Муҳиддин Кабирӣ – хоини миллат

     ВОКУНИШ: Рӯзҳое, ки фаромушнашаванда аст, ин ҷанги шаҳрвандӣ мебошад. Ин рӯзҳои сахте, ки ба сари миллати тоҷик омада буд, асло дигар наояд. Шахсан худи ман сокини Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод дар ҷанги шаҳрвандии солҳои 1991-1992 шавҳари худро аз даст додам. Чор кӯдаки ятимро бе падар ба воя расонидам. Имрӯз, ҳар яки фарзандонам оиладор аст. Шахсан худи ман намехоҳам, ки ин хоини Ватан Муҳиддин Кабириро ба ном ба забонам гирам. Ин душмани халқи бегуноҳ модаронро бе писар, фарзандонро бе падар, занҳоро бе шавҳар кард. Ҳазорон хуни бегуноҳро резонд. Ҳазорон кӯдакон аз падар ятим монданд. Садҳо мардуми бегуноҳро ба дигар мамлакатҳо гуреза кард. Мардуми бегуноҳро аз зиндагии орому осуда маҳрум кард. Ашки чашмони модаронро резонд. Тоҷикистони орому осударо ба як кишвари ҷангзада табдил дод. Ҳазорҳо шаҳру деҳаро валангор кард. Мардуми бегуноҳ дар Ватани худ-Тоҷикистон тинҷу ором гашту гузор карда натавонист.

      Шахси бомаърифат бояд ба сухани ин душмани миллат бовар накунад. Зиндагии орому осудаи худро ноором нагардонад. Ин хоини Ватан аз мамлакатҳои хориҷ ба сари миллати тоҷик санг зада истодааст. Кабирӣ мардуми бегуноҳи тоҷикро бо фиребу найрангҳояш ваҳшиёна ба қатл расонид. Ин наворҳоро то ҳол ба мардум нишон дода истодаанд. Мардуми аламдида ба сухани ин ватанфурӯш бовар намекунанд, лаънат мехонанд ба ин хел шахс. Чандин гурезаҳо дар мулки Афғонистон ҷон доданд. Модарони бегуноҳ дар он ҷо фарзандони худро аз даст доданд, то ҳол мардуми аламдида, дар ғами фарзандони ғарибмурдаашон ҳастанд. Бо кӯмаку дастгирии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гурезаҳо ба хонаҳои худ ба Тоҷикистони азиз баргардонида шуданд. Модаре, ки фарзандашро, кӯдаке, ки падарашро, зане, ки шавҳарашро дар ин ҷанги шаҳрвандӣ аз дасти Муҳиддин Кабирӣ гум кардааст, то ҳол фаромуш накардааст ва намекунад. Мо ватандорон фахр мекунем, ки чунин Пешво дорем. Оромиву осудагӣ ба масъулияти ҳар як сокини ватандор вобастагӣ дорад. Агар Ватан орому осуда бошад, сулҳу субот, нозу неъмат фаровон гардад, меҳру муҳаббати мардум бо якдигар зиёд мегардад.

    Ин душмани миллат қариб буд, ки Ватани мо Тоҷикистонро пароканда кунад. Одами бад ба муроду мақсад намерасад ё ин, ки гуфтаанд «Бори каҷ ба манзил намерасад». Дар ҳақиқат хизматҳои арзандаи ин марди бузургсолор Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон аст, ки мо дар Ватани биҳиштосои худ оромона кор ва фаъолият бо фарзандон зиндагӣ карда истодаем.

Сарвари мо пуштибони миллат аст,

Офтоби осмони давлат аст.

Нест бод, Кабирӣ! Ба суханони ин душмани халқ, хоини Ватан асло бовар намекунем. Мардум ба суханони пучи ин бешараф, ватанфурӯш, хиёнаткор бовар накунанд. Аз забони шоир ба фарзандони шарафманд, ҷасуру далел гуфтаниям.

Ба ҷуз меҳри Ватан ишқи дигар нест,

Ба фарзандони бонангу вафодор.

Чу шахсе бе кафан мирад ғаме нест,

Худо аз беватандорӣ нигоҳ дор.

    Ватани тинҷу ором ба ҳар як фарди мусулмони Худотарс азизу мӯътабар аст ба мисли модар. Ин меҳани худро бояд дӯст дорем. Мо сокинони Ватане, ки сол то сол симои худро дигар карда истодааст, бифахрем ва аз Пешвои худ ифтихор намоем. Ба қадри сарвари давлат бояд расид. Мо сокинони кашвар ҳамеша даст ба дуо мекунем, ки Сарвари хирадмарди миллат ҳамеша саломат бошанд ва офтоби чеҳраи хандонашон рӯи минбарҳои олам равшанӣ бахшад.

Кавракова С, омӯзгори МТМУ №3-и ноҳияи Кӯшониён

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

-----------------------------------------------

Шахси масъули сомона:

Мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Кӯшониён

Муҳаммад Шарипов

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.