Ташаббусҳои созанда ҷиҳати баланд бардоштани ватандории шаҳрвандон

   Дар таърихи 21 – уми январи соли равон маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар он аз нишондиҳандаҳои  рушди  иrтисодию иxтимоии кишвар дар соли  2018 натиҷагирӣ карда шуда, барои соли 2019 вазифаҳои асосӣ муайян  гардиданд.

   Дар маҷлис вазъи иқтисодиву иҷтимоии кишвар, иҷрои стратегияҳо ва барномаҳо, дастуру супоришҳои  Сарвари давлат дар Паём ба Маҷлиси Олӣ ва бартараф намудани камбудиву норасоиҳои ҷойдошта   таҳлилу баррасӣ карда шуданд.

  Дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботҳои Сарвазири мамлакат Қаҳор Расулзода, раиси Кумитаи андоз Нусратулло Давлатзода, вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода,  директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Сафаралӣ Наҷмиддинзода, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Султонзода Сулаймон, вазири Энергетика ва захираҳои об Усмоналӣ Усмонзода,  вазири нақлиёт Худоёрбек Худоёрзода ва дигарон оида ба натиҷаҳои фаъолияташон дар соҳаҳои гуногуни мамлакат шунида шуданд.

   Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз фаъолияти тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ натиҷагирӣ намуда, ба роҳбарони вазорату идораҳо, вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати пешрафту тараққиёт ва рушту густариши соҳа, беҳтар кардани сифати хизматрасониҳо, вусъати корҳои ободонӣ, бунёди корҳои саноатӣ, таъмини волояти қонун, ҳаллми масъалаҳои вобаста ба соҳаи илму маориф, тандурустӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, истифодаи самараноки обу замин, боғдорӣ амалӣ намудани дастуру супоришҳои Паёми    Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии ва бартараф кардани камбудиву норасоиҳо суханрониву таҳлили мушаххас намуданд.

   Дар маҷлиси васеъи ҳукумат таъкид гардид, ки вобаста ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун солҳои рушти деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ҷиҳати ҳарҷи бештар ҷалб намудани аҳолӣ, аз ҷумла ҷавонон, занони хонашин  ба омӯзиши касбу ҳунарҳои мардумӣ, косибӣ ва дигар корҳои хонагӣ, аз ҷумла атласу адрасбофӣ, қолинбофӣ, каҷкориву чубкорӣ тақвият бахшида шавад.

   Ин чунин дастур дода шуд, ки бо мақсади пешгирии воридоти ғайриқонии доруворӣ назорати қатъи бурда пеши роҳи он  гирифта шавад .

   Дастуру супоришҳои додашуда, барои рушди соҳаҳо равона гардида, басе муфиду саривақтӣ мебошад ва ҷиҳати иҷрои он ҳар яки мо масъулу вазифадор ҳастем.

   КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён дастуру  супоришҳои  маҷлиси васеъи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ намуда, саъю талош менамояд, ки ташаббусҳои созандаю бунёдкорона намуда, саҳми худро дар рушду нумуии ҷомеа гузорад. Тайи чанд рӯз аст, ки баҳри босифат ва саривақт иҷро намудани нақшаи корҳои ободонию бунёдкорӣ ба ифтихори ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади боз ҳам ободу зебо гардонидани боғҳои фарҳангию фароғатӣ , деҳаҳо, маҳалаву  хиёбонҳо дар ҳудуди шаҳраку деҳоти  ноҳия ҳашарҳои дастаҷамона шинонидани дарахту ниҳолҳои сояафкан,  ороишӣ, мевадиҳанда, гулу гулбуттаҳои мавсимию бисёрсола бо маром идома доранд. Кормандони ташкилотҳои ибтидоии ноҳия ба ин масъала таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда,  ҳар як рӯзи мусоидро самаранок истифода намуда, дар ин  чорабиниҳо фаъолона иштирок намуда истодаанд.

   Ҳамазамон, корҳои созандагию бунёдкорӣ бахшида ба Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳия вусъати тоза касб кардааст. Дар ҳудуди шаҳраку деҳоти ноҳия бунёди боғҳои кӯдакона, сохтмони синфҳои иловагӣ, сехи дузандагӣ, таъмир ва мумфарш кардани роҳи байни деҳаву маҳаллаҳо, чароғон кардани роҳҳо, мараказҳои савдо, меҳмонхонаву дорухонаҳо, тоза намудани ҷую заҳбурҳо аз партовҳо  бомаром идома дорад, ки ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум , тоза нигоҳ доштани атроф, пешгири аз бемориҳои сироятӣ мусоидат  менамояд.

   Мардуми сарбаланди ноҳияамон дар муаррифӣ, пешрафт ва рушду нумуъи сайёҳӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ саҳми босазо гузошта, бо ҳунарҳои мардумии зардӯзию гулдӯзӣ, чакандӯзӣ, табақтарошӣ, гавҳораю сандуқсозӣ, сабадбофӣ, дуредгарӣ, омода намудани анвои нонӣ ва хурокҳои миллӣ ном бароварда ба фарзандону наберагони худ меомӯзонанд.

   Дар маҷлиси васеъи ҳукумат таъкид гардид, ки “ҷиҳати дастгирии ҳаматарафаи гуруҳҳои осебпазири аҳолӣ, алалхусус ятимону маъюбон, шахсони бепарастор ва оилаҳои камбизоат чораҳои лозимӣ андешида шавад”. Ин нуқта дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ зикр карда шудааст.

   Аз ибтидои соли равон бо ин мақсад КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён Аксияи талиғотӣ амалии “Якҷоя ҳал мекунем” – ро  баргузор намуда, аз  тарфи ташкилотҳои ибтидоӣ ба 35 нафар шахсони ниёзманд, маъюбу ятимон ба маблағи беш аз 6 ҳазору 900 сомонӣ маводҳои хурока аз қабили орд, равған, шакар, чой ва макарон кӯмак расонида шуд, ки ин иқдом давоми сол идома дорад.

   Мо дастуру  супоришҳои Асоосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва  Паёми навбатӣ  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон – ро дастгирӣ ва сармашқи кори худ намуда, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта аз тамоми воситаю имкониятҳо  самаранок истифода намуда, баҳри сазовору шоиста истиқбол  намудани 30 – солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии  Тоҷикистон бо корҳои созандагию бунёдкорӣ,  тарғибу ташвиқи самтҳои афзалиятноки ҳизб равона хоҳем кард. Ин ташаббуси неку созандаамон дар баланд бардоштани ифтихори миллӣ ва ватандории шаҳрвандӣ  нақши бориз хоҳад гузошт.

 

КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён

Миёна: 2.5 (2 votes)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

-----------------------------------------------

Шахси масъули сомона:

Мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Кӯшониён

Муҳаммад Шарипов

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.