Тантанаҳои ҷашни Ваҳдати миллӣ дар ноҳия

        Бахшида ба ҷашни 23-юмин солгарди  рӯзи Ваҳдати миллӣ, рӯзи 27 июни соли равон, дар асоси талаботҳои Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории COVID-19, бо риояи  масофаи нишаст дар толор  ва бо иштироки маҳдуди  роҳбарон ва кормандони ташкилоту идораҳо, сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Дар табрикоти худ С.Аҳлидинзода, муовини аввали раиси ноҳия ҳамаи сокинони ноҳияро ба  рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфта ёдовар шуд, ки “барои мардуми тоҷик Ваҳдати миллӣ ба осони ба даст наомада талошу заҳматҳои бевоситаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки кишвари зебоманзари мо соҳиби ваҳдату истиқлолият гашт.  Мо бояд шукронаи сулҳу суботи кишваро намоем ва барои пешрафти диёри азизамон ҷавонону наврасонро дар рӯҳияи ватандӯстию ватанпарварӣ тарбия намоем зеро ҷавонон ояндаи давлату миллатанд”, - афзуд вай.  Дар чорабини инчунин собиқадорони меҳнат ҷавонону наврасони ноҳия баромад намуда, шукронаи сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллатро мекунанд, ки имрӯзҳо ҷавонону нарасони даврони соҳибистиқлол имконият пайдо намуданд, ки онҳо низ дар баробари дигар ҷавонону наврасони кишварҳои абарқудрати дунё  дар донишгоҳои оли рафта таҳсили илм менамоянд.  Ҷавобан ба ин ғамхориҳои Пешвои миллатамон ҷавонону наврасони ноҳия ваъда доданд, ки бо баҳои хуб аъло таҳсил намуда, барои пешрафту ободонии диёри азизамон саҳми арзандаи хешро мегузоранд.

IMG_4288.jpg IMG_4297.jpg

 

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

-----------------------------------------------

Шахси масъули сомона:

Мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Кӯшониён

Муҳаммад Шарипов

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.