Кӯшониён: Аёдати собиқадорони меҳнат ва ифтитоҳи маркази хизматрасонӣ

     Имрӯз, бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки Салимзода Амонулло, муовини якуми раиси вилояти Хатлон ва роҳбарияти ноҳия 3 нафар собиқадорони меҳнат, сокинони Ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳия аёдат гардиданд. Сараввал меҳмонон, дар деҳаи Хурсандӣ ба аёдати Ҳисориев Ҳасанбой, собиқадори меҳнат ворид гаштанд. Ҳисориев Ҳасанбой, дар фаъолияти пурмаҳсули меҳнатиаш аз корманди қаторӣ оғоз карда, аз соли 1991 то соли 2010-ум, дар вазифаҳои баландӣ давлатӣ адои хизмат намудааст. Заҳматҳояш бо ордени “Дӯстӣ” ва соли 2014 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо медали корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардидааст. Айни замон нафақахур мебошад. Салимзода Амонулло, муовини якуми раиси вилояти Хатлон ва роҳбарияти ноҳия бо собиқадори меҳнат сӯҳбати самимӣ намуда, аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия ба Ҳисориев Ҳасанбой кӯмакҳои моддиву пулӣ расонида шуд. Дар деҳаи Байнали ноҳия, меҳмонон собиқадори меҳнат Қаландарова Раҷабгул аёдат намуда, кӯмакҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳияро расониданд. Қаландарова Раҷабгул 60 соли собиқаи меҳнатиашро, дар собиқ колхози “Комунизм”-и ноҳия дар вазифаҳои гуногун гузаронидааст. Заҳматҳои ин модари меҳрубон ба инобат гирифташуда, бо медали “Собиқадори меҳнат” ва бо ордени “Байрақи сурхи меҳнат” қадр гардидааст. Сипас, меҳмонон дар деҳаи Гулистони ноҳия, собиқадори меҳнат Гулаҳмад Шамсиддиновро аёдат намуданд. Шамсиддинов Гулаҳмад, 54 соли умри хешро дар роҳи таълиму тарбияи насли наврас масраф намуда, то ҳол дар касби хеш содиқ мебошад. Ба устоди азиз низ, кӯмакҳои моддиву пулии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия расонида шуд. Ҳамаи собиқадорони меҳнат миннатдории худро, ба Пешвои муаззами миллат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия баён намуданд. Дар деҳаи Гулистон, меҳмонон дар иди деҳа иштирок намуда, ҳамзамон маркази хизматрасонии “Шукрулло”,-ро ки дар доираи нақша-чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст, ҳусни ифтитоҳ бахшиданд. Иншооти мазкур аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Б.Маҳмадалиев, бо тарзи баландӣ меъморию шаҳрсозӣ бунёд гардидааст. Маркази мазкур аз иншоотҳои хизматрасонии кошонаи ҳусн, сартарошхона, китобхона, чойхона, сехи дӯзандагӣ ва толори иҷораи либосҳои арӯсӣ иборат буда 15 нафар сокинони ин деҳа бо ҷойи корӣ доимӣ таъмин гардиданд. Дар ҳамин ҷо, ба як зумра пирони рӯзгори ин деҳа, аз тарафи меҳмонон тӯҳфаҳои арзишманд супорида шуда, сӯҳбати самимӣ бо сокинони ин деҳа баргузор гардид.

2_64.jpg 3_73.jpg 4_44.jpg 6_37.jpg 7_32.jpg 8_29.jpg 9_21.jpg 10_18.jpg 11_37.jpg 12_37.jpg 13_31.jpg 14_18.jpg 15_17.jpg 16_14.jpg 17_9.jpg 18_7.jpg 19_6.jpg 

Хадамоти матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён

Миёна: 3.5 (2 votes)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

-----------------------------------------------

Шахси масъули сомона:

Мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Кӯшониён

Муҳаммад Шарипов

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.