КӮШОНИЁН:НИШАСТИ МАТБУОТИИ РАИСИ НОҲИЯ, ВАЛИЗОДА ИКРОМИДДИН СИРОҶИДДИН

    Имрӯз, бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 15 сентябри соли 2011, №1729 ва тибқи нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, нишасти матбуотии раиси ноҳия, барои соли 2020 баргузор гардид. Мақсад аз гузаронидани нишастӣ матбуотӣ ин таъмини ошкорбаёнӣ, шафоффият, оид ба рафти иҷрои қарору фармонҳо, беҳтару хубтар ба роҳ мондани сифати кор, огоҳ гардидан аз фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва пурқувват намудани робитаҳои зичи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо васоити ахбори омма мебошад. Дар нишасти матбуотӣ муовинони раиси ноҳия, роҳбарони ташкилоту идораҳо, шуъбаю бахшҳо, раисони ҷамоатҳо ва тамоми намояндагони ВАО-и вилоят ва ҷумҳурӣ иштирок намуданд. Тибқи реҷаи баргузории нишаст, сараввал ҳисоботи кории раиси ноҳия барои соли 2020-ум шунида шуд. Зикр гардид, ки нақшаи даромадҳои буҷети ноҳияи Кӯшониён бо дар назар доштани андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 100,2 фоиз иҷро гардид. Яъне ба ҷои 53 миллиону 578 ҳазору 495 сомонии нақшаи пешбини шуда, ба буҷет 53 миллиону 671 ҳазору 928 сомонӣ ворид карда шудааст. Дар соли сипаригашта дар ҳудуди ноҳия 2838 ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст, 100,1 фоизи дурнаморо ташкил медиҳад. Дар давраи ҳисоботӣҳаҷми умумии истеҳсоли маҷсулот дар ба 1 миллиарду 568 миллиону 517 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта, ба маблағи 150 миллиону 701 ҳазору 100 сомонӣ зиёд суръати афзоиш 10,6 фоизро ташкил менамояд.

    Дар ҳисобот қайд гардид, ки ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 22 майи соли 2018, № АП-1059, қарори раиси вилояти Хатлон аз 8 июни соли 2018, №140 “Дар бораи омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тибқи нақша-чорабиниҳо, дар ноҳия то ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври умумӣ бунёди таъмиру тармими 337 адад биною иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки ба ҳолати 1 январи соли 2021-ум 258 адад, яъне 76,5 фоизи нақшаи тасдиқгардидаро ташкил менамояд. Ҷиҳати вусъат бахшидан ба корҳои ободонию кабутизоркунӣ, созандагию бунёдкорӣ ва ҳолати беҳдошти маҳаллаҳои аҳолинишин дар ноҳия зиёда аз 34 ҳазору 240 бех дарахт шинонида шудааст. Дар соли сипаригашта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 278 миллиону 394 ҳазору 900 сомонӣ расонида шудааст. Аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ташкилоту идораҳо, шахсони саховатпеша ва раисони маҳал, ҷиҳати пешгирии бемории сироятии Каронавирус ва дастгирии табибон, ба корманди соҳаи тиб, дар маҷмуъ ба маблағи 1 миллиону 75 ҳазору 477 сомонӣ кӯмак расонида шудааст. Сипас раиси ноҳия ба саволҳо, таклифу пешниҳодҳои намояндагони ВАО, вобаста ба масъалаҳои гуногун посух доданд. Ба тамоми саволҳои додашуда аз тарафи раиси ноҳия ва тамоми масъулини ноҳия ҷавобҳои мушаххас ва қонеъкунанда гардонида шуд. Дар фарҷом намояндагони ВАО, барои дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани нишасти матбуотӣ, миннатдории хешро ба раиси ноҳия баён намуданд.

1_6.jpg 2_62.jpg 3_71.jpg 5_38.jpg 6_36.jpg 7_31.jpg 

Хадамоти матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

-----------------------------------------------

Шахси масъули сомона:

Мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Кӯшониён

Муҳаммад Шарипов

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.