ИЗҲОРОТИ Маркази матбуоти Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ

   Маркази матбуоти Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ хабар медиҳад, ки 13-уми марти соли 2019 дар минтақаи Ворухи шаҳри Исфара ҷониби Қирғизистон бар хилофи қарордодҳои дуҷониба  сохтмони роҳи «Коктош-Оқсой-Тамдиқ»-ро оғоз намуд. Ба ин иқдоми ҷониби қирғиз сокинони ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара эътироз намуданд, ки дар навбати худ ҷониби қирғиз ба тарафи сокинони ҷамоати деҳоти Ворух бо истифода аз силоҳи оташфишон тир холӣ карданд.

Миёна: 4.5 (2 votes)

Тамрини ситоди мудофиаи граждании давраи зимистона дар ноҳияи Кӯшониён

    Рӯзи 27 феврали соли 2019, соати 6 00  дар ноҳияи Кӯшониён бо мақсади иҷрои амри Сардори мудофиаи граждании ноҳия  аз 26 январи соли 2019, №1 «Дар бораи гузаронидани тамрини ситоди мудофиаи граждании давраи зимистона дар мавзӯи: «Амали ҳайати роҳбарикунанда ва қувваю воситаҳои мудофиаи граждании ноҳияи Кӯшониён ҳангоми сар задани ҳолатҳои фавқулода (Боридани боронҳои пай дар пай, баланд шудани сатҳи оби дарёи Вахш ва омадани сел) ва зери обмонии ҳудуди деҳаҳои Дӯстӣ ва Сари П

Миёна: 4 (1 овоз)

Аксияи тарбиявӣ таҳти унвони "Ало, салом, модар ман туро дӯст медорам"

   Бо ташаббуси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Кӯшониён аксияи тарбиявӣ таҳти унвони "Ало, салом, модар ман туро дӯст медорам" дар чамоати шаҳраки И. Сомонӣ ва ҷамоати деҳоти Заргар баргузор карда шуд. Дар аксияи мазкур зиёда аз 200 адад маводҳои иттилоотӣ тақсим карда шуда 100 нафар сокинони ноҳия модарони худро бо телефонҳои волонтёри Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия табрик намуданд.

Миёна: 4 (1 овоз)

Тантанаҳои ҷашни «Рӯзи модар» дар ноҳияи Кӯшониён

   Рӯзи 6 марти соли равон, бахшида ба таҷлили «Рӯзи  модар», дар толори Кохи фарҳангӣ ноҳия, бо иштироки Ҷаббори Ғаффор, раиси ноҳия, муовинони раиси ноҳия роҳбарони ташкилоту идораҳо ва бонувони гиромиқадр, чорабинии тантанавӣ баргузор  гардид.

Миёна: 4 (1 овоз)

Ҳадаф - ин пешгирии зӯроварӣ дар оила аст

   Ба хотири пешгирӣ намудани ҷудошавии оилаҳои ҷавонон, ки имрӯза ҷомеаи кишварамонро ба ташвиш овардааст ва бахшида ба рӯзи модарону занон аз ҷониби  Шӯрои ҳамоҳангсозии ҷамъиятӣ дар назди Шуъбаи вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Кӯшониён аз тарафи театри давлатии вилояти Хатлон ба номи Атто Муҳаммадҷонов саҳначаи тарбиявӣ намоиш дода шуд. Дар чорабинии мазкур аъзоёни Шӯро ва занону духтарон  иштирок  намуданд.

Миёна: 4 (1 овоз)

Баргузории семинар-машварат оид ба омодагии техникаи кишоварзӣ

   Санаи 22 феврали соли 2019, дар ду нуқтаи омодакардаи Раёсати кишоварзии ноҳия бо мақсади омодагии техникаи кишоварзӣ ба кишти баҳорӣ, семинар-машварат бо иштироки М. Сироҷов, сардори Сарраёсати кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, А. Баҳодуров, нозири техникии вилояти Хатлон, Сафар Аҳлиддинзода муовини якуми раиси ноҳия ва мутахассисони соҳаи техникӣ баргузор гардид.

Миёна: 4 (1 овоз)

Бардошт аз Паёми Пешвои миллат, оид ба пешгирии экстремизм терроризм ва ифродгароӣ

   Паёмҳои  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон, ки  таи солҳо ироа гардид, тамоми мавзӯъҳои  муҳим ҳаёти сиёсиву ҷамъиятии мардуми кишварро дар бар гирифта, таҳлил ва дастуру супоришҳои дар он зикргардида роҳи ҷомеаро барои расидан ба ҳадафҳои минбаъдаи ватансозӣ  равшан сохт. 

Миёна: 4 (1 овоз)

Pages

 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

-----------------------------------------------

Шахси масъули сомона:

Мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Кӯшониён

Муҳаммад Шарипов

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.