ПАЁМИ Табрикотии раиси ноҳияи Кӯшониён, Вализода Икромиддин Сироҷиддин, бахшида ба “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 28-солагии Иҷлосияи таърихӣ.

    Чор сол қабл, 15 апрели соли 2016, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” тағйирот ворид намуд, ки тибқи он 16 ноябр дар мамлакат ҳамчун “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҷлил мегардад. Инак, мо дар ҷараёни тантанаҳои ҷашни Рӯзи Президент қарор дорем ва ман ин рӯзи саидро ба ҳамаи Шумо табрику муборакбод намуда, пеш аз ҳама тансиҳативу хонаободӣ, рӯзгори неку осоишта ва беҳтарин хушиҳои зиндагиро таманно дорам. Ин санаи муборак ба 16 ноябри соли 1994, ҳамчун рӯзи нахустини маросими савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванди мустақим дорад ва рақами 16 барои тоҷикон боз ҳам дорои аҳамияти дигари таърихист: бисту нуҳ сол муқаддам, 16 ноябри соли 1992, дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи 16 –уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазъияти барои халқу Ватани мо ниҳоят ҳассосу сарнавиштсоз баргузор гашта, дар он фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданд. Эҳтиром, гиромӣ доштан ва дар сатҳи баланди худшиносию худогоҳии миллӣ таҷлил намудани ин ҷашн аз хизматҳои мондагору ҷовидонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи эъмори давлати навини тоҷикон асос мегирад. Гиромидошти ин рӯз танҳо як ҷашн нест. Он, агар аз як тараф арҷгузорӣ ба хидматҳои беназири Пешвои миллат бошад, аз тарафи дигар, нишон додани ваҳдат ва иқтидори миллӣ, иттиҳоди мардуми кишвар дар атрофи идеяҳои созандаи сарвари худ, дарки дурусти барномаҳои роҳбари маҳбуби миллат аз тарафи мардум ва талоши дастаҷамъонаи ҳамаи мо барои амалӣ шудани ин барномаҳост.

    Таҷриба собит намудааст, ки дар шароити имрӯзаи минтақа ва ҷаҳон нақши роҳбари сиёсӣ барои миллат ва кишварҳо аҳамияти фавқулода дорад. Эътимод ба роҳбар миллатҳоро бо боварӣ ба сӯи ояндаи беҳтарин мебарад, ҷавононро барои таҳсилу талошу фаъолият дилгарм месозад ва ин гуна руҳия умумӣ суботи иҷтимоиро таъмин месозад. Имрӯзҳо мебинем, ки дар баъзе кишварҳои минтақа набудани лидери воқеан мардумӣ чӣ гуна суботи иҷтимоиро барҳам зада истодааст. Ҷашни имсолаи Рӯзи Президент боз як шукуҳӣ дигаре дорад: чунки миллати мо чанде қабл бо ҳузури пурранг ва маънодори худ дар рӯзи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, олитарин намунаи масъулиятшиносии шаҳрвандиро ба намоиш гузошт ва бо интихоби Эмомалӣ Раҳмон бо дарсади болои овозҳо, дарки дурусти вазъи имрӯзаву ояндаи кишвар ва ҷаҳонро нишон дод. Бале, миллат дурусттарин интихобро анҷом дод, ҳамон тавре, ки дар Иҷлосияи ХV1-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тариқи намояндагони худ дурусттарин ва сарнавиштсозтарин интихобро анҷом дода буд. Агар интихоби Эмомалӣ Раҳмон дар соли 1992 ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон омили барқарории сулҳу субот ва ободию пешрафтҳои имрӯзӣ бошад, интихоби дигарбораи ӯ ба сифати Президент дар соли 2020 кафили ҷаҳиши бузурги иқтисодӣ дар кишвар, боз ҳам баланд рафтани обрӯ ва нақшофарии сиёсии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва албатта, амиқтар шудани суботу оромӣ ва ваҳдати миллӣ хоҳад шуд. Зеро Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳамаи барномаҳои мукаммалли давлатиро таҳрезӣ ва тадриҷан иҷро намуданд, ки асоси онҳоро фароҳам сохтани сулҳу субот, бунёди ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд, таъмини зиндагии шоиста барои мардум, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва баланд бардоштани обрӯи кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад. Пешвои миллат ба мардуми Тоҷикистон барои иштироки фаъолона дар ин чорабинии муҳими сиёсӣ ва дастгирии номзадиашон самимона изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, бо қаноатмандию ифтихор хотирнишон сохтанд, ки ин тантанаи ваҳдату ҳамдигарфаҳмии мардуми Тоҷикистон нишонаи олии фарҳанги баланди сиёсиву мавқеи устувори шаҳрвандӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори миллии сокинони кишвар дар самти таҳкими минбаъдаи сулҳу оромӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии ҳар як хонадони Тоҷикистон мебошад. Дар ҳақиқат мо хуб дарк мекунем, ки инсон ба давлати худ танҳо дар сурате манфиатовар шуда метавонад, ки онро воқеан, ҳам бо ҳастию оромии фарзандонаш, бо зиндагии осоиштаи ҳамватанонаш, бо далерию матонати қаҳрамононаш эҳсос намояд, Ватанро бо ҳама пастиву баландии рӯзгори мардумаш, бо ҳама арзишҳои таърихию замонавиаш, бо ҳама мағлубияту музаффариятҳояш дӯст дорад, аз таҷрибаи он сабақ гирад ва вазифаю масъулияти муқаддаси худро назди насли оянда аз ёд набарорад. Бо ҳамин мақсад мо ҳамаи сокинони ноҳия барои дар амал татбиқ намудани сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон муттаҳид гардида, барои таҳкими минбаъдаи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии ҳар як сокини ноҳияи Кӯшониён кору фаъолият менамоем. Барои корҳои ободониву созандагӣ, истиқболи арзандаи ҷашни муқаддасу бузургӣ миллӣ 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони маҳбубамон вусъат бахшида бо заҳмати ақлонаву содиқонаи худ дар ободии Ватан, пешрафти давлат ва боз ҳам беҳтар гардидани некуаҳволии сокинони ноҳия саҳми ватандӯстонаи худро гузорем. Дар фарҷоми сухан бори дигар ҳамаи Шуморо бо ҷашни ин рӯзи пурифтихор яъне “Рӯзи Президент”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфта ба Шумоён ва тамоми мардуми ноҳия тани сиҳат, умри дароз, бахту иқболи баланд ва дар корҳои ояндаатон комёбиҳои беназирро орзу намуда ва гуфтаниям, ки мо сокинони ноҳияи Кӯшониён аз рӯзҳои аввал бо Пешвои миллат будем, ҳастем ва хоҳем монд.

Хадамоти матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён

Screenshot_20201115-214354_0.jpg 

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

-----------------------------------------------

Шахси масъули сомона:

Мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Кӯшониён

Муҳаммад Шарипов

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.