КӮШОНИЁН: БАРГУЗОРИИ НИШАСТИ МАТБУОТИИ РАИСИ НОҲИЯ

   Имрӯз бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тибқи нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, нишасти матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён дар нимсолаи аввали соли 2020 баргузор гардид. Дар нишасти матбуотӣ муовинони раиси ноҳия, роҳбарони ташкилоту идораҳо, шуъбаю бахшҳо, раисони ҷамоатҳо ва тамоми намояндагони ВАО-и вилоят ва ҷумҳурӣ иштирок намуданд. Тибқи реҷаи баргузории нишаст, сараввал ҳисоботи кории раиси ноҳия дар нимсолаи аввали соли равон шунида шуд. Зикр гардид, ки нақшаи даромадҳои буҷети ноҳияи Кӯшониён бо дар назар доштани андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 100,8 фоиз иҷро гардид. Яъне ба ҷои 24 миллиону 502 ҳазору 602 сомонии нақшаи пешбини шуда, ба буҷет 24 миллиону 693 ҳазору 242 сомонӣ ворид карда шудааст.

  Дар ҳисобот қайд гардид, ки тибқи нақша-чорабиниҳо, дар ноҳия то ҷашни 30-солагии Истиқлолият давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври умумӣ бунёди таъмиру тармими 337 адад биною иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки аз он дар соли 2018 - 31 адад, дар соли 2019 - 108 биною иншоот ва дар 6 моҳи соли 2020 - 46 адади иншоотҳои ба нақша гирифта шуда пурра сохта ба истифода дода шуданд, ки дар маҷмӯъ 185 ададро ташкил намуда 54,9 фоизи нақшаи тасдиқгардидаро ташкил менамояд. Корҳои ташвиқотию тарғиботи дар байни аҳолии ноҳия дар ин самт идома дошта дар назар аст, ки шумораи иншоотҳои ҷашнӣ боз ҳам зиёд шавад. Дар шаш моҳи сипаригаштаи соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 76 миллион 026 ҳазору 700 сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019, 5 миллион 932 ҳазору 800 сомонӣ ё 108,5 фоиз зиёд мебошад. Дар қисми дуюм баргузории нишасти матбуотӣ, пешниҳоди саволҳо ва дархосту таклифҳои намояндагони ВАО ба амал омад. Ба тамоми саволҳои додашуда аз тарафи раиси ноҳия ва тамоми масъулини ноҳия ҷавобҳои мушаххас ва қонеъкунанда гардонида шуд. Дар фарҷом намояндагони ВАО, барои дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани нишасти матбуотӣ миннатдории хешро ба раиси ноҳия баён намуданд.

22_0.jpg 33.jpg 44.jpg 55.jpg 66_0.jpg 

Миёна: 3.5 (2 votes)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

-----------------------------------------------

Шахси масъули сомона:

Мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Кӯшониён

Муҳаммад Шарипов

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.