Зиёда аз 156 иншооти ҷашнӣ бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

   Санаи 12 феврали соли равон дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия нишасти матбуотии раиси ноҳия доир гардид. Дар нишаст муовинони раиси ноҳия, роҳбарони ташкилоту идораҳо, шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иштирок намуданд. Рӯзноманигорон аз тамоми намояндагии васоити ахбори оммаи вилоят ва ҷумҳурӣ  ширкат варзиданд.

   Зимни нишасти матбуотӣ, раиси ноҳия иброз дошт, ки имрӯзҳо ноҳияи Кӯшониён дар баробари дигар шаҳру навоҳӣ ҷумҳуриямон  тамоми хоҷагии халқи ноҳия рушд намуда, дар ноҳия чандин иншоотҳои маишию хизматӣ ба истифода дода шуд, ки онҳо  симои ноҳияро боз ҳам ранги дигар мебахшанд. Ҳамчунин тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барои ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ доир ба ободу ободкорӣ, то ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия беш аз 156 иншоот ба истифода дода мешавад.

   Ҷаббори Ғаффор,  раиси ноҳия иброз дошт, ки соҳаи кишоварзӣ яке аз соҳаҳои муҳими хоҷагии халқ ба ҳисоб рафта, барзгарони ноҳия  соли ҷорӣ мувофиқи дурнамо дар майдони 11 ҳазору 250  гектар замин пумбадона кишт нумуда, дар асосӣ варақаҳои  қабули пахта (17 ВҚ) ба заводҳои коркарди пахта 22 ҳазору 96 тонна,  пахта супориданд, ки ин 100, 4 дарсади дурнаморо ташкил медиҳад.  Кишоварзони ноҳия дар соли 2018 дар майдони 1091 гектар ғалладона, 201 гектар ҷуворимакка барои дон, 2002 гектар сабзавот, 500 гектар картошка, 96,3 гектар зироатҳои хӯроки чорво ва ғайра кишт намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта сабзавот 880 гектар ва картошка 288 гектар зиёд мебошад. Барзгарони ноҳия барои ҳосили соли 2019 дар майдони 1234 гектар ғаладона, 589, 3 гектар сабзавот, ки аз он 165 гектар пиёз, 174 гектар карам,  150 гектар сабзӣ, 100, 3 гектари дигар намуди сабзавотҳо буда, инчунин дар майдони 441 гектар картошка ва 96,3 гектар зироати хӯроки чорво кишт намуданд. Ҳамчунин Ҷаббори Ғаффор, раиси ноҳия ёдовар шуд, ки то имрӯз майдони заминҳо пурра аз ғӯзапоя тоза карда шуда дар майдони 15 ҳазор гектар шудгор гузаронида шуд, 95 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

    Ҷаббори Ғаффор, раиси ноҳия дар рафти баромади худ ёдовар шуд, ки дар ҳудудӣ ноҳия 59 адад муассисаҳои таълимӣ кору фаъолият мекунанд, ки аз ин шумора 51 муассисаҳои таҳсилоти маиёнаи умумӣ, 4 муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, 2 муассисаҳои таҳсилотӣ,  1 гимназия, 1 мактаби Президентӣ барои хонандагони лаёқатманд, 1 марказӣ таҳсилоти иловагӣ ва 8 адад муассисаҳои томактабӣ аз ҷумла 1 муассисаи томактабии хусусӣ амал мекунад. Дар ин миқдор таълимгоҳҳо 52 ҳазору 460 нафар хонандагон ва 1050 нафар кӯдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, ба онҳо 2 ҳазору 829 нафар омӯзгорон дарс мегӯянд. Ба хотири беҳтар намудани вазъи таълиму тарбия дар ҳудудӣ ноҳия бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ ва кумитаи падару модарон соли ҷорӣ дар назди 10 муассисаи таълимӣ 18 синфхонаи иловагӣ барои 450 хонанда сохта ба истифода дода шуда, дар назди 12 муассисаи таълимӣ сохтмони 42 синфхонаи иловагӣ барои 1050 ҷойи нишаст идома дорад.

   Ҷаббори Ғаффор, раиси ноҳия гуфт, ки тибқи нақша чорабиниҳои тасдиқ гардида дар ноҳия то ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии тоҷикистон ба таври умумӣ сохтмони 156 адад биною иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки ба ҳолати 1 январи соли 2019, 31 адад, яъне 19, 8 дарсади он сохта ба истифода дода шуда, инчунин ҷиҳати вусъат бахшидан ба корҳои ободонию кабудизоркунӣ, созандагию бунёдкорӣ ва ҳолати беҳдошти маҳаллаҳои аҳолинишин дар ноҳия зиёда аз 34 ҳазору 240 бех дарахт шинонида шуд, ки аз ин 23 ҳазору 950 бех сояафкан, 5 ҳазору 600 бех ороишӣ  ва 5 ҳазору 690 бех дарахтони ҳамешасабз мебошанд. Ҳамзамон дар роҳҳои аҳмияти ҷумҳуриявӣ дошта бо ҷалби ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ ва сокинони ноҳия зиёда аз 4 ҳазор бех дарахтони ҳамешасабз, 2 ҳазор бех дарахти анор, 25 ҳазор бех гули садбарг ва ҳазор дона гулҳои ҳархела шинонида шуд. Дар охири нишасти матбуотии раиси ноҳия, рӯзноманигорон оид ба масъалаҳои вобаста ба ноҳияи Кӯшониён саволҳо дода, аз тарафи раиси ноҳия ва масъулин ҷавобҳои саҳеҳу аниқ гирифтанд.

 

 “Кӯшониён”

Миёна: 4.5 (2 votes)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

-----------------------------------------------

Шахси масъули сомона:

Мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Кӯшониён

Муҳаммад Шарипов

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.