Кӯшониён: Тантанаҳои ҷашнӣ “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи таърихии сарнавиштсоз.

     Имрӯз, бахшида ба «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва 28-солагии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар майдони хушманзараи Парчам ва Нишони давлатӣ, бо иштироки роҳбарияти ноҳия, роҳбарон, кормандони тамоми ташкилоту идораҳои ноҳия ва беш, аз 2 ҳазор нафар ҷавонону наврасон ва сокинони ноҳия, дар даст расмҳои Пешвои муззами миллат ва шиору овезаҳое, ки ифодакунандаи ватандӯстӣ ва соҳибистиқлолии сокинони сарбаланди ноҳияро ифода менамояд, чорабинии бошукӯҳӣ идона баргузор гардид. Дар ҷамъомади тантанавӣ, сараввал Вализода Икромиддин Сироҷиддин, раиси ноҳияи Кӯшониён, бо сухани табрикотӣ чорабиниро ҳусни оғоз бахшида қайд намуданд, ки маҳз дар Иҷлосияи сарнавиштсози таърихӣ, муҳтарам Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби намояндагони мардуми кишвар ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, ҳамзамон ваколати сардори давлат ба он кас дода шуд. Ба ӯҳдаи сардори давлат таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор гардид. Вақте мардуми тоҷик паси сангарҳо қарор гирифта, муқобили ҳамдигар ҷанг мекард, касе роҳбарии кишварро ба ӯҳда гирифта наметавонист. Зеро медонистанд, ки дар шароити ҷанги бародаркуш, роҳбари давлат будан бори сангин мебошад. Маҳз дар ҳамин лаҳзаҳои барои миллат тоҷик мушкил ва тақдирсоз Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бе ягон тарсу ҳарос, бошуҷоати том ва иродаи қавӣ ин бори сангинро ба дӯши худ гирифта, дар баромади худ, дар Қасри арбоб чунин гуфта буд: “Ман тарафдори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошам” ва “Ба халқи тоҷик сулҳ меоварам» ва ба савганди худ вафо карданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ, тамоми нерӯву ғайрат ва ҳам ҳастияшро барои ояндаи дурахшони Ватан, пойдории сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва зиндагии пурсаодати халқи азизаш сарф намуд, ки имрӯзҳо халқи Тоҷикистон дар фазоӣ сулҳу оромӣ умр ба cap бурда истодаанд.

     Дар Ватане, ки мо зиндагӣ ва умр ба cap мебарем ҳар зарра хокаш муқаддас ва ҳар ваҷаб заминаш маъбади имону ихлос ва музаффариятҳои ҳар яки мову Шумо мебошад. Бояд қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар cap андешаи имрӯзу фардои нек, дар қалб розу ниёзи созандагӣ ва дар ният оромиву осудагии миллат ва зиндагии шоистаи моро мепарварад. Баъд аз табрикоти раиси ноҳия барномаи бошукӯҳӣ фарҳангӣ, боқироати шеъру суруд, дар васфи Пешвои миллат манзури тамошобинон гардонида шуд.

Хадамоти матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён

2_27.jpg 5_8.jpg 6_9.jpg 7_7.jpg 8_9.jpg 10_4.jpg 11_20.jpg 12_21.jpg 13_19.jpg 14_9.jpg 15_7.jpg 17_4.jpg 20_2.jpg 23_5.jpg 

 

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

-----------------------------------------------

Шахси масъули сомона:

Мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Кӯшониён

Муҳаммад Шарипов

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.