Баромади собиқ раиси ҳизби мамнӯъ шудаи ТТЭ ҲН, Муҳиддин Кабириро маҳкум менамоем

     Баъди шунидани баромади М.Кабирӣ, ки дар Донишгоҳи Ҷорҷӣ ИМА сурат гирифт мехостем баъзе аз мулоҳизаҳои хешро иброз намоем. Албатта Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари демократӣ буда, он ба ҳизбҳои гуногуни қонунӣ иҷозат додааст, то ин ки озодона фаъолият намоянд. Мо бо баромадҳои собиқ раиси ҳизби мамнӯъ шудаи ТТЭ ҲН Муҳиддин Кабирӣ, ки бо муҳосибони “Тасмим” суҳбат орост, пур аз тӯҳмату бӯҳтони холи меҳисобем. “Ҷаноб”-и Муҳиддин Кабирӣ магар фаромӯш кардааст, ки саркардаи ҷанги бародаркушу таҳлилии Тоҷикистон ҳамон “Исломгароён” буданд, ки ҳангоми фаъолияти ТТЭ ҲН чӣ навгониҳо барои беҳбудии халқ чӣ корҳо ба субот расониданд?

Баъди ба имзо расидани ризоияти сулҳ ва ваҳдату ягонагӣ ба онҳо бовар карда вазифаҳои гуногунро супориданд. Лек аксарияти онҳо ба Ватан хиёнат карда мисоли охирин воқеаҳои сентябри соли 2015 бо роҳбарии ҷонишини вазири мудофиа генерал Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода ва ҳаммаслаконаш, ки ҳамаи онҳо аъзои ТТЭ ҲН буданд. Имрӯз бошад М.Кабирӣ ин хиёнаткору хоинро “женероли бошахсият буду, кӯдак набуд” гуфтааст. Интихобот маъракаест, ки ҳар ҳизб барои муваффақ шудан талошҳо менамоянд. Роҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри пешравии ҳамаҷиҳатаи сиёсиву иқтисодӣ кӯшишу ғайрат менамоянд. Тезу тунд шудани муносибат дар ҷаҳони имрӯза водор менамояд, ки шаҳрвандони кишвар баҳри сулҳу субот фаъол бошанд ва қадамҳои устувори худро гузоранд. Ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 ки аксарияти мардуми кишвар аз он азият дидаанд, таърихи на он қадар тӯлонӣ дорад ва дар ин ҷанг бисёр аз кормандони соҳаи маориф яъне муаллимон дар ҳолати паст ва душвори зиндагӣ қарор гирифтаанд.

Маҳз бо андешаҳову фаъолияти самараноки роҳбарияти Ҷумҳурӣ зиндагии омӯзгорон хеле беҳтар гардид ва устодон, ки аз сиёсати кишвар ва ҷаҳон бохабаранд кӯшиш менамоянд фаъолона сиёсати пешгирифтаи кишварро дастгирӣ намоянд. Аз чӣ сабаб бошад, ки М.Кабирӣ иштироки фаъолонаи муаллимонро дар маъракаи интихобот ҳамчун фишор ишора кардаанд, лекин ҳаминро бояд қайд намуд, ки муаллимон барои фишор овардан ба як ҳизби сиёсӣ ягон фикре ҳам надоранд.

Дар урфият гуфтаанд: “Моргазида аз арғамчини ало метарсад”. Яъне омӯзгорон барои нигоҳ доштани сулҳу субот, пешравии иқтисодиву сиёсии кишвар ҷонибдори ҳукумати кишвар буда, баҳри адолат ва озодӣ шогирдони худро таълим медиҳанд. Ва ба фикри мо устодон ҳеҷ гоҳ ба нафаре фишор намеоваранд ва тӯҳматкуниву дурӯғгуиро таълим намедиҳанд.

 

маъмурияти муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №42-и ноҳияи Кӯшониён

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.