Ба ифтихори 28 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон (Истиқлолият - рамзи Ватандорист)

   Истиқлолият  муқадастарину азизтарин неъмат, рукни  асосии  давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ, кафолати хонаи ободу сари баланд ва неруи  таконбахши ҳаёти ҳаррӯзаи мардуми шарифи  Тоҷикистон мебошад.

   Даврони истиқлолият барои Тоҷикистони озоду демократӣ ва ҳуқуқбунёд марҳилаи ибтикороти таърихӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти моддиву маънавист. Ин марҳилаи сарнавиштсоз дар ҳаёти халқу кишвари мо аз ҷустуҷуи  роҳҳои рушду  такомул огоз ёфта, имрӯз ба марҳилаи таъйини ҳадафҳои миллӣ  ва ормонҳои иҷтимоиву маънавӣ расидааст ва ҳам акнун пешомади  дурахшонеро  дунболагир аст.

   Дар тулии солҳои Истиқлолият  Президенти кишвар  Эмомали Рахмон на фақат мамлакатро аз буҳрони сиёсиву иқтисодӣ рахои бахшид, балки  дар назардошти замон  ва талаботи ҷомеаи нави тоҷикон ва миллатҳои дигари муқими кишвар роҳи  дурахшон  ва ояндадори рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва маънавии кишвар таъмин кард. Президент истиқлолияти воқеи ва босамари кишварро дар ҳадафҳои ватанхоҳи, миллӣ ва ормонҳои таърихсозӣ иҷтимоиву маънавӣ дида, мувофиқи талаботи замони нав – замони  ба истилоҳ ҷаҳонишави  ҳадафҳову идеалҳо ва равишҳои дарёфт ва таҳкими ин арзишҳоро ба дурусти муайян кард.

   Маҳз бо заҳматҳои шабонарӯзии  Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат  Эмомали Рахмон ин неъмати бебаҳо  ва дастоварди нодир, падидаи  ифтихорангез  ба даст омадааст.

   Аз ин ру мебояд хар як фарди тоҷик  қадру манзалати  ин  неъмати бузургу барҷаста, муқаддасу гаронарзиш будани Истиқлолиятро  дарк намуда, ба қадри ин неъмати пурарзиш бирасанд.

 

 

Воҳидова З.

Миёна: 4 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.