Афзоиш ёфтани хатару таҳдиди терроризм ба сулҳу амнияти ҷаҳон мо аҳли кормандони рӯзномаи «Кӯшониён»-ро водор намуд, ки оид мафҳуми терроризм ва роҳҳои самарабахши мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб изҳори ақида намоем. Терроризм амали зиддиҳуқуқии гурӯҳҳои алоҳидае мебошад, ки қонуният ва ҳуқуқи давлатро зери шубҳа қарор дода, ба ин васила даст задан, ба даҳшатафканию расидан ба мақсадҳои хешро асоснок кардани мешаванд.
Шарафмандӣ он зинаи обрӯ ва мақому манзалат аст, ки ба ҳар кас насиб намекунад. Одами бошараф шуҳрат ёфта, ба эътирофи умум сазовор мегардад.
Рӯзи 20 январ вақте, ки навореро аз шабакаи телевизионӣ оид ба фаъолияти Муҳаммадиқболи Садриддин, хоини миллат тамошо кардам ба худ гуфтам, наход ин нохалафро модари тоҷик, фариштаи рӯи замин ба дунё оварда бошад? Наход дар овони кӯдакиаш ба ӯ модар шири сафед дода, роҳи сиёҳро ҳидояташ карда бошад?
Даврони босаодати соҳибистиқлоли бо амри тақдир насиби миллати тоҷикон гардидааст. Тоҷикистон ватани маҳбуби мост, ки дар он халқҳои гуногунмиллат оромона дар фазои ваҳдатбори он умр ба сар мебаранд. Шукри неъматҳои бузурги рӯзгор, бо лутфу марҳамати худованд миллати тоҷикро аз парокандагию нести эмин нигоҳ дошт, ба роҳи равшану пирузиҳо ҳидоят намуданд ва ин сарнавиштро ба дасти Пешвои миллатамон супориданд!
Ҳама гуна фитнаву иғвоангезӣ, дасисаву амалҳои пасипардагии ифротгароён мардуми кишварамонро ҳушдор медиҳад, ки аз ҳарвақта дида ҳушёру зирак бошем. Наҳзатиёни террорист тасмим гирифтаанд, ки худро бо амалу кирдорҳои зишташон ҳамеша дар ҷомеа нишон диҳанд.
Мо ҷавонони ноҳияи Кӯшониён аз тамошои Филми ҳуҷҷатии "Бешарафӣ" https://www.youtube.com/watch? v=zWAgTTUdr-o, ки мақсад аз таҳия ва намоиш додани ин филмнома ҳаргиз накӯҳишу таҳқири касе нест, балки нишон додани вақеияти талхест, ки дар сарнавишти як нафар инсон нақши мудҳиш, сиёҳии шармгину покнашавандае боқӣ гузоштааст мебошад, бори дигар огаҳ шудем.
Дар тамошои филми ҳуҷҷатии "Бешарафӣ" тамоми амалҳои ноҷавонмардонаи Муҳаммадиқболи Садриддин дида мешавад. Дар филм дида мешавад, ки чигуна Қаландари Садриддин падари Муҳаммадиқболи Садриддин писарашро, яъне Муҳаммадиқболро зери амалу кирдорҳои ғайриинсонӣ мепардозад.
Pages
Суроғаи мо
вилояти Хатлон
735140 ноҳияи Кӯшониён
кӯчаи Ибни Сино 3/116
Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён
Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by
WeebPal.