Бигзор хуршеди сулҳу Ваҳдат ҷовидон бод!

     Имсол аз имзои созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон 23 сол сипарӣ шуд. Расидан ба ваҳдати миллӣ, пеш аз ҳама, аз муттаҳидӣ ва боло гирифтани ақлу хиради солим гувоҳӣ медод. Яъне, иттиҳодӣ ва афкори сулҳхоҳонаи халқ буд, ки тоҷикон ба хотири пойдор мондани миллат ба муноқишаҳои дохилӣ хотима бахшиданд ва кинаву кудуратро аз дилҳо дур карданд. Миллат бо гузоштани пойдевори сулҳ ба марҳилаи нави таърихӣ ворид шуд.

      Бо шарофату талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27 июни соли 1997 санаде ба тавсиб расид, ки рамзи ваҳдати миллӣ ҳамбастагии кулли Тоҷикистониён буда аз сулҳу оштӣ ва ҳамбастагию ҳамгирои тамоми қишрҳои ҷомеа ба ҷаҳониён башорат дод. Бо пайки сулҳи дер интизор, шурӯъ аз имрӯзи фархунда гурӯҳҳои мухолиф силоҳҳоро аз даст ба замин гузошта онро, бо олоти меҳнати созанда иваз намудан, дар кишвари мо иқдоми созандагӣ боло гирифт ва халқи дар давоми ҷанги бародаркуш азиятдидаи тоҷик нафаси осуда кашид. Кулли мардум бо илҳоми саршор барои барқарор намудани кишвари хароб гашта ва ватанро аз сари нав обод намуд. Сол аз сол кишварамон ободу зебо гардида, сатҳи зиндагии мардум хуб мегардад. Ба ҳар як шаҳрванд айё наст, ки бо ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муазами мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чӣ қадар иншоотҳои бузургу пуриқтидор,  роҳҳои васею мунфарши аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва байналхалқидошта  ба истифода дода шудаанд.  Инҳо нахустмеваҳои даврони Истиқлолиятанд. Агар пешравӣ  ҳамин тавр  идома ёбад, яқинаст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар қатори давлатҳои пешрафта ҷои худро меёбад.

         Имрӯз авзои сайёра ба ҳамагон маълум аст. Дар ноором сохтани суботи давлатҳои соҳибистиқлол бештар таъсири гуруҳҳои террористиву экстремистӣ ва ё кишварҳои алоҳида бараъло эҳсос мешавад. Онҳо аз ҷониби доираҳои муайян ва аз номи дини мубини Ислом баромад намуда, ба бадномкунии мусалмонон мепардозанд. Ногуфта намонад, ки Терроризм ватан, забон, нажод ва дин надорад. Ин бадбахтӣ оламшумул мегардидааст, ки ба муқобили он якҷоя мубориза бурда, ба ҳамдигар кумак расонда, тадбирҳои худро мувофиқ сохтан зарур аст.

      Роҳи пурифтихоре, ки давлати соҳибистиқлоли мо дар тули 23 сол баъд аз ба даст овардани «Ваҳдати миллӣ» паймудааст, ба садсолаҳо баробар мебошад. Бинобар ин моро зарур аст, ки фарҳанги сулҳу  субботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро қадр ва ҳифз намоем. Зеро сулҳу суббот ва «Ваҳдати миллӣ» барои ҷомеаи мо дастоварди бузурги таърихи ва пеш аз ҳама заминаи асосии таҳавуллоти демократӣ мебошад. Ҳар як фарди бонангу номус ва солимфикру огоҳи ҷомеа дар хотир дошта бошад, ки маҳаки асоси афкори ҷомеаи моро сухани созандаю омузанда ташкил диҳад ва он ба манфиати халқу ватани соҳибистиқлолу тамадунофари азизи мо хизмат намояд. Ҳамчунин ҳар як фарди ҷомеа бояд дарк намояд, ки Истиқлолияти давлатӣ ва “Ваҳдати миллӣ” сутунҳои заррине мебошанд, ки давлат ва миллати моро пойдору устувор нигоҳ медоранд ва вазифаи муқаддаси ҳар яке мо бо заҳмати созанда ин пояҳои давлатии миллиамонро боз ҳам таҳким бахшем. Бигзор хуршеди сулҳу Ваҳдат ва муҳаббату бародарӣ дар фазои Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол то абад тобанда бошад. Бигзор иттиҳоди халалнопазири халқи куҳанбунёд ва сулҳпарвару тамадуннсози диёри мо ҷовидон бошад.

 

Сармутахасиси дин, танзими

анъана ва ҷашну маросим

Ҷамоати деҳоти Ориён

Ашуров Ҷамшед.

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

-----------------------------------------------

Шахси масъули сомона:

Мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Кӯшониён

Муҳаммад Шарипов

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.