Ҷавонон бар зидди иғвоангезонанд

    ВОКУНИШ: Имрӯзҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои хабарӣ ронда шудани Иззат Амон, ки бо роҳҳои ғайриқонунӣ шаҳрвандии Россияро соҳиб гардида будааст, бо қарори додгоҳи ноҳияи Твери шаҳри Москва аз Федератсияи Россия ронда шуда, сару садоҳоро байни муҳоҷирони меҳнатӣ барангехтааст. Баъзе аз гурӯҳҳои экстремистию террористӣ, ки берун аз Ватан дар оғӯши хоҷагонашон кор ва фаъолият менамоянд, аз боздошти як қаллоб ҳангомаҳо сохта, ронда шудан ва боздошти онро ба худ як мусибате донистаанд. Албатта барои як гурӯҳе оммафиреб, бадхоҳ, зархарид боздошти як қаллоб, ки бо сӯистифода аз боварии як қатор муҳоҷирон маблағҳои онҳоро аз худ кардааст, шояд мусибат ва ҳангома бошад. Вале набояд ҳеҷ гоҳ фаромӯш кард, ки ягон қаллоб наметавонад, ки дар фикри беҳбудии дигарон бошад, зеро барои онҳо танҳо манфиати шахсии худ аз ҳама боло меистад. Ронда шудани Иззат Амон ва ҳазорон нафаре, ки қонуни як кишварро риоя намекунанд, наметавонад гуноҳи як мақомоти Тоҷикистон ва ё роҳбари он бошад, зеро маълум аст, ки ҳар нафаре қонунро риоя намекунад ё қаллобӣ менамояд, ҳатман ба ҷавобгарӣ кашида мешавад. Дар ин замина шахсоне, ки аз Иззат Амон дифоъ менамоянд, бояд аз шахсияти ӯ ва кору фаъолияти ӯ хуб огоҳӣ дошта бошанд. Махсусан муҳоҷирони меҳнатиро месазад, ки ҳушёру зирак бошанд, ба ҳар ҳаводисе, ки рух медиҳад воқеъбинона назар афкананд ва ҳеҷ гоҳ фаромӯш насозанд, ки давлат ягона пуштибон ва ғамхори онҳост.

Гулракат Холиқзода, мудири бахши САҲШ-и ноҳияи Кӯшониён

 

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

-----------------------------------------------

Шахси масъули сомона:

Мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Кӯшониён

Муҳаммад Шарипов

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.