КӮШОНИЁН: БАРГУЗОРИИ СЕМИНАР-МАШВАРАТИ ВИЛОЯТӢ, ОИД БА ТАҲКИМИ БЕХАТАРӢ АЗ СӮХТОР ҲАНГОМИ ҶАМЪОВАРИИ ЗИРОАТҲОИ ҒАЛЛАДОНА

    Санаи 13 июни соли равон, таҳти Раёсати Вализода Икромиддин Сироҷиддин, раиси ноҳия, И.Солеҳзода, сардори Раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон, С.Султонзода, сардори Раёсати Хадамоти давлатӣ оташнишонии вилояти Хатлон, С.Аминҷонов, мудири шуъбаи ҳуқуқи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва бо иштироки сардорони Хадамоти оташнишонӣ ва муовинони сардорони ШВКД шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, «Семинар-машварат оид ба таҳкими бехатарӣ аз сӯхтор ҳангоми ҷамъоварии зироатҳои ғаладона, хӯроки дурушти чорво ва ҳамоҳангсозии қувваю воситаҳои мақомоти корҳои дохилӣ ҳангоми сарзадани сӯхтор» баргузор гардид. Сараввал Вализода Икромиддин Сироҷиддин аҳли Раёсат ва тамоми иштирокчиёни ҷамъомадро ба ноҳияи Кӯшониён хайрамақдам гуфта, сухани ифтитоҳиро ба И.Солеҳзода, сардори РВКД дар вилояти Хатлон доданд. Дар суханронии худ И.Солеҳзода миннатдории хешро барои ташкили шароити мусоиди корӣ ба роҳбарияти ноҳия баён намуда, мақсад аз баргузории семинари мазкурро арзёбӣ намуда, қайд намуданд, ки дар ин шабурӯз бояд тамоми кӯшишу ғайрати сохторҳои марбутаро баҳри беталаф ҷамъоварии ғалла ва маҳсулоти ғалладонагӣ равона намоем. Кормандони ШВКД-и шаҳру ноҳияҳо ҳамкориро бо кормандони ХДО-и шаҳру ноҳияҳо зич ба роҳ монда, корҳои фаҳмондадиҳӣ ва назорати бехатарӣаз сӯхторро бештар ба роҳ монанд, қайд намуд И.Солеҳзода. Хамзамон дар кори семинар ҳисоботи кории С.Султонзода, Сардори Хадамоти давлатии оташнишонӣдар вилояти Хатлон, оид ба корҳои то ин дам ба анҷом расонида шуда, шунида шуд. Қайд гардид, ки баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, ки 30 майи соли равон вобаста ба вазъи имрӯзаи ҷаҳонӣ, таҳкими амнияти озуқавории мамлакат ва беталаф ҷамъоварии зироатҳои ғалладонагӣ ва хӯроки дурушти чорво, зимни вохӯри бо раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят ва фаъолон,баргузор гардида буд, ҷиҳати иҷрои ин дастуру супоришҳо кормандони ХДО-и шаҳру ноҳияҳои вилоят, бо мақсади пешгирии сарзадани сӯхтор ҳангоми ҷамъоварии ғалла, бо ҷалби 2565 нафар шаҳрвандон, хоҷагидорони ғаллакор ва ронандагону механизаторон вохӯриҳо баргузор намудаанд, қайд намуд, С.Султонзода. Дар рафти кори ҷамъомад, аз тарафи Раёсат пурсиши як қатор кормандони ХДО ва ШВКД-и шаҳру ноҳияҳо ба миён омада, баҳри бартараф намудани камбудию норасоиҳо, дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд. Дар фарҷоми семинар-машварат, ба иштирокчиён асбобу лавозимотҳои зидди сӯхтор, ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, аз тарафи масъулини соҳа муарифӣ гардид, ки аз тарафи роҳбарияти РВКД ва ХДО-и вилоят баҳои баланд дода шуд.

Аксҳо аз рафти семинар-машварат:

2.2_27.jpg 

5.5_13.jpg 

6.6_6.jpg 

7.7_4.jpg 

8.8_2.jpg 

 

 

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

-----------------------------------------------

Шахси масъули сомона:

Мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Кӯшониён

Муҳаммад Шарипов

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.