Муроҷиатномаи Шуъбаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон дар ноҳияи Кӯшониён вобаста ба оғози мавсими оббозӣ шаҳрвандон ва меҳмонони ноҳия

     Имрӯзҳо бо гарм шудани ҳаво ва оғоз гардидани мавсими оббозӣ талаботи мардум ба обу оббозӣ рӯз аз рӯз зиёд мегардад. Аз дигар минтақаҳои Ҷумҳурӣ низ бо ин мақсад меҳмонон ба шаҳр ташриф меоранд. Албатта обутоби бадан ва оббозӣ барои саломатии инсон, баланд гардидани фаъолияти руҳию ҷисмонии он фоидаовар мебошад, вале бояд фаромуш накунем, ки об дар баробари фоиданок будан, боз фалокатовар низ ҳаст. Ҳодисаҳои солҳои охирро ба ёд оварда мебинем, ки ҳар сол дар мавсими оббозӣ даҳҳо нафар ҷони худро аз даст дода, пайвандону наздиконашонро дар ғаму андуҳи якумра гузоштаанд. Мутаасифона аксарияти онҳо ҷавонону наврасон буда, аз сабаби надонистани қоидаҳои оддитарини оббозӣ ғарқ шуданд. Барои такрор нашудани чунин ҳолатҳо ва ба ғаму мусибат мубтало накардани волидайн ба Шумо шаҳрвандон ва меҳмонони ноҳия муроҷиат менамоям:

      Ҳангоми оббозӣ дар кул баҳр ва дарёҳҳои ноҳия талаботи бехатариро пурра риоя намоед. Дар ҷойҳои манъшуда ва барои оббозӣ хавфнок ба даруни об надароед. Танҳо дар ҷойҳое оббозӣ намоед, ки бехатарии Шумо кафолат дода мешавад. Дар обутобгоҳҳо ва соҳилҳое истироҳат намоед, ки бо наҷотдиҳанда ва воситаҳои наҷотдиҳанда таъмин бошанд. Агар оббозӣ карда наметавонед, кушиши ба дарё даромадан накунед. Ҳангоми оббозӣ дар ҷойҳои бароятон ношинос ҳатман аз воситаҳои эҳтиётӣ истифода баред. Зеро муддати ғарқшавӣ ниҳоят кӯтоҳ буда, то расидани наҷотдиҳандагон эҳтимолияти ҳалок шудан имконпазир мебошад. Фаромӯш накунед, ки Шуморо дар хона волидайн, фарзандон ва ёру дустонатон интизоранд. Агар бо аҳли оила ба соҳил меравед, ҳатман ба кӯдакон тартиби рафторро омӯзонед ва онҳоро лаҳзае беназорат нагузоред. Ҳангоми оббозӣ дар пахлуяшон бошед ва то аз об баромаданаш онҳоро роҳбаладӣ кунед. Агар шоҳиди ҳолати ғарқшавӣ шудеду оббозӣ карда наметавонед, барои наҷот додан кушиш накунед, балки дигаронро ба ёрӣ даъват намоед. Инчунин он нафароне, ки бо мақсади худкушӣ худро ба дарё мепартоянд, андеша намоед, аҳли солимро идора кунед, охир ин роҳи наҷот шуда наметавонад. Бо чунин рафтор наздикону пайвандонатонро як умр ба мусибат гирифтор накунед. Нагузоред волидайнатон пеши дигарон шармсору сархам шаванд. Зиндагӣ ҳамеша якранг нест ва он мушкилоти Шумо рузе хал мешаваду зиндагии хуш насибатон мегардад. ҳангоми шоҳиди ҳолати ғарқшавӣ шудед, фавран бо рақами (8-32-45)-2-15-88 ва (93)-880-28-99 дар тамос шавед. Мо дар якҷоягӣ амал намуда, метавонем пеши роҳи ҳодисаҳои нохушро гирем.

Сардори шуъбаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои

фавқулодда ва мудофиаи граждании

вилояти Хатлон дар ноҳияи Кӯшониён

капитан Қуватзода Д. Қ.

 

 

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

-----------------------------------------------

Шахси масъули сомона:

Мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Кӯшониён

Муҳаммад Шарипов

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.