Вохӯрии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии дар ҳамкории муштарак бо намояндагони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, бо аъзоёни оилаҳое, ки фарзандонашон ба ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва гурӯҳи ДИИШ ҳамроҳ шудаанд

   Санаи 14 феврали соли 2019 дар Ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳия вохӯрӣ бо аъзоёни оилаҳое, ки фарзандонашон ба ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва гурӯҳи ДИИШ ҳамроҳ шудаанд, дар ҳамкории муштарак бо намояндагони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, Кумитаи давлатии Амнияти миллӣ дар ноҳия, прокуратура ва ШВКД баргузор гардид.

   Ҷамъомадро сармутахассиси Ҷамоат оид ба корҳои дин Мусофиров С. оғоз намуда ҳозиринро бо иштирокчиён шинос намуда, мақсади ташрифи меҳмононро фаҳмонида дод. Сипас сухан ба муовини раиси ноҳия Шукруллозода Д. дода шуд.

   Шукруллозода Д. қайд намуд, тафаккури ифротӣ, гурӯҳҳои ифротгароии динӣ ва созмонҳои террористӣ ҳамчун як хатари бузурги минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, имрӯз амният ва мавҷудияти аксари кишварҳои мусулмоннишинро зери таҳдиди ҷиддӣ қарор додаанд. Бузургтарин  хатарҳое, ки ба ҷомеаи муосир таҳдид дорад таасубу ифротгароӣ, терроризм ва бо мақсадҳои ғаразноки гурӯҳӣ ба тарзи сунъӣ сиёсӣ намудани ислом аст. Ифротгароӣ ва терроризм дин мазҳаб ва миллат надорад ва ба ин зуҳуроти нангин омехта кардани ислом кори нодуруст аст. Мубориза бо экстремизм терроризм ва ҷинояткориро ҳаргиз чун мубориза бар зидди дин муаррифӣ набояд кард. 

   Аз назари гурӯҳҳои ифротгарои динӣ бояд дар ҷаҳони ислом низомҳои давлатии демократӣ ва дунявӣ аз байн бурда шуда, ба ҷои онҳо «Давлати исломӣ» ҷорӣ карда шавад.

   Солҳои охир ҷаҳони ислом ғӯтавари воқеаҳое гаштааст, ки ҳам аз назари шариат ва ҳам аз назари ақли солим қобили қабул нест. Кас наметавонад бовар кунад, ки ин ҳама куштору даҳшат аз рӯи Қуръону суннат бошад. Аммо пешвоёни ҳизбу ҳаракатҳои ба ном исломӣ, гурӯҳҳои ифротӣ ва террористӣ ҳамонон мардумро фирефта, ба ҳамагон талқин мекунанд, кии слом ин ҷиҳод аст, рехтани хуни одамон дар Қуръону ҳадис ҷоиз аст, зинокориву нашъамандии ҷангиёни ифротиро шариат иҷозат додааст ва даҳҳо мисолҳои ботили дигар, ки террористон бо овардани фатвоҳои дурӯғии худ ва дигаронро мефиребанд.

   Пирзода  Д.  муовини сардори ШВКД-и ноҳия зимни баромади худ қайд кард, ки Сарвари давлат дар Паёми навбати худ таҳкид доштанд, ки диққати асосӣ бояд ба пешгирӣ намудани терроризму экстремизм, шомилшавии шаҳрвандони мамлакат ба созмону ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва ба Ватан баргардонидани шахсони гумроҳшуда равона карда шавад.

   Таъкид доштанд, ки вазъи сайёра дар ду-се соли оянда боз ҳам мураккаб мешавад.

   Тайи панҷ соли охир барои ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ 170 иншооти нав сохта шуданд.

   Танҳо дар хатти сарҳади давлатӣ бо Афғонистон, ки қариб 1400 километрро ташкил медиҳад, зиёда аз 100 иншооти ҳифзи сарҳад ба фаъолият оғоз намуданд.

   Ниёзмаҳмадов Б. – намояндаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳия ибрози ақида намуд, ки ҳар як ватандор дар муқобили ҳама гуна хатаре, ки ба давлат ва ватани ӯ таҳдид мекунад, мавқеи мухолиф дорад ва ба муқобили он хатар мубориза мебарад. Вале дар масъалаи гурӯҳҳои ифротиву террористӣ бояд гуфт, ки хатари он на танҳо ба ҳукумат ва сохтори сиёсӣ, балки хатари он бевосита ба ҳар як нафари мо равона шудааст. зеро онҳо на танҳо ба давлат ва сохти конститутсионии мо, балки ба рӯзгори ободу осудаи мо, ба тарзи зиндагии шахсии ҳар яки мо, ба хонаву молу мулки ҳамаи мо, ба модару хоҳари  ҳар яки мо, ба зану фарзанди ҳар яки мо бевосита таҳдид мекунанд. 

   Тағоев С. – мудири бахши дин танзими анъана ва ҷашну маросими ноҳия зимни баромади худ зикр намуд, ки мардуми  тоҷик  хуб  медонад,  ки  замони  ҷанги  шаҳрвандӣ  шабеҳи  Ироқу  Сурия,  Яману  Афғонистон  гардида  буданд.  Ҳадафу  мақсадҳои  наҳзатиҳо  бо  роҳи  зӯрӣ,  фишор  ва  қатлу  куштор  таъсис  додани  давлати  исломӣ  буд.  Дар  натиҷаи  ҷанги  хонумонсӯзи  шаҳрвандӣ  беш  аз  1  миллион  нафар  мардуми  осоишта  фирорӣ  гардида,  ба  азобу  уқубатҳои  гӯшношунид  гирифтор  шуданд.

   Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ-Пешвои  миллат,  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  санаи  4  майи  соли  2018  дар  Конфронси  байналмилалии  сатҳи  баланд  таҳти  унвони  «Муқовимат  бо  терроризм  ва  ифротгароии  хушунатомез»  аз  ҷумла  қайд  намуданд,  ки  «Фидокориву  мардонагии  халқи  тоҷик  дар  ҳимояи  марзу  бум  ва  арзишҳои  фарҳангу  тамаддуни  қадимаи  хеш,  ифодаи  қавии  мардуми  мо  ба  сулҳу  суббот  ва  созандагиву  бунёдкорӣ  боис  гардид,  ки  пеши  роҳи  амалҳои  террористону  ифротгароёни  дохиливу  хориҷӣ  дар  кишвари  тозаистиқлоли  мо  гирифта  шавад».

   Дар охир сармутахассиси Ҷамоат оид ба корҳои дин Мусофиров С. аз ҳамаи иштирокчиён даъват ба амал оварда иброз доштанд, ки мо Соли 2021 ҷашни бузурги 30–солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистони маҳбубамонро таҷлил мекунем.

   Мо бояд ташаббускор бошем, тамоми кӯшишу ғайрат, донишу малака ва қобилияти ташкилотчигии худро барои раҳнамоӣ кардани мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа ба корҳои ободонӣ сафарбар намоем. Мо бояд аз истиқлолияту озодӣ ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ шукрона кунем, шукронаи Ватани соҳибихтиёру маҳбубамонро ба ҷо орем, онро сидқан дӯст дорем, ба давлати соҳибистиқлоламон содиқ бошем, ҳамаи саъю талоши худро ба хотири пешрафтаву нерӯманд гардонидани он ва дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистони азизамон равона кунем.

 

 

Мутхассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи

 дастгоҳи раиси ноҳия

Муҳаммад Шарипов

Миёна: 2.5 (2 votes)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

-----------------------------------------------

Шахси масъули сомона:

Мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Кӯшониён

Муҳаммад Шарипов

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.