Ҷаласаи ҷамъбастии тараққиёти иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Кӯшониён, дар 9 моҳи соли 2020-ум баргузор гардид

    Имрӯз, дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён, таҳти Раёсати Вализода Икромиддин Сироҷиддин, раиси ноҳияи Кӯшониён, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Собирзода Нуралӣ, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Гуландом Азимзода ва бо иштироки роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳо, роҳбарони ташкилоту идораҳо, шуъбаю бахшҳо, сарварони муассисаҳои таълимӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва кормандони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, маҷлиси ҷамъбасти тараққиёти иқтисодию иҷтимоии ноҳия, дар 9 моҳи соли 2020-ум баргузор гардид.

     Пеш аз оғози маҷлис, раиси ноҳия ба тамоми фаъолони ноҳия, миннатдории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро, баҳри дар сатҳи баланди сиёсӣ ва ташкилӣ баргузор гаштани маъракаи муҳими сиёсӣ, интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро баён намуданд. Сипас тибқи рӯзномаи маҷлиси ҷамъбастӣ, сараввал ҳисоботи муовини аввал ва муовинони раиси ноҳия, оид ба фаъолияти кории соҳаҳои вобастагардида шунида шуд. Баъд аз шунидани ҳисоботҳо, тибқи рӯзномаи маҷлис пурсиши як қатор роҳбарони ташкилоту идораҳо ба амал омада, раиси ноҳия оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва бартараф намудани камбудиҳою норасоиҳо, иҷрои нақшаи дурнамои кишти зироатҳо, сари вақт ҷамъоварии пахта, кишти тирамоҳӣ, иҷроиши қисми даромади буҷет, истеҳсоли бештари маҳсулоти саноатӣ, назорати сохтмонӣ иншоотҳои ҷашнӣ, таъмири роҳҳо, ҷамъоварии маблағҳои давлатӣ, вусъати корҳои ободонию созандагӣ, пурзур намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва дигар масъалаҳои ҳалталаб ба масъулин супоришҳои мушаххас доданд. Ҳамзамон дар кори ҷаласа муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Собирзода Нуралӣ ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Азимзода Гуландом суханронӣ намуда, бо таҳлилҳои мушаххас ба масъулин дастуру супоришҳои худро манзур намуданд. Дар фарҷоми ҷаласа ба як қатор хоҷагиҳои пахтакор аз ҷумла “Водии Заррин”, “Бобои Ҳақназар”, “Умед-88” ва “Баҳор-Б”, ки ба натиҷаҳои хуби истеҳсолӣ расида, аз аввалинҳо шуда нақшаи дурнамои ҷамъоварии пахтаро сарбаландона иҷро намуданд, бо сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва туҳфаҳои арзишманд сарфароз гардиданд. Дар охир бо дарназардошти тағйироту иловаҳо ва таклифу пешниҳодҳо қарори дахлдор қабул гардид.

“Кӯшониён”

21_4.jpg 22_4.jpg 23_3.jpg 24_2.jpg 25_0.jpg 26_2.jpg 27_1.jpg 

 

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

-----------------------------------------------

Шахси масъули сомона:

Мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Кӯшониён

Муҳаммад Шарипов

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.