18 АВГУСТ- "РӮЗИ ТАБИБОНИ ТОҶИКИСТОН" КӮШОНИЁН: МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ, БАХШИДА БА РӮЗИ КОРМАНДОНИ ТИБ

      Санаи 16 августи соли 2024, дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, таҳти роҳбарии раиси ноҳия Вализода Икромиддин Сироҷиддин ва бо иштироки мудирони шуъбаю бахшҳо, кормандони соҳаи тандурустии ноҳия, бахшида ба"Рӯзи табибони Тоҷикистон” 18 август, ҷамъомадӣ тантанавӣ баргузор гардид.

          Сараввал раиси ноҳия, дар назди ҳозирин суханронӣ намуда қайд карданд, ки боиси ифтихор аст, ки иди касбии кормандони соҳаи тандурустӣ ҳамасола бо рӯзҳои аввали таҷлили ҷашни муқаддаси миллиямон Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост меояд. Вобаста ба ин, аз фурсати муносиб истифода бурда, ҳамаи Шуморо бори дигар ба ифтихори 33-умин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатӣ муборакбод мегӯям. Боварӣ дорам, ки вазифаи пурмасъули табибиро, ки дар дасти Шумо ҳаёт ва ҷони инсон қарор дорад, бо маҳорату малакаи муосири касбӣ ва сифати баланди хизматрасонии тиббӣ иҷро намуда, дар муомилаву муошират бо мардум одоби баланди касбӣ нишон дода, тамоми фаъолияти касбии хешро содиқона барои халқ сафарбар менамоед!

Барои ободӣ ва ташкили корҳои созандагӣ, боло бурдани обрӯи давлату ҷамъият саҳми арзандаи хешро мегузоред! Дар даврони соҳибистиқлолӣ соҳаи тандурустӣ марҳила ба марҳила рушд карда, соҳиби дастовардҳои назаррас гардидааст. Имрӯз бо шукргузорӣ ва хушбахтии бепоён зикр карда метавонем, ки маҳз бо иқдомҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар, танҳо дар даҳ соли охир маблағгузории соҳаи тандурустӣ зиёда аз 25 баробар афзуда, аз он ҷумла дар ноҳияи Кӯшониён садҳо муссисаҳои замонавии тиббӣ бо шароити муосири замонавӣ муҷҷаҳаз гардида, ба истифода дода шуда, ҳамзамон муассисаҳои мавҷудаи тиббӣ таъмиру азнавсозӣ гардида, бо имконияти аввали маблағҳои буҷетӣ ва ҷалби сохибкорони маҳаллӣ марҳала ба марҳала аз ҳолати садамавӣ бароварда мешаванд. Табибон, кормандони хурду миёнаи тибб ва онҳое, ки дар ин соҳа заҳмат мекашед, аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён бори дигар изҳори миннатдории самимонаро мерасонам! Бигзор ҳамеша дастони пурэъҷози Шумо ва дили гарму пурмуҳаббати Шумо танҳо ба хотири наҷот бахшидани Инсоне моили кору амал бошаду, ҳамеша бо меҳнати ҳалолу софдилонаатон маҳбуби дилҳову шуҳрати оламгир ёру ҳамсафаратон гардад, қайд намуданд раиси ноҳия. Ҳамзамон, дар ҷамъомад якчанд кормандони ҷавон ва фаъоли соњаи тандусрустии ноҳия суханронӣ намуда, ҳамкасбони худро бо ин рӯзи фархунда табрику муборакбод намуда, миннатдории аҳли соҳаи тандурустии ноҳияро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои муҳайё намудани шароити хуби корӣ ва дастгириҳои пайваста баён намуданд.

Дар фарҷоми ҷамъомад, ба роҳбарияти соҳа ва ба як қатор собиқадорон, табибон ва ҳамшираҳои шавқат Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия супорида шуд.

1_33.jpg 2_127.jpg 3_134.jpg 6_72.jpg 

Дафтари матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён

 

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.