Ҷамъ омадани бемаънии хоинони миллат дар Варшава

         Санаи 16 сентябри соли 2019, дар шаҳри Варшаваи давлати Полша, Анҷумани солонаи САҲА ба кори худ оғоз кард. Дар ҷаласаҳои САҲА бо шумули давлатҳои аъзо вақтҳои охир гурӯҳҳои террористӣ-экстримистӣ низ роҳ меёбанд, ки ин гувоҳи духурагии сиёсати ин созмонро бозгӯ мекунад. Аз ҷумла созмонҳои зертобеъи ташкилоти террористӣ-экстримистии наҳзати исломӣ ба монанди “Паймони миллӣ”, Гурӯҳи 24 ва ғайраҳо иштирок ва баромад намуданд.

     Ба гуфти Муҳиддин Кабирӣ ва шогирдонаш гӯё Паймони миллии Тоҷикистон созмони миллӣ буда, ормонҳои миллӣ, ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандони тоҷикистонро ҳифз мекарда бошад. Шумо дар давлатҳои аврупоӣ зиндагӣ карда, чихел ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони тоҷикистонро муҳофизат мекунед? Ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон аз тарафи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ хело хуб муҳофизат карда шуда истодаанд, мардуми Тоҷикистон зарурат ба кӯмаки ҳеҷ як созмон ё гурӯҳӣ аз хориҷ идорашаванда ниёз надоранд. Муҳиддин Кабирӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин, Темур Варқи ва дигар наҳзатиёни хиёнаткор, пеш аз суханони носазоро гуфтан шумо фикр накардед, ки худи шумо чанд сол аст, ки дар ин «вазифаҳои пурмасъулият» - хиёнатпешагон ва сангпартоёни ашадии миллату давлати тоҷик ҳастед, оё шумо бӯ нагирифтаед, оё шумо дар вазифаи ишғолкардаатон ҳамчун либосе, ки шумо гуфтед, фарсуда нашудед. Шумо бо «Паймони ғайри миллӣ» таъсис додаатон дар либоси навед, не шумо ҳамон шахсоне ҳастед, ки мехоҳед боз бар сари миллати тоҷик ҷанг биоред. Мақсаду мароми ҲНИ, «Анҷумани озодандешони тоҷик» ва «Паёми миллӣ» ба миллат ва Ватан аён аст. Шумо агар сад ном тағйир кунед ҳам, ҳамон хоинони Ватан ҳастед.

 

 

 

 

Гулракат Холиқзода, мудири бахши САҲШ дар ноҳияи Кӯшониён

 

 

 

 

 

Миёна: 4 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.