Артиши миллӣ – сипари халқу ватан аст!

   Бахшида ба 26 - умин солгарди Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар қисми ҳарбии 07\017-и ноҳияи Кӯшониён бо иштироки муовинони раиси ноҳия ва сарбозону афсарони қисми ҳарбӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

           Дар чорабинӣ нахуст парчами ҷангӣ вориди майдон гашта сипас гардиши афсарону сарбозон доир гардид. Сараввал Дилафрӯз Шукруллозода, муовини раиси ноҳия ҳамаи сарбозону афсаронро ба ин рӯзи фархунда табрику таҳният гуфта қайд дошт, ки ҳамасола рӯзи 23- юми февралро ҳамчун рӯзи бунёди Артиши миллӣ бо тантана ҷашн мегиранд. Ин рӯз яке аз санаҳои фархундаи таърихӣ ташаккули давлатӣ соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба шумор меравад, зеро диёри мардхези мо дар ҷаҳон ҳамчун сарзамини сулҳу оштӣ кайҳо боз худро муаррифӣ кардааст. Оламшумул гардидани шуҳрати сулҳпарваронаи миллатӣ тоҷикро муборизаҳои фидокоронаи сарвари давлатамон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар якҷоягӣ бо мардуми волофарҳангаш тӯлӣ солҳои охир ба пуррагӣ исбот карданд. Аз вартаи ҷангӣ ҳамватанӣ берун кашидани миллат мушкилтарин ва сангинтарин кору амале буд, ки дар тамоми сайёра танҳо миллатӣ тоҷикон ба он мушарраф гаштанд,”- афзуд Дилафрӯз Шукруллозода.

           Имсол Артиши миллии кишвар 26- сола мешавад. Таъсиси Вазорати Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар душвортарин рӯз, дар вақти авҷи шадиди ҷангӣ шаҳрвандӣ сурат гирифта буд. 23-юми феврали соли 1993 дар майдони Марказии шаҳри Душанбе аввалин гашти низомии Артиши миллии Тоҷикистон  баргузор гардид. Аз ҳамон вақт то инҷониб ҳар сол 23-юми февралро ҳамчун рӯзи таъсисёбии Артиши миллии Тоҷикистон дар сар то сари кишварамон бо як рӯҳияи баланди Ватандӯстию хештаншиносӣ ҷашн гирифта мешавад. Тибқи иттилои масъулини қисми  ҳарбии 07\017, сарбозону афсарон бо се вақт хӯроки гарм ва  ҷойи хобу сару либоси зимистона ва тобистона таъмин буда, тӯлӣ чандин сол мешавад, ки ҷавонони бо нангу номуси кишварамон дар ин қисми ҳарбӣ адои хизмат мекунанд. Ҳамин аст, ки сафи ҷавонони ихтиёри ба қувваҳои мусаллаҳӣ кишварамон нисбати солҳои қаблӣ хело зиёд гардидааст.  Дар фарҷоми чорабинӣ ба хотири болидахотирии сарбозону  афсарон, аз ҷониби шуъбаи фарҳангӣ ноҳия суруду таронаҳои ҷаззоб пешкаш гардида, сарбозону афсарон аз ин хушнуд гашта бо ҳам рақсу бозӣ намуданд.

 

 

“Кӯшониён”

Миёна: 4 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

-----------------------------------------------

Шахси масъули сомона:

Мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Кӯшониён

Муҳаммад Шарипов

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.