САДДИ РОҲИ ИФРОТГАРОӢ ҲАСТЕМ!

    Имрӯзҳо Тоҷикистони азизи мо дар арафаи ҷашни 23-юмин солгарди Ваҳдати миллӣ қарор дорад. Мардуми сарбаланди тоҷик, таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлоли ба дастовардҳои бузурги миллӣ ноил гардиданд. Ваҳдати миллӣ мардуми тоҷикро сарҷамъу муттаҳид намуда, сулҳу суббот дар кишвари азизамон танинандоз гардид. Мутаасифона тарафдорони ташкилоти террористӣ-экстремистии ҲН ва дигар гурӯҳҳои иртиҷо ва хоинони миллати тоҷик, тариқи сомонаҳои интернетӣ аз кишварҳои аврупоӣ бо дурӯғу буҳтонҳои ғаразнок пайваста баромад намуда, ба оромиву осудагии ҷомеаи кишварамон халал ворид месозанд. Наҳзатиҳо аз солҳои нахустини истиқлолият борҳо бо муборизаҳои пинҳонию ошкоро кӯшишу талош меварзанд, ки дар кишварамон табаддулот ворид намуда, соҳиби давлату сохтори сиёсии динӣ гарданд. Онҳо барои расидан ба ин ҳадафу мақсадҳои муғризонаи худ бо ҳазору як роҳ махсусан, ҷавононро мағзшӯӣ карда, мехоҳанд сафи худро афзуда, шумораи онҳоеро, ки зидди ҷомеаи соҳибистиқдоли мо санги маломат мезананд, зиёд намоянд. Роҳбарону масъулони ТЭТ ҲН бо чеҳраҳои нопоку хоинонаи худ бори дигар соли 2015 бо саркардагии Абдуҳалим Назарзода - муовини Вазири дифои кишвар хостанд, ки табаддулоти давлатӣ намоянд ва сари қудрат оянд. Вале ин гуруҳи ҷиноятпеша ҳадафҳои худро амалй карда натавониста, шикаст хӯрданду бори дигар нокому оҷизу нотавон гаштанд. Оре, касе ки бо дилу нияти бад кору пайкор дорад, зуд сари хеш мехӯрад. Ҳоҷӣ Ҳалим, Муњиддин Кабирӣ, Гуруҳи 24 ва пайравони онҳо натавонистанд, ки нақшаҳои тарҳрезишудаашонро амалӣ созанд, тири онҳо хок хӯрд. Мардуми кишвари соҳибистиқлоламон басе ватандӯсту фидокор, меҳанпараст ва далеру шуҷоанд, ки бо хӯшёриву зиракии сиёсй онҳо ҳадафҳои муғризонаи нобакорони наҳзатӣ фавран фош гардида, хоинони миллат саркӯбу несту нобуд карда шуданд. Саркардагони фитнаангезу тарсончак гӯё илоҷи воқеаро пеш аз вуқуъ ҳис карда буданд, ки рӯ ба гурез ниҳода, дар хориҷа то имрӯз фирорӣ гаштаанд.

    Нақшаву ҳадафҳои ғаразноку таъсиси давлати исломӣ, ки мақсаду мароми ин ҳизб аст, ҳеч гоҳ амалӣ нахоҳанд шуд. Мардум ҳеч вақт ба сафсатаю ваъдаҳои дурӯғин ва макру фиреби онҳо бовар надоранд. Маҳз, бо ҳадафҳои ғаразноки онҳо 150 ҳазор нафар дар ҷанги шаҳрвандӣ кушта шуданд, вале саркардагону роҳбарони ҷанги бародаркуш офату фоҷеаи фирориёни ТЭТ ҲН дар хориҷа назди хоҷагони сармоягузори худ иқомат дошта, ҷон ба саломат бурданд. Мардуми бечора азобу уқубати зиёдеро паси сар карданд. Наҳзатиҳо сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ, пешрафту нумуъ, дастовардҳои миллат ва бунёдкориҳои кишварамонро нодида гирифта, рашку ҳасад мебаранд, бо ҳар роҳу восита мехоҳанд халал эҷод намоянд, авзои ҷомеаро ноором созанд ва аз худ дарак диҳанд. Роҳбарону масъулони ТЭТ ҲН, ки бо маблағҳои бедардимиёни хоҷагони хориҷиашон ба таври худ «кору фаъолият» доранд, боре андешида бошанд, ки худ хоинанду ватанфурӯш, террористу экстремист буда, зидди Ватани аҷдодии худ тухми душманӣ мекоранд. Барои онҳо давлат, миллат, мазҳаб, Ватан, ваҳдат ва сулҳу оромӣ ҳеҷ арзише надорад. Онҳо танҳо барои манфиати худ, ноором кардани вазъи сиёсӣ, ҷалби шаҳрвандон ба корҳои ифротӣ ва содир намудани ҷинояту куштор кӯшиш доранд. Мардуми тоҷик хуб медонад, ки замони ҷанги шаҳрвандӣ шабеҳи Ироқу Сурия, Яману Афғонистон гардида буданд. Ҳадафу мақсадҳои наҳзатиҳо бо роҳи зӯрӣ, фишор ва қатлу куштор таъсис додани давлати исломӣ буд. Дар натиҷаи ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ беш аз 1 миллион нафар мардуми осоишта фирорӣ гардида, ба азобу уқубатҳои гӯшношунид гирифтор шуданд.

    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 4 майи соли 2018 дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез» аз ҷумла қайд намуданд, ки «Фидокориву мардонагии халқи тоҷик дар ҳимояи марзу бум ва арзишҳои фарҳангу тамаддуни қадимаи хеш, ифодаи қавии мардуми мо ба сулҳу суббот ва созандагиву бунёдкорӣ боис гардид, ки пеши роҳи амалҳои террористону ифротгароёни дохиливу хориҷӣ дар кишвари тозаистиқлоли мо гирифта шавад». Дар ҳақиқат мардуми мо сулҳу ваҳдати миллиро дар кишварамон чун гавҳараки чашм аз ҳама гуна ғаразу туҳмат ва омилҳои номатлуб муҳофизат менамояд. Ҳамаи неруҳои ҷомеаи имрӯза баҳри он саъю талош доранд, ки бо ҳар роҳу восита, бо ҳисси баланди ватандӯстию меҳанпарастӣ ва худшиносию худогоҳии миллӣ Ватанамонро аз хатари таҳдидҳои ифротгароёна ҳимоя намоянд.

“Кӯшониён”

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

-----------------------------------------------

Шахси масъули сомона:

Мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Кӯшониён

Муҳаммад Шарипов

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.