Изат Амон дар расонаҳои иғвоангезон

     Вокуниш:Дар фазои шабакаҳои иҷтимоию сомонаҳои интернетӣ мавзуъи доғи руз аз тарафи тоифаҳои нопок, азҳобу ҳаракатҳои мамнуъ қазияи боздошти Изат Амонро дар минбарҳои хеш қарор додаанд. Ин тоифа дар ҷомеъи орому осоиштаи Тоҷикистони азиз, мехоҳанд тухми нифоқу ҷаҳолат корида андешаю афкори ғаразноки худро таҳмил диҳанд. Зикр кардан ба маврид аст, ки навору роликҳои Изат Амон имрӯзҳо барои гурӯҳҳои дасисабози наҳзатиҳои лошахӯрон ба таври восита мавзӯъи иғвоангез истифода шуда истодааст.  Бояд ёдовар шуд, ки то боздошташ Изат Амон дар ҷустуҷуӣ расми бо содир намудани ҷинояти қаллобӣ дар тафтишоти расми қарор дошт. Қалоби ҷинояткор ба мақсади худ нарасида бо роҳи бозҳам ғайри қонуни шаҳрвандии Федератсияи Руссияро гирифтааст. Дар ин мудат такя бо хоҷагони худ намуда, ба бовари ҷавонони муҳоҷир даромада гуё Иттиҳоди ҷавонони тоҷикро ташкил намудааст. Ба ин васила бо роҳи фиребу найранг миллионҳо маблағи пуллии муҳоҷирони меҳнатиро ба истифодаи хеш сарф кардааст. Аммо бори каҷ ҳеҷвақт ба манзил намерасад, гуфтаанд бузургони мо. Изат Амонро хушбахтона барои риоя накардани қоидаҳои буду боши Фидератсияи Россия ва дигар амалҳои номатлуб бо қарори додгоҳи шаҳри Маскав аз ин сарзамин бадарға карда шуд. Ин ношукри ҷинояткорро боз хоки муқаддаси ин сарзамини аҷдодии тоҷикон бардошт. Бинобар ин, ба саҳми бародарону ҷавонони муҳоҷири Тоҷикистони мерасонам, ки баҳар гуна фитнаи гурӯҳҳои ифротию хоинон бовар накунем, ҳушёрию зиракии сиёсии худро аз даст надиҳем, арзишгузор, созанда бошем, содиқ ба ин ватан, модар ба Пешвои муаззами миллат бошем.

Абдуғаффор Сатторов, И.в.директори МАП н Кушониён

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

-----------------------------------------------

Шахси масъули сомона:

Мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Кӯшониён

Муҳаммад Шарипов

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.