Дар хоҷагии деҳоти «Саховат»-и ҷамоати деҳоти "Сарвати Истиқлол"-и ноҳияи Кӯшониён ба кишти такрории картошка оғоз намуданд.

      Дирӯз  дар хоҷагии деҳоти «Саховат»-и ҷамоати деҳоти "Сарвати Истиқлол"-и ноҳияи Кӯшониён семинар оид ба «Роҳҳои зиёд намудани истеҳсоли картошка дар кишти такрорӣ бо истифода аз технологияи муосир дар шароити минтақаҳои вилояти Хатлон» бо иштироки муовини Сарвазири мамлакат Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода баргузор гардид.

        Пеш аз оғози семинар меҳмонон аз замини наздиҳавлигии оилаи Ҳасановҳо дидан намуданд, ки ба маҳсули бадастовардаи онҳо аз замини наздихавлигӣ баҳои баланд доданд. Тавре, апаи Салима иттило дод оилаи онҳо аз 6 нафар иборат буда, дар ҳамбастагӣ дар замини наздиҳавлигӣ дар вақтҳои холигӣ заҳмат мекашанд, ки ба зимистони имсола омодагии хуб дида истодаанд. Айни замон зиёда аз 500-700 зарф шарбатҳои гуногун омода намудааст. Ҳамзамон донагиҳо дар зарфхои алоҳида захира намудааст, ки зимистони имсоларо пасисар мекунанд. Замини оилаи Ҳасановҳо  ҳолоҳам ғарқи ҳосил буда ва боз ба кишти такрории картошка камари ҳимат бастаанд. Дар ин баробар ҳамдеҳагони ин оила ба захираи зимистон омодагӣ дидаанд.

IMG_20200724_085529-2.jpg IMG_20200724_0855153.jpg

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

-----------------------------------------------

Шахси масъули сомона:

Мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Кӯшониён

Муҳаммад Шарипов

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.