Ваҳдат- мароми мо модарон аст!

Шукронаи нони Ватану номи Ватан,

Шукронаи субҳи Ватану шоми Ватан.

Шукронаи ҳар нафас, ки бо ӯ бикашам,

Шукронаи моҳи гӯшаи боми Ватан.

 

       Ҳар лаҳзае, ки сухан аз боби Ваҳдат меравад, бешак суханрониҳои Сарвари давлат, поягузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба гӯш садо медиҳад - «Ман ба шумо сулҳ меорам!»

       Дар баробари ба Истиқлолият расидани давлати Тоҷикистон солҳои 92-и асри гузашта, хатари дигаре  ба сари мардуми тоҷик омад. Хатари аз харитаи ҷаҳон нест гардидани давлати тозабунёди Тоҷикистон ба миллати мо таҳдид мекард. Дар он даврони ниҳоят ҳассос, ки бародар хуни бародар мерехт, барои мо- мардуми тоҷик муҳимтар аз ҳама нигоҳ доштани якпорчагии Тоҷикистон ва сулҳу оромии он зарур буд. Дар он лаҳзаҳо вазнинтарин бор бар души модарон буд, ки ҷигарбандонашонро аз даст медоданд. Маҳз бо кӯшишу талошҳои роҳбари ҷавону навтаъингардидаи онвақта,  Тоҷикистон  тавонист худро аз вартаи нестшавӣ нигоҳ дорад.        

        Ваҳдати миллӣ- Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки маҳз бо ташаббуси Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расидааст, дар таърихи миллати тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт гардида, абадӣ мемонад. Бемуббот Эмомалӣ Раҳмон меъмори сулҳу ваҳдати тоҷикон ҳаст ва мемонад. 

      Дар ин роҳи пурпечу тоб ва расидан ба сулҳу ризоияти миллӣ саҳми занон низ  назаррас аст. Дар ин раванд бо иродаву матонати мардонагӣ дар паҳлӯи Президенти мамлакат занон низ дар ба даст овардани сулҳи тоҷикон саҳмгузорӣ намуда, дар вазниниҳо  истодагарӣ намуданд, ки Адолат Раҳмонова, Гулафзо Савриддинова, Бозгул Додхудоева, Рафиқа Мусоева  аз қабили ин гуна бонувон ба шумор мераванд. Ин модарони тоҷик дар равандҳои музокироту муросои миллии ҳамон давра ширкат намуда, бо оилаҳо суҳбатҳоро ташкил намуданд ва ба ҳадаф расиданд.

       Имрӯз мо- мардуми кишвар  аз шаҳди ваҳдат ком ширин намуда, вазифадор ҳастем, ки дар пойдор нигоҳ доштани ин пирӯзӣ ҳама кӯшишу ғайратамонро равона созем. Ҳар як фарди тоҷик, бахусус ҳар як ҷавон мактаби ватандӯстиву хештаншиносӣ, далериву ғаюрӣ, матонату ҷасурӣ ва фидоии ин давлату ин миллат буданро аз Сарвари давлат, Президенти мамлакат бояд омӯзанд, ва дар омӯхтани он модарон метавонанд роҳнамо бошанд.

    Сулҳу ваҳдат ва якдилии тоҷикон, ки бо душвориҳои зиёд ба даст омадааст, бигузор поянда бошад. Дарахти меваҳои ваҳдат ҳамеша пурбор бошад. Фарорасии ҷашни Ваҳдати миллиро ба ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ шодбош мегӯям!

Шукронаи ҳар хонаи ободи Ватан,

Шукронаи ҳар тифлаки дилшоди Ватан.

Шукронаи ҳар чеҳраи хурсанди Ватан,

Шукронаи ҳар фарди хирадманди Ватан.

 

Мудири бахши кор бо занон ва оилаи ноҳия

                                                                           Муслима Раҳмонова

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

-----------------------------------------------

Шахси масъули сомона:

Мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Кӯшониён

Муҳаммад Шарипов

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.