(андеша дар мавзӯи «Толибон ва вазъи кунунии Афғонистон»)Чи тавре, ки аз расонаҳои ахбор маълум аст, баъди долларҳои зиёдро аз хазинаи давлат бо худ бурдани Президенти ҶИА Ашраф Ғани мамлакатро бо баҳонаи «Худдори аз хунрезиҳои зиёди мардуми бегуноҳ» осонакак тарк кард. Нону намаки халқи афғонро хӯрда, онро пос надошт. Бешармона, беҳаёона, хиёнат ба кишвар кард. «Толибон», ки дар Покистон таълими хуби харби мегирифтанду бо ин кишвари ҷангзада си сол боз ҷанги бемақсад мебурданд, осонакак пойтахти Афғонистон шаҳри Кобулро ба даст дароварданд. Аз наворҳои видеои маълумамон шуд, ки халқ аз тарси «Толибон» чи тавр ба дару тиреза қаноту чархҳои тайёраҳо часпида аз ватани аҷдодиашон фирор менамуданд, мегурехтанд, онро ба ҳар роҳ тарк мекарданд. Баъди забти «Толибон» дар Афғонистон як бесару сомониҳои гӯшношудид ҳукумфармост худи «Толибон» Афғонистонро «Аморати исломӣ» эълон намудаанд. Ба андешаи мо, нақши ин аморат «Тасарруҳи ҷаҳон аст, дунёгирист». «Аморат» маънои як давлатро надорад. Фоҷиаи Афғонистон як ҷанги ин мардум нест. Он аввалин пойгаҳи расмии терроризм барои оянда тамоми ҷаҳонро гирифтан аст. Ин хатар хатари ҷаҳон аст. Ҳар кас гумон дорад, ки ҷанги акнун Афғонистон чун солиёни пешин дар ҳудуди он боқи хоҳад монд, иштибоҳи таърихи хоҳад кард. Гуруҳҳои террористие, ки дар ҳоли ҳануз эътироф нашудаанд, ин қадар қатлу таҷовузу ситам мекунад. Ва ягон қавонини умумибашари ё мусулмониро риоя намекунанд, фардо агар чун давлат эътироф шавад, қудрати ҷаҳолатро алайҳи маърифат ба дасти хеш мегиранд ва тамоми дунёро ҳамсони худ кардан мехоҳад. Аллакай ба мо маълум шуд, ки «Толибон» таҳсили духтаронро то синфи 6 иҷозат дода, дигар идомаи хонишро барояшон «Қуқру бидъат» эълон намудаанд. Иштироки духтарону занонро дар таҳсил, дар коллеҷу донишгоҳҳо мамнуъ арзёби кардаанд. Ба ҳукумат ба кор қабул намудани занонро роҷеъ наҳисобида чунин эълон паст задании шаъну эътибори занонро ба ҷаҳониён иброз намуда «Толибон» аз дар ҷаҳолату разолат қарор доштанашонро боз бори дигар исбот карданд. Ба гуфти эшон «Занон танҳо ба таваллуд кардану тарбияи фарзандон машғул шаванд» ба давлатдори онҳоро ки мондааст. Ҳар рӯз эътирози духтарони афғонро, ки барои дифои ҳуқуқҳояшон ба намоиши эътирози мебароянд, аз нотарсии эшон дарак медиҳад аз оинаи нилгун тамошо мекунем. Наворои бозгӯи ба қавоини арси миёнагӣ эътироз намудани занону духтарони афғон аст. Мо ҷавонон ин ҳама қатлу ғорат ва қонуниятҳои поймол намудани ҳуқуқҳои инсонро аз ҷониби Аморати исломии Афғонистон Толибон фаҳмида, аз Созмони миллали муттаҳид талаб мекунем, ки пеши роҳи ин бадкирдории толибон гирифта, 35 миллион афғонро аз асорати онҳо раҳонанд. Магар зӯран ишғол кардани як ҷумҳурии исломӣ дар пеши чашми Шумо то ба ин дараҷа бераҳми кардани ин гуруҳи дар ҳама ҷо мамнуъ барои Шумо боиси нороҳати нест! Афғонистон ҳам аъзои комилҳуқуқи СММ аст вай ҳам дастгирии ин ташкилоти ҷаҳониро интизор аст. Халқи афғон танҳо бо роҳи демократии пеш рафта рушд меёбад. Афғонистон бояд ҳамқадами ҷаҳони муосир кору пайкор намояд!
Самандар Сабзалиев, аъзои филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён