Машқи махсуси тактики мудофиаи гражданӣ дар шуъбаи маорифи ноҳияи Кӯшониён доир ба мавзӯи: «Амали ҳайати роҳбарикунанда ва қувваю воситаҳои мудофиаи граждании иншоот ҳангоми сар задани ҳолатҳои фавқулода (Сухтор)”

   Дар асоси фармоиши сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон аз 28 июни соли 2019, №57, фармоиши сардори мудофиаи граждании ноҳияи Кӯшониён аз 26 июли соли 2019 №7 бо мақсади санҷида баромадани сатҳи омодагӣ, дониш ва сатҳи касбии ҳайати роҳбарикунанда ва шахсии неруҳои ғайриҳарбии мудофиаи гражданӣ, рӯзҳои 30-31 июли соли 2019 дар шуъбаи маорифи ноҳияи Кӯшониён доир ба мавзӯи: «Амали  ҳайати роҳбарикунанда ва қувваю воситаҳои мудофиаи граждании иншоот ҳангоми сар задани ҳолатҳои фавқулода (Сухтор)” машқи  махсуси тактики  мудофиаи гражданӣ гузаронида шуд.

   Дар машқи  махсуси тактики  мудофиаи гражданӣ ҳайати роҳбарикунандаи мудофиаи гражданӣ, комиссияҳои мудофиаи гражданӣ, қувваю  воситаҳои  шуъбаи маорифи ноҳия  ҷалб карда шуданд.

   Гузаронидани машқи  махсуси тактики  мудофиаи гражданӣ дар шуъбаи маорифи ноҳияи Кӯшониён ба талаботҳои санадҳои меъёрию ҳуқуқии мудофиаи гражданӣ мутобиқ буда,  рӯзи 30 июли соли 2019 соати 7:00 дақиқа ба воситаи нуқтаи идоракунии алоқа ва хабардоркунии ноҳия бонги «Ҷамъшави» барои ҳайати роҳбарикунанда ва ҳайати шахсии мудофиаи граждании  шуъбаи мазкур  эълон карда  шуд.

   Соати 8:10 дақиқа ҳайати роҳбарикунанда ва ҳайати шахсии мудофиаи гражданӣ, қувваю воситаҳои мудофиаи гражданӣ, гуруҳҳои ғайринизоми дар толори маҷлисгоҳи шуъба ҷамъ омада, аз тарафи сардори Ситоди роҳбарикунандаи машқ ба онҳо мақсаду мароми гузаронидани машқ фаҳмонда дода шуд.

   Сипас аз тарафи сардори шуъбаи Раёсати Кумитаи  ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон дар  ноҳияи Кӯшониён гуруҳҳои ғайринизомии звенаҳои таркибии мудофиаи гражданӣ санҷида шуд.

   Гуруҳҳо ва звенаҳои таъсис додашудаи мудофиаи граждании шуъбаи маорифи  ноҳияи Кӯшониён  ба ин соҳа аҳамияти ҷиддӣ дода, як қатор корҳоро ба сомон расонида, ҳуҷҷатҳои соҳаи мудофиаи гражданиро тартиб доданд.

   Мақсади асосии гузаронидани машқи  махсуси тактики  мудофиаи гражданӣ дар шуъбаи маорифи ноҳияи Кӯшониён  ин ҳам бошад пеш аз ҳама пешгирӣ сар назадани ҳодисаҳои фавқулода дар ҳудуди иншоот ва сари вақт бартараф намудани ҳолатҳои фавқулода  мебошад.

   Машқи  махсуси тактики  мудофиаи гражданӣ дар назди бинои шуъбаи маорифи ноҳияи Кӯшониён бо иштироки Раис-сардори мудофиаи граждании ноҳия муҳтарам Вализода И.С бо таври амалӣ ҷараён гирифта, корҳои наҷотдиҳӣ ҳангоми сар задани офатҳои табии ва бартараф намудани ҳолатҳои фавқулода аз тарафи Дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон дар ҳамбастагӣ бо ёрии таъҷилии беморхонаи марказӣ, ШВКД дар ноҳия ва хадамоти оташнишонии ноҳия бо таври амалӣ ба иштирокчиён намоиш дода шуда, бори дигар омодагии ҳайати шахси ва қувваю воситаҳои шуъба ба таври амалӣ санҷида шуд. Дар машқи мазкур зиёда 70 – нафар иштирок намуданд ва 4-адад нақлиёт истифода шуд.

   Рӯзи 31 июли соли 2019 соати 17:00 дақиқа ҳайати иштирокчиёни машқ бо бонги ҷамъшавӣ дар толори маҷлисгоҳи шуъба ҷамъ омада, амали онҳо аз рӯи супоришномаҳои додашуда таҳлил карда, Роҳбари машқи  махсуси тактики  мудофиаи гражданӣ Сардори шуъбаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон дар ноҳия  капитан  Қуватзода Д.Қ камбудию  мувафақиятҳои ҷойдоштаро  қайд намуда, машқро ҷамъбаст намуд.

Аксҳо аз рафти машқи  махсус:

IMG_8154-2.jpg  IMG_8176-2.jpg

IMG_8185-2.jpg  IMG_8142-2.jpg

        

Сардори шуъбаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои

фавқулодда ва мудофиаи граждании

вилояти Хатлон дар ноҳияи  Кӯшониён

капитан Қуватзода Д.Қ

Миёна: 4 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

-----------------------------------------------

Шахси масъули сомона: Муҳаммад Шарипов

Тел: (+992) 917-97-25-25

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.