Кӯшониён: Баргузории чорабинии идона, ба ифтихори ҷанговарони башардӯст

Имрӯз, 13 феврали соли равон, дар Кохи фарҳанги ноҳия, бахшида ба 27- солагии Рӯзи артиши миллӣ, 32-умин солгарди баровардани қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди шӯравӣ аз Афғонистон чорабинии ботантана баргузор гардид. Сараввал бо иштироки муовини раиси ноҳия, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва собиқадорони ҷанги башардӯст ба пайкараи Асосгузори давлати тоҷикон, шоҳ Исмоили Сомонӣ гулчамбар гузошта, сипас дар толори Кохи фарҳанг, чорабинии тантанавӣ бо иштироки меҳмонон ва ҷанговарони башардӯст ва фаъолони ноҳия доир гардид. Дар табрикоти худ муовини раиси ноҳия, собиқадорони ҷанги башардӯст ва дар симои онҳо тамоми ҷанговарони башардӯсти ҷумҳуриро аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия табрик намуда, қайд намуданд, ки сол то сол бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯмакҳои моддию пулӣ ба собиқадорони ҷанги башардӯст расонида мешавад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия низ, доимо омодааст, ки ба ин шахсони ҷонфидои ватан кӯмакҳои худро расонад, қайд намуд муовини раиси ноҳия.

    Раиси Шӯрои собиқадорони ҷанговарони башардӯст, ҳангоми суханронӣ, миннатдории хешро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгириҳои бепоён ва ғамхориашон нисбати онҳо баён намуданд. Айни замон, дар ноҳия 298 нафар ҷанговарони башардӯст зиндагонӣ доранд. Дар ин рӯзҳо ҷанговарони башардӯст, инчунин ба оилаҳои ҳамхизматони худ, ки дар ин ҷанг вафот намуданд ба аёдат мераванд. Дар раванди чорабинӣ, ба як қатор собиқадорони ҷанги башардӯст, намояндагони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи ноҳия ифтихорнома ва медалҳои омодагардида, аз тарафи муовини раиси ноҳия супорида шуд. Дар фарҷоми чорабинӣ, баҳри болидахотирии иштирокчиён, аҳли ҳунари шуъбаи фарҳанги ноҳия, гулдастаи ҳунариро пешкаш намуданд.

2_61.jpg 3_70.jpg 4_43.jpg 5_37.jpg 6_35.jpg 14_17.jpg 7_30.jpg 8_28.jpg 9_20.jpg 11_36.jpg 12_36.jpg 13_30.jpg 10_17.jpg  

Хадамоти матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён

Миёна: 5 (2 votes)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

-----------------------------------------------

Шахси масъули сомона:

Мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Кӯшониён

Муҳаммад Шарипов

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.