Вокуниш ба рафти ҳодисаҳое, ки дар ҷаласаи байни аъзои ҳуқуқи башари САҲА дар Варшава рух додааст.

       Кормандони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳия нисбати амали ноҷавонмардонаи ҲН, ки феълан роҳбарии онро Муҳиддин Кабирӣ ба уҳда дорад, нисбати ҳодисаи дар рӯзи дуюми ҷаласаи ҳуқуқи башари САҲА дар Варшава рух дода бетараф буда наметавонанд.

       Имрӯзҳо барои ноором сохтани вазъи сиёсии кишварамон нафароне пайдо мешаванд, ки барои дарёфти маблағи ночизе баъзе ҷавонону наврасони кӯтоҳандешаро фирефтаи найрангҳои худ қарор дода, ба ҳаргуна ҳизбу ҳаркатҳои тундрави терроризму экстремизм шомил мекунанд. Боиси таассуф аст, ки чунин афроди нопок ба хотири манфиатҳои хеш  тибқи дастуру супоришҳои хоҷагони зархаридашон амалҳои террористиро ба анҷом мерасонанд. 

     Аз расонаҳои хабарӣ ва рафтору кирдорҳои ин ҳизб бар меояд, ки аъзоёни собиқ узви раёсати ҲН барои аз байн бурдани давлату миллат ҳолоҳам саъю кӯшиш намуда истодаанд.

       Гузашти вақт беш аз пеш собит менамояд, ки ҳастии ҳар давлату ҷомеа, рушди озодона ва сарбаландии ҳар як фарди он маҳз ба истиқлолияту озодӣ ҳамчун кафолати асосии бақои миллатҳо вобастагии мустақим дорад. Ҳамин дастоварди бузург дар тӯли таърихи башарият имкон фароҳам овардааст, ки мардумони ҷаҳон соҳиби ҳаққи табииву таърихии худ бошанд. Аз ин лиҳоз, истиқлолият барои мо яке аз муқаддастарин арзишҳои миллӣ ба ҳисоб меравад. Зеро ин дастоварди бузург натиҷаи талошу муборизаҳои фарзандони бонангу номуси тоҷик ба хотири амалӣ намудани ормони чандинасраи халқамон, яъне эҳёи давлатдории миллии тоҷикон мебошад. Аммо бархе аз ҷавонону наврасон ба ҳамин қадар дастовардҳо ва неъматҳои бебаҳои даврони соҳибистиқлолии кишварамон нарасида, ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ шомил шуда, ба ватану модари хеш хиёнат мекунанд. Он бадхоҳони кишварамон барои парешон намудани мардум ва ноором сохтани вазъи сиёсии диёри биҳиштосоямон аз қувваи ҷавонону наврасони кӯтоҳназар истифода намуда, амалҳои нопоки хешро анҷом додан мехоҳанд, аммо ба мақсади ғаразнокашон нарасида, аз тарафи мақомотҳои дахлдори кишварамон дастгир мешаванд. Дар баробари сарвари давлатамон истиқлолияту озодии кишварро, ки нишонае аз талошу муборизаҳои ҳазорон нафар фарзандони фарзона, бонангу номус ва далеру ғаюри худ, тамоми саъю талош ва ҳиммату ғайрати хешро ба хотири ҳифзу пойдории ин неъмати бебаҳо сафарбар месозем.

       Мо кормандони МНДС ноҳияи Кӯшониён ҳадафҳои нопоку ғаразнок ва амалҳои номатлуби ин афроди нохалаф ва хоинони миллатро маҳкум намуда, баҳри нашъунамо ва шукуфоии Ватани азизамон Тоҷикистон дар атрофи сиёсати пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардида, масъулияти бузурги таърихӣ ва қарзи пурифтихори фарзандии худро сарбаландона, бо корҳои созандагиву бунёдкорӣ адо менамоем.

      Мо боварии комил дорем, ки бо низо барангехтани 5-10 нафар шахсони нохалаф ва таъсиси чунин анҷуманҳо ношукрӣ ин Ватану миллат Тоҷикистони азизи моро ва миллати ваҳдатшиору миллатдӯстро шикаста наметавонанд.

Мо, кормандони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии  ноҳияи Кӯшониён бо дарки масъулият ва рӯҳияи баланди хештаншиносӣ иштироки аъзоёни ташкилоти террористии ҲН қотеъона маҳкум мекунем!

 

Аз кормандони МНДСЭ – и ноҳияи Кӯшониён

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

-----------------------------------------------

Шахси масъули сомона:

Мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Кӯшониён

Муҳаммад Шарипов

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.