Ифтитоҳи бинои маъмурии ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён

    Рӯзи 5 октябри соли равон, бахшида рӯзи забони давлатӣ бо иштироки Вализода Икромиддин Сироҷиддин, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Кӯшониён, Ќосимзода Идигул, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Махфират Хидирзода, муовини раиси вилояти Хатлон, А.Раҳмонзода раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон, А.Хонзода  роҳбари Дастгоҳи КИМ ХХДТ, бинои нави ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён дар вазъияти тантанавӣ ва идона ба истифода дода шуд. Ҳамзамон Вализода Икромиддин Сироҷиддин, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Кӯшониён ва дигар меҳмонони олиқадр, ба ифтитоҳ додани бинои ҳизб ва ба Рӯзи забони давлатӣ, табрикоти худро ба кулли ҷамъомадагон расониданд.

          Дар чорабинӣ тамоми сокинони ноҳия, роҳбарони ташкилоту идораҳо, аъзоёни ҲХДТ дар ноҳия, ки зиёда аз 5000 нафар ҷамъ омада буд,  иштирок намуданд. Пеш аз оғози кушодашавии бинои ҳизб, намоиши дастовардҳои ҳунарӣ, маҳсулоти корхонаҳои саноатӣ ва кишоварзони ноҳия ба марази тамошо гузошта шуда буд, ки аз тарафи меҳмонон баҳои баланд дода шуд.

   Баъд аз истифода додани бинои ҳизб, меҳмонониолиқадр, ба макони баргузории чорабинӣ гузашта, гулдастаи фарҳангиро бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ тамошо намуданд.  Дар фарҷоми чорабинӣ, гулдастаи зебо аз номи Вализода Икромиддин Сироҷиддин, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Кӯшониён, ба аҳли ҳунар тақдим гардид.

Аксҳо аз рафти чорабинӣ:

IMG_8497.jpg IMG_8502.jpg

IMG_8507.jpg IMG_8508.jpg

IMG_8514.jpg IMG_8548.jpg

 

Кӯшониён

Миёна: 4 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.