Мардуми сарбаландӣ ноҳияи Кӯшониён ҳамеша бо Шумост, Пешвои муаззами миллат! Пирӯзии навбатӣ муборак бошад, муҳтарам Ҷаноби Олӣ!

41.jpg 42.jpg 43.jpg 44_0.jpg 45.jpg 

Миёна: 5 (1 овоз)

"Пирӯзии навбатӣ муборак бошад, Пешвои муаззами миллат"!

   Имрӯз, дар толори Кохи фарҳанги ноҳия, бо иштироки тамоми кормандони корхонаву ташкилотҳо ва сокинон, тамошои дастаҷамъонаи эълон гардидани натиҷаи Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Муҳтарам Пешвои муаззами миллат тибқи маълумоти Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гирифтани 90,92% пирузиро ба даст оварданд.

Миёна: 5 (1 овоз)

Рафти маъракаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён

    Субҳи барвақти имрӯз, оғоз аз соати 6-00, бо садо додани Суруди миллӣ, дар тамоми участкаҳои интихоботии ноҳияи Кӯшониён маъракаи муҳими сиёсӣ, интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида истодааст. Рафти ин маъракаи муҳими сиёсӣ, бо риояи талаботҳои беҳдошти тиббӣ ва риояи масофа, дар тамоми участкаҳо ба роҳ монда шудааст.

Миёна: 5 (1 овоз)

"Иштироки фаъолонаи ҷавонон дар интихобот, баҳри ояндаи дурахшони Ватани азизамон"

Ҷавононе, ки бори аввал овоз медиҳанд, аз тарафи Вализода Икромиддин Сироҷиддин, раиси ноҳия бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

Миёна: 5 (1 овоз)

"Ширкат варзидан дар интихобот масъулияти баланди шаҳрвандист"

Субҳи имрӯз, Вализода Икромиддин Сироҷиддин, раиси ноҳия мисли дигар сокинони сарбаланду меҳнатдӯсти ноҳия, дар участкаи интихоботии рақами 2-и ноҳия, баҳри ояндаи дурахшони Ватани азизамон ба номзади арзандаи худ овоз доданд.

51_2.jpg 52_2.jpg 

Миёна: 5 (1 овоз)

ХИЁНАТ БА ВАТАН, ГУНОҲЕСТ КАБИРУ АВФНОПАЗИР

      Рости дидани филми ҳуҷҷатии “Хиёнат”, агар аз як тараф ҳамаи ҷароҳатҳои солҳои 1990-ро дар қалби занону модарон тоза намояд, аз тарафи дигар пеш аз ҳама занонро ҳушдор месозад, ки ҳамеша зираку ҳушёр бошанду ба доми ин гуна хоинони ватанфурӯш наафтанд ва нагузоранд, ки ба фазои сулҳу ором ва рушду шукуфоии Тоҷикистони азизамон халал ё зараре ворид шавад, чунки хиёнат ба Ватан гуноҳест кабиру авфнопазир.

Миёна: 5 (1 овоз)

Вокуниш ба дасисакориҳои Муҳиддин Кабирӣ

    Омодагӣ ба маъракаи муҳими сиёсӣ, интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолии мардум ва қишрҳои гуногуни аҳолӣ, бори дигар собит кард, ки сокинони сарбаланди Тоҷикистон ҳамдилу ҳаммароманд. Онҳо ғояи ваҳдати миллӣ, манфиатҳои миллию давлатиро амиқ дарк карда, ба воқеият аз рӯи ақли солим баҳо медиҳанд. Ба хотири ояндаи дурахшони халқу Ватан ҷаҳду талош мекунанд.

Миёна: 4 (2 votes)

Pages

 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.