Вохӯрии Ҷобирзода Тоҳир Гул бо сокинони ноҳия

   Ба хотири бештар  иттилоотонии мардум аз мазмун ва муҳтавои Паёми навбатии Пешвои миллат, дар Кохи фарҳанги ноҳия бо иштироки Ҷобирзода Тоҳир Гул, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, А.Мирзозода  сардори шуъбаи  ВКД дар ноҳия, Дилафрӯз Шукруллозода муовини раиси ноҳия ва роҳбарони ташкилоту идораҳо, сокинону фаъолони ноҳия вохӯрии судманд доир гардид. Ҷобирзода Тоҳир Гул, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт, ки дар соли сипаригашта як чанд, воқеъаҳои рӯҳбахш ба вуҷуд омад, ки ба рушду пешрафти иқтисодиёти кишварамон аҳамияти калон дорад.         Яке аз ҳодисаҳои таърихӣ, ки дар соли 2018 ба вуқӯъ пайваст, ин ба кор даромадани чархаи якуми агрегати неругоҳи барқии обии Роғун мебошад, ки аз хотираи мардуми Тоҷикистон ҳеҷгоҳ аз ёдашон дур намешавад. Ҳамчунин Ҷобирзода Тоҳир Гул, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуд, ки Пешвои миллат дар Паёми навбатии худ иброз доштанд, ки «дар даҳ соли охир иқтидорҳои истеҳсолии низоми энергетикии кишвар дар ҳаҷми 1520 мегаватт зиёд карда шуд ва беш аз 1300 километр хатҳои интиқоли барқи баландшиддат сохта, ба истифода дода шуданд. Аз оғози бунёди нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 24 миллиард сомонӣ, танҳо соли 2018-ум 3,9 миллиард сомонӣ аз худ карда шудааст ва соли 2019 ба ин мақсад қариб 4 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардида, агрегати дуюми он ба кор дароварда мешавад. Моҳи сентябри соли 2018 мо дар ноҳияи баландкӯҳи Мурғоб нерӯгоҳи барқи обии «Тоҷикистон»-ро бо иқтидори 1500 киловатт ба маблағи 80 миллион сомонӣ ба истифода супоридем, ки ба шарофати он талабот ба нерӯи барқ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пурра таъмин карда шуд. Ҳоло асосноккунии техникии ду нерӯгоҳи барқи обии дигар дар ин минтақа, яъне Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – “Санобод” ва “Себзор” бо иқтидори умумии 211 мегаватт омода гардида, корҳо доир ба дарёфту ҷалби сармоя бо созмонҳои байналмилалии молиявӣ идома доранд.                      Ҳукумати кишвар, дар баробари бунёди нерӯгоҳҳои барқи обии нав, ба масъалаи барқарор намудани иқтидорҳои мавҷуда таваҷҷӯҳӣ хосса зоҳир менамояд. Зеро дар ҳолати таҷдид накардани як қатор нерӯгоҳҳо, ки солҳои тӯлонӣ фаъолият карда истодаанд, самаранокии истеҳсолии онҳо коҳиш меёбад. Бинобар ин, ҳоло таҷдиди нерӯгоҳи барқи обии «Сарбанд» ба маблағи 1,3 миллиард сомонӣ идома дорад ва соли 2019 таҷдиди нерӯгоҳи барқи обии “Қайроқум” дар ҳаҷми 1,9 миллиард сомонӣ ва марҳалаи якуми таҷдиди нерӯгоҳи барқи обии «Норак» ба маблағи 3,5 миллиард сомонӣ оғоз мегардад. Баъди таҷдиди пурра тавоноии ин се нерӯгоҳ нисбат ба ҳаҷми воқеии имрӯзаи онҳо, дар маҷмӯъ, 840 мегаватт афзоиш меёбад. Танҳо бунёди нерӯгоҳи “Роғун” имкон медиҳад, ки умри нерӯгоҳи “Норак” садсолаҳо дароз карда шавад. ”, - афзуд ӯ. Зимни  вохӯрии имрӯза А.Мирзозода сардори шуъбаи ВКД дар ноҳия, оид ба бемасъуиятии падару модарон дар таълиму тарбияи ҷавонону наврасон ба сухан баромада қайд доштанд, ки  ҳар як падару модар вазифадор аст, ки ҳамеша аз рафтору кирдори фарзандаш бохабар бошад, зеро ҳастанд падару модароне, ки фарзандашон тӯли чандрӯз ба хонашон ворид намешаванд, аммо падару модар парвое надоранд. ”,- гуфт ӯ. Дар фарҷоми вохӯрӣ миёни Ҷобирзода Тоҳир Гул, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо сокинону интихокардагонаш суолу ҷавоби судманд сурат гирифт.

 

Аҳлиддини Муборакшоҳ

Миёна: 4 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

-----------------------------------------------

Шахси масъули сомона:

Мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Кӯшониён

Муҳаммад Шарипов

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.