Кӯшониён: Вохӯри бо раисони маҳалл ва имомхатибони Ҷамоати деҳоти Заргар

    Бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аз 10 марти соли 2021, №141 “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии
шаҳрвандони солҳои таваллуди 1994-2003 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ”
, дар бинои Ҷамоати деҳоти Заргари ноҳия бо иштироки Д.Шукруллозода, раиси комиссияи даъват, муовини раиси ноҳия, комиссари ҳарбии ноҳия, раиси Ҷамоати деҳоти Заргар, раисони маҳал ва имомхатибони Ҷамоат вохӯрӣ доир гардид. Ҳангоми суханронӣ Д.Шукруллозода, аз ҳозирин даъват ба амал оварданд, ки ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти мамлакат тамоми чораҳои заруриро андешида, корҳои фахмондадиҳиро бо аҳолӣ дуруст ба роҳ монанд. Қайд гардид, ки ҷиҳати ҳавасмандии ҷавонони синни даъватӣ курсҳои ронандагӣ бо гирифтани ройгони Шаҳодатномаи ронандагӣ ва дигар курсҳои касбомӯзӣ ба роҳ монда шудааст, ки хоҳишмандон метавонанд ба комиссариати ҳарбӣ муроҷиат намоянд. Чунин вохӯриҳо тибқи нақша, дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия доир гардида истодаанд.

1_10.jpg 3_88.jpg 4_61.jpg 

Хадамоти матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

-----------------------------------------------

Шахси масъули сомона:

Мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Кӯшониён

Муҳаммад Шарипов

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.