«Мавқеи сухан гуфтан фаро расид»

   ТТЭ ҲН ба дигар гуруҳҳои мухолифин имрӯзҳо хеле фаъол гашта, тариқи расонаҳои интернетӣ суҳбату гузоришҳои гуногунро баррасӣ менамоянд. Дар баромади навбатиаш роҳбари Паймони Миллии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ давоми  ду соат оид ба суолҳои воридшуда посух гуфт.

   Ӯ зимни баромад  дар  бораи зуҳури камтараш дар шабакаҳои иҷтимоӣ қайд намуд, ки сабаб он аст, ки “сухан вақте бояд гуфт, ки одам ҳарфе барои гуфтан дошта ва мавқеву фурсаташ фаро расида бошад”. Бале бояд қайд намуд, ки имрӯзҳо, ки мо ба интихоботи навбатӣ наздик шуда истодаем, ба либоси наҳзатиҳо кайк даромада, ниҳоят беқарору ноором шудаанд ва пайваста гуруҳчаҳои зиёде аз мухолифин масъалаҳои гуногунро ҷилавгирӣ намуда,  гузоришҳои бемаъниву бемантиқро пахш   менамоянд.

   Роҳбари Паймони Миллии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ низ аз  қатор намонда, суҳбату гузоришҳои худро доир намуда,  аз худ дарак дода истодааст. Кабирӣ боз мехоҳад, ки аз сари нав туҳмату буҳтонҳои беасосро ба сари роҳбарону  масъулони кишварамон бор карда, мардумро ба доми фиреби навбатии худ бикашанд. Инчунин як тоифаи хурди мардуми тарафдорашон низ онҳоро дастгирӣ намуда,  бо думбураи онҳо рақсу сурудхонӣ  мекунанд.  Ин навбат наҳзатиҳо  бо номи нави худ “Паймони Миллӣ ” рӯи кор омада, “дар шароити ҷадид”  чӣ гуна мубориза бурданро тарҳрезӣ  намуда истодаанд.

    Ҷангҳои  иттилоотие, ки зуд - зуд  аз тарафи ин хоинони миллат тариқи шабакаҳои интернетӣ сурат мегиранд, барои мафкураи мардумро вайрон сохтан, иғвову  шӯр барошуфтан ва ноил шудан ба мақсаду ҳадафҳои ҳарисонаву нопокашон    аст. Мардуми шарифи Тоҷикистон дар дарозои таърих таҷрибаи  бою ғании ватандориву меҳандустӣ ва садоқат ба Ватанро дар худ касб намудааст. Бори охир соли 1992 (наҳзатиҳо ҷанги шаҳрвандиро умуман ба ёд овардан намехоҳанд) мардум заҳри қотили онро чашид, ки ба чӣ балоҳое гирифтор шудем.

   Муҳиддин Кабирӣ барои ҳаммаслаконаш “дӯсти бад” будани худро борҳо исбот намуд. Бо нақшаҳои тарҳрезӣ намудаи ӯ чӣ қадар мардуми бегуноҳ, рафиқону дӯстонаш шароби шаҳодат нӯшиданду худ аз дур чун гурги маккор истода, бо қалби пурхун ин манзараҳоро тамошо намуд. Ҳаммаслакону ҳампаймононаш ба мақсаду ҳадафи гузоштаи Кабирӣ комёб нашуданд, шикаст хӯрданд, ки ин руйдод ӯро сахт ба шигифт овард ва ҳазорон бор шукр гуфт, ки зудтар фирор намуда, ҷон ба саломат бурдааст.

   Кӣ ин дафъа ӯро  бовар мекунад, аксари ҳамсафонаш хатои худро фаҳмида тарки ин “роҳбар” намуданд ва ҷамъи парешон боз ҳам парешонтар гардид.    Дигар Кабириву ҳаммаслаконаш агар ҳазорон бор Паймони миллӣ, Анҷумани озодандешон, Гуруҳи 24... ташкил кунанд ҳам,  заррае ба афкори ватандӯстонаву инсондӯстонаи миллати бофарҳанги мо таъсире   нахоҳад  гузошт.

   Ба таҳқиру хиёнатҳои гуруҳаке, афсонахониву таҳматҳои ғаразноки Паймони миллии наҳзатиҳо мардуми тоҷик  тавқи лаънат баста, ҳамчун  воизони дуруя ва хизматгору зархариди хоҷагони   хориҷӣ қабул доранд. Рақиби мо бо муборизаи ноодилона, “бозсозиҳои нав”, Паймони миллӣ,  “бо ҷои худро аз нав пайдо намудан” ба ҷое нахоҳанд расид, зеро худкардаро даво нест.

 

 

 

Корманди   КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён:

С. Неъматуллоева

Миёна: 4.5 (2 votes)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

-----------------------------------------------

Шахси масъули сомона:

Мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Кӯшониён

Муҳаммад Шарипов

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.