мубориза ба дини исломро надорад. Терроризм дин, миллат, мазҳаб, ва ватан  надорад. Фарҳанги миллии тоҷикон ба арзишҳо ва муқаддасоти динии мо сахт омехта аст ва онҳоро аз ҳам ҷудо кардан ва ба ҳам муқобил гузоштан хатои бузург аст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста барои ҳифзи ҳувияти миллӣ, фарҳангӣ ва мазҳабии шаҳрвандон саъю талош менамоянд ва дар ин вазъияти мураккаб ба таҷрибаи сулҳ ва консепсияи ваҳдати миллӣ такя менамояд.

         Ин ҳакиқатро барои он бояд гуфт, ки мо набояд ба ин равандҳо бетарафона ва хурсандона назар кунем.

 

Шуъбаи кор бо занон ва оилаи

Мақомоти Иҷроияи Ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

Миёна: 4 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

-----------------------------------------------

Шахси масъули сомона:

Мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Кӯшониён

Муҳаммад Шарипов

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.