«Ҷавонони мо дар рушди тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар саҳми бисёр арзишманд гузошта, нақши онҳо аз иштирок дар бунёди иншооти азими мамлакат то хизмати содиқона дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ – ҳифзи сарҳади давлатӣ, суботу оромии давлат ва ҳаёти осоиштаи мардуми Тоҷикистон арзандаи таҳсин ва боиси ифтихори ҳар яки мо мебошад».
Баъд аз тамошои филми «Бешарафӣ» мутахассисони бахш чунин иброз намуданд, ки душманон ва бешарафмандоне, ки дар хориҷи кишвар зиндагӣ менамоянд, ба монанди Муҳаммадиқболи Садриддин ва дигарон ба сиёсати сулҳпарваронаи кишвари мо дахолат намуда, бо роҳи иттилоот дар байни аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон нооромиҳо ва нофаҳмиҳоро амалӣ намудан мехоҳанд.
Дар асоси қарори раиси ноҳияи Кӯшониён, аз 17 декабри соли 2019, №1114 бо маблағгузории Созмони байналмиллалии ташкилоти “Каритас”-и давлати Швейтсария вобаста ба расонидани кӯмакҳои аввалиндараҷа ва кам намудани талафоти ҷонӣ аз офатҳои табиӣ аз ҳисоби заминҳои фонди махсуси ноҳия ба миқдори 1,0 га хоҷагии самти ниҳолпарварӣ дар деҳаи Навободи Ҷамоати деҳоти Навбаҳор таъсис дода шудааст.
Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун ҳуҷҷати муҳими барномавӣ, сиёсию ҳуқуқӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ буда, ифодакунандаи нуқтаи назари Сарвари давлат ба рушду таҳкими соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат арзёбӣ мегардад.
Паёми навбатии раҳнамунсозӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакатамон ба маҷлиси олӣ ироа гардид. Паём ҳамчун ҳуҷҷати муҳим ва муайянкунандаи самтҳои асосии фаъолияти бахшу соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ дониста мешавад.
Мо занону бонувон аз дастгириҳои пайвастаи Сарвари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сипосгузорӣ намуда, кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки ба бовариву эътиқоди Пешвои миллат сазовор бошем. Дастури Сарвари давлат, вобаста ба роҳандозӣ гардидани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” дастгирии навбатии занону духтарони кишвар мебошад.
Дар оғози моҳи нави соли 2021 Паёми пурмӯҳтавои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ки ҳамчун ҳуҷҷатимуҳим, дастур ва роҳнамо барои ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ маҳсуб меёбад, ба Маҷлиси олии кишвар ироа гардид. Тавваҷуҳи кули занону модарони ноҳияи Кӯшониён ба Паём равона шуда аз тасмимҳои созандаю бунёдкорона дастгирӣ ва баланд бардоштани мавқеи занон бори дигар бамо руҳу илҳоми тоза бахшид.
Pages
Суроғаи мо
вилояти Хатлон
735140 ноҳияи Кӯшониён
кӯчаи Ибни Сино 3/116
Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён
Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by
WeebPal.