Аксияи тозагӣ дар боғи фарҳангӣ-фароғатии ноҳия

   Рӯзи 23 январи соли равон дар боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳраки И.Сомонии ноҳия, бо иштироки тамоми ташкилоту идораҳои ноҳия, аксияи тозагӣ гузаронида шуд. Тамоми гирду атрофи боғ аз хасу бутаҳои хушкшуда тоза карда шуда, зери дарахтони сояавкану мевадиҳанда нарм карда шуд. Инчунин қабристони дар назди боғи фарҳангӣ ҷойдошта, аз тарафи сокинони деҳаи Қизил-Байрақи Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод тозаву озода карда шуд.

Миёна: 4.5 (2 votes)

Вохӯрии раиси навтаъиншудаи вилояти Хатлон бо фаъолон ва сокинони ноҳияи Кӯшониён

   Рӯзи 19 январи соли равон бо мақсади шиносоӣ ва қабули шаҳрвандони ноҳия, пеш аз оғози маҷлис Қурбон Ҳакимзода раиси вилояти Хатлон бо Файзинисо Рустамова, Файзиддин Раҳматов ва Меҳри Кенҷаева собиқадорони меҳнатӣ ноҳия вохӯрда, аз вазъи зиндагонии онҳо шиносоӣ пайдо намуда, сӯҳбати самимӣ гузаронданд. Инчунин ба онҳо аз тарафи раиси вилоят, кӯмаки моддиву молиявӣ тақдим карда шуд.

Миёна: 4 (1 овоз)

Беҳтарин мураббии соли 2018 дар вилояти Хатлон

   Мураббии намуди гуштини Дзю-до Абдулло Наботов аз ноҳияи Кӯшониён беҳтарин мураббии соли 2018 дар вилояти Хатлон эълон гардид.

Миёна: 4 (1 овоз)

Редҳои муштарак вобаста ба пешгирии оворагардии Ноболиғон

   Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия дар якҷояги бо Котиби комиссия оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, шуъбаи маориф ва намояндагони ШВКД дар ноҳия редҳои шабона баргузор карда шуд.  Редҳои мазкур дар ҷамоати шаҳраки И. Сомонӣ ва ҷамоати деҳоти Меҳнатобод баргузор карда шуд.

Миёна: 4 (1 овоз)

Расонидани муҳтавои Паёми Пешвои миллат ба сокинони ноҳия

   Дар асоси нақша чорабиниҳои Маҷлиси намояндагони маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимият давлатии вилояти Хатлон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимият давлатии ноҳияи Кӯшониён дар ҳама ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия вохӯриҳо вобаста ба расонидани муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор карда шуд.

Миёна: 4 (1 овоз)

Рушди футбол дар ноҳияи Кӯшониён

   Бо ташабуси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия имрӯзҳо аз рӯи намудҳои гуногуни варзиш мусобиқаҳо байни наврасону ҷавонон баргузор шуда истодааст. Мусобиқаи футбол байни дастаҳои деҳаҳои ҷамоати деҳоти Заргар баргузор карда шуд. Мусобиқаи мазкур аз санаи 5 то 17-уми январи соли равон идома ёфта дар он 16 даста фаъолона иштирок намуданд. Дар охир ғолибон бо Ҷом, медалу ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотирави аз ҷониби бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия қадрдони гардиданд.

Миёна: 4 (1 овоз)

Вохурии фаъолони ноҳияи Кӯшониён дар ҷ.ш.Бӯстонқалъа

   Санаи 15 январи соли 2019 Вохурии фаъолони ноҳияи Кӯшониён тибқи нақша чорабинии раиси ноҳия аз 31 декабри соли 2018 «Оид ба барраси намудани муҳтавои нуқтаҳои асосии Паёми  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018» дар ҷамоати шаҳраки Бӯстонқалъа баргузор гардид.

Миёна: 4.5 (2 votes)

Pages

 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

-----------------------------------------------

Шахси масъули сомона:

Мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Кӯшониён

Муҳаммад Шарипов

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.