Баргузории Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии бемориҳои ВНМО, сил ва табларза дар ноҳия

   Дар маркази пешгирии бемории ВНМО дар ноҳияи Кӯшониён, таҳти роҳбарии Дилафрӯз Шукруллозода, раиси Шӯро, муовини раиси ноҳия, ва бо иштироки аъзоёни Шӯро ва масъулин  Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии бемориҳои ВНМО, сил ва табларза баргузор гардид.

    Сараввал А. Миралиев, директори Маркази ВНМО, оид ба рафти иҷрои «Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи вируси норасоии масунияти одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2019» ва фаъолияти нимсолаи марказ ҳисобот пешкаш намуд. Дар суханронии худ қайд дошт, ки барои пешгири намудани сари роҳи ин бемории сироятӣ, бештар бо мардум ҳамкории зич намоем, зеро  ҳастанд нафароне, ки ба бемори гирифтор ҳастанду аммо барои аз ташхис гузаштанд худорӣ мекунанд,» - афзуд А. Миралиев. Чуноне ки аз ҳисоботи М. Миралиев, Директори Маркази ВНМО дар ноҳия, бармеояд аз аввали сол то ба имрӯз дар натиҷаи таҳлили намунаи хуни  17 нафар сокинони ноҳия бемории  ВНМО мусбӣ арзёбӣ гардид. Ҳамзамон дар идомаи ҳисоботи хеш М. Миралиев, Директори Маркази ВНМО иброз дошт, аз маълумотҳои оморӣ  маълум гашт, ки баъд аз гузаронидани корҳои оммафаҳмонӣ оид ба пешгирии ВНМО дар байни аҳолӣ  дар  6  моҳи  соли  ҷорӣ ба озмоишгоҳҳои  маркази ВНМО-и ноҳия ҳамагӣ 1 ҳазору 977  нафар муроҷиаткунандагон ташриф оварда, намунаи хун оид ба  ошкор сохтани ВНМО супориданд, аз он ҷумла: аз рӯи нишонаҳои клиникӣ 1100 нафар, ҳомиладорон 10 нафар, донорон 1 нафар, ҳизматчиёни ҳарбӣ 14 нафар,  никоҳшавандагон  арусу домод 332 нафар (тариқӣ ройгон), гурӯҳҳои осебпазир:  муҳоҷирони меҳнатӣ  104 нафар, нашъамандони тазриқӣ  7 нафар, шахсони расонандаи хизматҳои шаҳвонӣ ва аз хизмати онҳо истифода бурдагон 3 нафар, хонандагони макотиби олӣ 28 нафар, алоқамандон 48 нафар, ва шаҳрвандони хориҷи 4 нафар мебошанд.

   Зикр кардан бамаврид аст, ки аз 1 ҳазору 977 нафар мизоҷон намунаи хун, ки оид ба ошкор сохтани ВНМО гирифта шуд, натиҷаи таҳлили хуни 17 нафар аз онҳо, мард 12 нафар зан 5 нафар шаҳрвандони ноҳияи Кӯшониён оид ба ошкор сохтани ВНМО ҳамчун шахси сироятшуда, мусбӣ арзёбӣ гардид,» - гуфт М. М. Директори Маркази ВНМО дар ноҳия. Тибқи маълумоти омории расмӣ  то 1 июли соли 2019 шумораи умумии сироятёфтагони вируси норасоии масунияти одам (аз соли 2007) дар ноҳияи Кӯшониён 160 ҳодисаро ташкил дод, ки аз ин шумора 65 фоиз дар байни мардон ва 35 фоиз дар байни занон ба қайд гирифта шудааст. Дар давраи аз соли 2007 то 1 июли соли 2019 аз шумораи умумии сироятёфтагон бо сабабҳои гуногун, аз ҷумла аз бемории пайдошудаи норасоии масуният 33 нафар фавтидаанд қайд намуд  ӯ. Инчунин дар кори Шӯро ҳисоботи роҳбари маркази пешгирии бемории сил ва табларза шунида шуд. Сипас пас таклифу пешниҳодҳои аъзоёни Шӯро қарори дахлдор қабул гардид.

Аксҳо аз рафти Шӯро: 

20190806_085713-2.jpg  20190806_085843-2.jpg

 

«Кӯшониён»

Миёна: 4 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.