Ман Ватанро беш аз ҳарвақта дорам дӯсттар

       Вақте, ки вожаи «ватанро» мо бо забон меорем, ҷой ва маконе пеши назарамон ҳувайдо мегардад, ки он ҷо чашм ба олами ҳастӣ  боз намуда,  дар оғӯши ханда бавоя расидаем. Ватан ҷойгоҳи муқаддаси ҳар яки мост. То рамақ дар вуҷудамон ҳаст, то қалбамон метапад, ёд аз ватан, ёд аз меҳан кунему шаб то ба саҳар  баҳри ободиву рушди он заҳмат  бикашем...

       Имрӯз дар ин олами пуртазод мо шоҳиди онем, ки ҳизбу ҳаракатҳзои ифиродгаро, террористиву-экстремистӣ ба амният  ва суботу  оромиши кишварамон таҳдид эҷод намуда, арзишҳои милливу фарҳангӣ, таърихӣ ва дунявиамонро нодида гирифта истодаанд. Ба ҳамагон маълум аст, ки  айни замон чунин гурӯҳҳои бо номи мухолиф  дар хориҷи кишварамон ва маҳз бо пуштибонии  хоҷаҳони  хориҷиашон даст ба ин  аъмоли ноҷавонмардона мезананд. Аммо ҳеҷ гоҳ онҳо  ба ин мақсадҳои нопоки худ намерасанд.

       Сол ба сол дар ҷаҳон  пурошӯб баҳсу талошҳои идеологӣ марҳила ба марҳила  вусъат меёбанд. Аз ин рӯ, ҳар як миллату давлат нисбат ба ҳифзи маърифатҳои  миллии худ талош меварзанд. Дар ин замина  Тоҷикистони азизи мо  арзишҳои миллӣ саъй менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад, барои ҳар як инсон шароити зиндагии  мусоиду арзанда  фароҳам овардааст. Ин матлаб дар оғози матни Конситутсияи кишвар дарҷ гардида, асоси идеологияи  давлати миллии моро ташкил медиҳад. Вале имрӯз дар ҷомеаи мо  ҳизбу ҳаракатҳое  вуҷуд доранд, ки ин матлабро сарфи назар карда, мехоҳанд бо осонӣ  тавассути чарбзабонӣ  бо зикри камбудиву  мушкилоти ҳаёти  аҳли ҷомеа ва интиқоди  фаъолияти  мақомоти  давлатӣ таваҷҷуҳи тардумро ба сӯйи  худ ҷалб намоянд. Аз ҷумла ТТЭ ҲНИ дар симои роҳбарону  намояндагони  фаъоли худ ин роҳи  боз ҳам  содатарро идома диҳад. Таҳлилу баррасиҳои  ҷомеашиносон исботи онанд, ки ТТЭ ҲНИ бо наздикшавии  чорабиниҳои муҳими  сиёсӣ пайи амалӣ намудани  ҳадафҳои  гуногуни нопоки хеш талош меварзанд.махсусан, роҳбарияти ҳизби мазкур бо ҳар восита «исбот» мекунад, ки  он гӯё бегуноҳ аст. Вале мардуми бофарҳанги  тоҷик хуб медонад, ки касе ба нафъи  марду кори нек  анҷом медиҳад, эҳтиёҷ ба таблиғу ташвиқ надоранд, зеро харқ  доварудастгири онҳост.

       Ба наздики дар расонаҳои  иттилоотии кишвар мақолаи «Ҷомеаи ҷаҳонӣ ҲНИ-ро ташкилоти террористӣ-экстромистӣ эътироф  кардааст»-ро («Минбари халқ», 27.11.2019, №48-1237) мутолиа намудам. Дар он ҷо  бо далелҳои  амиқ ва муътамад директори институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон Муъмин Назар дафтари аъмоли  ин ҳизби  сиёсии  дар кишвар фаъолияташ  мамнуъшударо чапагардон намудааст. Аз ҷумла дар он мақола  омадааст:

       «Аз соли  2016 то соли 2018 сарпарастони  хориҷӣ  барои эҳтиёҷоти  роҳбарияти  ҲНИ  без аз се миллион долар ҷудо кардаанд. Ин маблағҳо  ҳангуфт барои пешбурди  кори иттилоотӣ, дастгирии молиявии  тарафдорон ташвиқотчиёни ҳизб истифода  мешуданд. Моҳи марти соли 2015 дар ҷаласаи  пинҳонӣ дар Душанбе  бо иштироки раиси ҲНИ  М.Кабирӣ, аъзои шӯрои олии  ҳизб,  муовини раиси мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон А.Назарзода ва аъзои фармондеҳони саҳроӣ оид ба  омодагии мусаллаҳ бар зидди ҳокимияти конститутсионӣ мувофиқа  ба даст омад... хадамоти махсуси  хориҷӣ  барои амалӣ намудани  ин нақшаҳои  ҷиноӣ   маблағҳои зиёд интиқол дода буданд. Таҳти назорату  роҳбарии бевоситаи раиси ҲНи М.Кабирӣ зиёда аз 20-гурӯҳӣ  мусаллаҳ ташкил гардида,  ба А.Назарзода 1 миллиону 200 ҳазор доллар  дода шуд. Ба хотири ҳарчи зудтар омода намудани  исёни мусаллаҳона  ва забт кардани  қудрат ҲНИ аз чизе рӯй намегардонад»(«Минбари халқ», 27.11.2019, №48-1237)

       Чи тавре, ки ба мо рӯшан аст, дар қатори дигар  ташкилотҳои байналмилалии террористӣ ҲНИ кӯшиши ҷалби  ҷавононро  ба сафи худ  идома медиҳад, ки ин амнияти миллӣ ва минтақавиро зери хатари ҷиддӣ қарор медиҳад. Имрӯз дар марзи Афғонистон, ба ғайр аз Толибон ва ДОИШ ,  боз дигар созмонҳои байналмилалии террористӣ чун ҲНИ  мавҷуданд, ки  ҳадафи асосии  ҳамлаи онҳо кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад.

       Бинобар ин, сокинони кашварро зарур аст, ки аз имконияту шароити  фароҳами имрӯза пурра  истифода бурда,  саҳми арзандаи хешро  дар ҷомеаи навини  тоҷик гузоранд.

       Читавре, ки Сарвари давлат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид  менамоянд: “Зиракиву ҳушёрии  сиёсиашонро ҳар як фарди  ватанхоҳ аз даст надиҳанд, оқибати анҷоми онро  андеша намоянд”.

       Ватани биҳиштосои мо  модари муқаддаси кули сокинони  ӯянд. Мо  ин Ватанро  чун гаҳвараки чашм  ҳифз кунем ва чи тавре, ки Лоҳути бузург фармудааст:

Бародарон,  ба модари Ватан вафо кунем,

Агар ки  сар талаб кунад,  ба вай фидо кунем.

       Мо, ки омӯзгорем ва дар ҳар як соату дарс ва машғулиятҳои хеш шогирдони худро  талқин менамоем, ки аз тарси ҷон ва фирефта  шудан ба пулу моли аҷнобиён ватанфурӯшӣ накунанд, сирру асрори  меҳани азизи  худро дар қалбашон маҳфуз нигоҳ  доранд ва ба ҳеҷ кас ифшо насозанд:

Мафрӯш обрӯйи Ватанро зи тарси ҷон,

Номи абад ба ҳиммати мардӣ харид кун.

Гуфтааст, шоири шаҳир ва ташвиқгари  Ватан устод Абулқосим Лоҳутӣ.

       Ман итминони комил дорам, ки баору номуси тоҷик  дигар ба ҳарфҳои пучу беасоси  назҳатҳо ҳеҷ гоҳ  гӯш надода, барои ободӣ ва шукуфонии Меҳани азизамон дар якҷоягӣ заҳмат  мекашанд ва насли нави ҷавонро  дар риояи содиқ будан  ба дастовардҳои  Ватан тарбияи менамоянд.

 

Директори МТМУ №1-и ноҳияи Кӯшониён

Матлуба Раҳимова

Миёна: 3.7 (3 votes)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.