"ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ҲАМЧУН ХАВФНОКТАРИН ТАҲДИДҲО БАРОИ ИНСОНИЯТ"

        Вокуниш: Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлати ба марҳилаи нави инкишофи таърихи бунёди давлати соҳибихтиёр, демократи, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимои ворид гардида, баҳри таҳкими ваҳдати милли ва сулҳу суботи комил дар кишвар тамоми соҳаҳои фаъолияти ҳаёти давлативу ҷамъиятиро сафарбар менамояд.Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати тозаистиқлол, ки 30 - солагии онро дар фазои суботи сиёсии осуда таҷлил намудем, дар баробари дигар кишварҳои ҷаҳон аз таъсири имконпазири руйдоду таҳавулоти манфии ҷомеаи ҷаҳонӣ истисно намебошад. Ҷумҳурии мо дар заминаи бадастоварии Истиқлоли давлати ва барқарорсозии Ваҳдати милли мушкилиҳои зиёд ва манфури сиёсиву иқтисоди, иҷтимоиву фарҳангиро пушти сар намуд , ки хисороти зиёди пулию молиро ба бор оварданд. Зин ру кишвари мо барои таҳкими пояҳои Истиқлолияти давлати, пойдории Ваҳдати милли ва таъмини суботи комил барои пешгири, аз байн бурдан ва несту нобуд кардани омилҳои манфии сиёсии ҷомеъаи имруза махсусан терроризму экстремизм зарурат дорад.

     Дар ҷаҳони муосир равандҳо ва зуҳуроте мавҷуданд , ки на танҳо ба як кишвар ва ё як минтақа балки ба тамоми кишварҳои ҷаҳон ва дар маҷмуъ ба кулли мардумони саёра таҳдид мекунанд. Яке аз чунин зуҳуроти номатлуб ки хатари минтақавию байналмиллалиро ба бор оварда , дар ҳама минтақаҳои олам томоюли паҳншавиро дорад терроризм ва экстраризм мебошад , ки боиси таваҷуҳи ҳаматарафаи созмону ташкилотҳои байналмиллали ва давлатҳои ҷаҳон гардидааст.

       Ҳарчанд падидаҳои ҷойдошта мавҷуди ин асар нестанд вале дар баробари асри нав симои навро ба худ гирифта моҳияти онҳо шакли муташаккилтару мураккаби зоҳиршавиро пайдо кардааст. Имруз ва дар оянда низ терроризм ва экстремизм ҳамчун хавфноктарин таҳдидҳо барои инсоният ва ҷомеаи умумибашари боки монда бо истифода аз технологияи муосир ки босуръат рушд намуда истодааст , тарзу усулҳои нави истифодабариро ба худ касб мекунад. Баро мисол дар як даҳсолаи охир садҳо ҳазор нафар мардуми осоишта қурбони амалҳои террористи ва экстремисти гардида, ҳазорҳо нафари дигар маъюбу корношоям шуданд. Ҳалокати ҳазорон мардуми осоиштаи саёра алалхусус қисми осебпазири ҷомеаи занону кудакон аз ин хатари марговар, гувоҳи он аст ки ин амалу кирдори ношоям ба касеву чизе раҳм надорад ва ҳамчун василаи амали сохтани ҳадафу мақсадҳои нопок аз ҷониби як тудаи аз фарҳангу маърифат дур, бехирад ва ҷоҳилу нотавонбин истифода мегардад. Аз ин ру ҳар як фарди соҳибшуур ва бомаърифати ҷомеа, махсусан ҷавононро, ки қисми асосии ҷамъиятиро ташкил медиҳанд месозад ба ин афкори барғалати чеҳраҳои сиёсии ноаён фирефта нашаванд, дар ҷустуҷуи омузиш, аз барномави ва ғанигардонидании маърифати ахлоқи ҳуқуқи ва сиёсии хеш бошанд то дар таҳкими суботи комили сиёсии Тоҷикистони азиз поягузор бошанд.

Исмоилова Меҳрнигор - гирандаи стипендияи Президентӣ дар ноҳияи Кӯшониён, аъзои ТҶҶ “Созандагони ватан”

 

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.