Баргузории семинар-машварат оид ба омодагии техникаи кишоварзӣ

   Санаи 22 феврали соли 2019, дар ду нуқтаи омодакардаи Раёсати кишоварзии ноҳия бо мақсади омодагии техникаи кишоварзӣ ба кишти баҳорӣ, семинар-машварат бо иштироки М. Сироҷов, сардори Сарраёсати кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, А. Баҳодуров, нозири техникии вилояти Хатлон, Сафар Аҳлиддинзода муовини якуми раиси ноҳия ва мутахассисони соҳаи техникӣ баргузор гардид.

          Тибқи иттилои Сайидбурҳон Қувватов, сардори Раёсати кишоварзии ноҳия дар намоишгоҳи техникӣ зиёда аз 115 адад тракторҳо бо мошинолотҳои кишоварзӣ омода гардида, мавриди санҷиши мутахассисон қарор гирифт. То рӯзи намоиш ба хатти тайёрӣ техникӣ аз тарафи хоҷагиҳои деҳқонӣ тухмипошак 57 адад, тракторҳои байниқаторӣ 57 адад, тракторҳои нақлиётӣ 58 адад, сихмолаҳо 450 адад, тойбанд 8 адад достҳои тракторӣ 6 адад ядакҳои тракторӣ 12 адад ва заминҳамворкунак 20 адад ба марази тамошо гузошта шуда буд ва боқимонда техникаи кишоварзӣ ва мошинолотҳои кишоварзӣ то мавсими кишт омода мегарданд, афзуд С.Қувватов. Ҳоло тибқи маълумотҳои Раёсати кишоварзии ноҳия, тамоми заминҳои зери кишт қарор дошта, ҷуфти хушсифат гузаронида шуда, кишоварзони ноҳия омодагии хешро ба кишти баҳорӣ дида истодаанд.

 

 

«Кӯшониён»

Миёна: 4 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

-----------------------------------------------

Шахси масъули сомона:

Мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Кӯшониён

Муҳаммад Шарипов

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.