ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2004, №5, мод. 339; с. 2006, №11, мод. 472;

с. 2009, №12, мод.814, с.2010, №12, қ. 1 мод.800, Қонунҳои ҶТ аз 19.03.2013с., №960; аз 22.07.2013 с., №1012)

Қонуни конститутсионии мазкур тибқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистони (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, қабул шуда, тартиби ташкил, ваколат ва фаъолияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатиро танзим мекунад.

БОБИ 1.

МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1.Мафҳумҳои асосӣ

Мафҳумҳои асосие, ки дар ин Қонун истифода мешаванд:

- мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ – мақомоти  намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ буда, дар доираи  салоҳияти худ амал мекунанд;

- мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ - Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, ки аз тарафи интихобкунандагони Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия интихоб  шуда, дар доираи ваколати худ масъалаҳои дорои аҳамияти маҳаллиро ҳал мекунанд;

- иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия – шакли асосии фаъолияти мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ буда, ба воситаи он ваколати ин мақомот амалӣ мегардад;

- мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ – мақомоте, ки дар ҳудуди воҳидҳои марзию маъмурии дахлдор иҷрои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии ТоҷикистонКонститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдори мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатиро таъмин менамоянд;

- Раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия – намояндаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – мақоме, ки ҳокимияти иҷроияро дар ҳудуди воҳидҳои марзию маъмурии дахлдор амалӣ гардонида, ба мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ сарварӣ менамояд;

- дастгоҳи раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия – сохтори ёрирасон ва таъминкунандаи фаъолияти раис мебошад;

-сохторҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии тобеи раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия сохторҳои мақомоти иҷроияи маҳаллие, ки дар сохтор ё нақшаи идоракунии мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия қарор надошта, роҳбарони онҳо бевосита аз ҷониби раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд; (ҚҶТ аз 3.12.09 с., №576)

- сохтори маҳаллии мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия – воҳиди мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия буда, дар ҳудуди марзию маъмурии дахлдор дар доираи ваколати худ вазифаҳои мақомоти иҷроияи марказиро амалӣ менамояд;

-машварати назди раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия мақоми машваратии ташкили кори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мебошад, ки барои баррасии масъалаҳои дахлдор даъват карда мешавад;  (ҚҶТ аз 3.12.09 с., №576)

- вазифа – самти масъулияти мақомоти  намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии  ҳокимияти давлатӣ мебошад;

- ваколати вогузоршаванда – ваколати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия, мақомоти иҷроияи маҳаллии хокимияти давлатии болоӣ, ки тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё дар асоси шартномаи тарафҳо ба ихтиёри мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии дахлдор  вогузошта мешавад;

- ваколати муштарак – ваколате, ки барои иҷрои он ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дигар мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия ё мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз як тараф ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии дахлдор аз тарафи дигар масъулияти муштарак доранд;

- ваколати истисноӣ – ваколате, ки тибқи қонун ба мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тааллуқ дорад ва барои иҷрои он танҳо ин мақомот масъул мебошанд.   

Моддаи 2.Танзими ҳуқуқии фаъолияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ

Фаъолияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатиро Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии ТоҷикистонКонститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамин Қонуни конститутсионӣ, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, танзим менамоянд.

Моддаи 3.Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ

Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ иборат мебошанд.

Мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия иборат мебошанд.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, сохторҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии тобеи раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия ва сохторҳои маҳаллии мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия иборат мебошанд. (ҚҶТ аз 3.12.09 с., №576).

Моддаи 4.Асосҳои иқтисодӣ ва молиявии фаъолияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ

Асосҳои иқтисодӣ ва молиявии фаъолияти мақомоти  маҳаллии ҳокимияти давлатиро ташкил медиҳанд:

- буҷети Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия;

- моликияти коммуналии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия;

- манбаъҳои дигаре, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардаанд.

Моддаи 5.Принсипҳои фаъолияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ

Фаъолияти мақомоти  маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба принсипҳои зайл асос меёбад:

- қонуният ва адолати иҷтимоӣ;

- ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;

- мутобиқати манфиатҳои маҳаллӣ ва умумидавлатӣ;

- ба таври демократӣ, ошкоро ва бо назардошти гуногунандешии сиёсӣ ҳал намудани масъалаҳо;

- масъулият барои натиҷаҳои фаъолияти худ дар назди аҳолӣ;

- изҳори иродаи аҳолӣ ба воситаи Маҷлиси вакилони халқи дахлдор;

- мустақилияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ҳалли масъалаҳои ваколати худ;

- ҳатмӣ будани иҷрои санадҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ки дар доираи ваколаташон қабул шудаанд;

- дастаҷамъӣ будани фаъолияти мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ;

- яккасардории фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ.

Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ фаъолияти худро бо роҳи фароҳам овардани шароити мусоид барои аз ҷониби шаҳрвандон амалӣ намудани ҳуқуқҳои конститутсионии худ оид ба иштирок дар идоракунии корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ анҷом медиҳанд.

Моддаи 6.Муносибати мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо мақомоти худидоракунии    шаҳрак ва деҳот

Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот барои амалӣ намудани вазифаҳои онҳо мусоидат менамоянд ва тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо кўмакҳои молиявӣ ва иқтисодӣ мерасонанд.

Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ метавонанд татбиқи баъзе ваколатҳои худро ба мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот вогузоранд.

БОБИ 2.

ТАШКИЛ, ВАКОЛАТ ВА ФАЪОЛИЯТИ МАҚОМОТИ НАМОЯНДАГИИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ

Моддаи 7.Тартиби ташкили Маҷлиси вакилони халқ

Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияро интихобкунандагони воҳидҳои марзию маъмурии дахлдор дар асоси принсипҳои умумӣ, баробар, мустақим, бо овоздиҳии пинҳонӣ ба мўҳлати 5 сол интихоб мекунанд.

Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз синни 18 метавонад вакили Маҷлиси вакилони халқи дахлдор интихоб шавад.

Шумораи вакилони Маҷлиси вакилони халқи дахлдорро Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия дар доираи меъёрҳои зерин муайян мекунад:

- барои Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоят ва шаҳри  Душанбе – то 70 нафар;

- барои шаҳр ва ноҳия - то 40 нафар;

Маҷлиси вакилони халқ дар сурати интихоб шудани на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии муқарраршудаи вакилони он ваколатдор мебошад.

Тартиби интихоби вакилони Маҷлиси вакилони халқро Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» танзим менамояд.

Ҳангоми азнавташкилдиҳии (ҳамроҳшавии, муттаҳидшавии, табдилдиҳии, тақсимшавии ё ҷудошавии) воҳидҳои марзию маъмурӣ вакили Маҷлиси вакилони халқи ин воҳиди марзию маъмурӣ вакили Маҷлиси вакилони халқи азнавташкилшудае мебошад, ки ба ҳайати он аксарияти интихобкунандагони вакил дохил мешаванд ва то оғози фаъолияти иҷлосияи даъвати нав ваколати худро нигоҳ медорад.

Моддаи 8. Ваколати Маҷлиси вакилони халқ

Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия чунин ваколат дорад:

- буҷети маҳаллиро қабул мекунад, ҳангоми зарурат ба он тағйиру иловаҳо ворид менамояд, иҷрои онро назорат намуда, ҳисоботи онро тасдиқ мекунад;

- роҳҳои инкишофи иқтисодию иҷтимоии маҳалро муайян намуда, барномаҳои рушди иқтисоди - иҷтимоии минтақаи дахлдорро тасдиқ ва иҷрои онҳоро назорат мекунад; (ҚҶТ аз 29.12.10 с., 653)

- андоз ва пардохти маҳаллиро мувофиқи қонун муқаррар мекунад;

- дар доираи қонун тарзи идора ва ихтиёрдории моликияти коммуналии ҳудуди марзию маъмурии дахлдорро муайян менамояд ва истифодаи самараноки онро назорат мекунад;

- дар доираи ваколати худ барномаҳои ҳифзи муҳити зист ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиии ҳудуди воҳиди марзию маъмурии дахлдорро тасдиқ ва иҷрои онҳоро назорат мекунад;

- дар доираи ваколати худ барномаҳои мусоидат ба шуғли аҳолӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатиро тасдиқ ва иҷрои онҳоро назорат мекунад;

- дар доираи ваколати худ муносибатҳои вобаста ба истифодаи об, замин ва дигар сарватҳои табииро  тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамояд;

- Раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияро, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудааст, тасдиқ мекунад;

- ба Раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия ҳангоми мавҷуд будани асос бо овоздиҳии пинҳонӣ ва бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии вакилони Маҷлиси вакилони халқи дахлдор нобоварӣ изҳор намуда, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи озод намудани ў масъала мегузорад;

- ҳисоботи роҳбарони сохтори маҳаллии мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия ва ташкилотҳои дахлдорро оид ба масъалаҳое, ки ба ваколати Маҷлиси  вакилони халқ мансубанд, баррасӣ менамояд ва ҳангоми зарурат ба мақомоти дахлдор дар хусуси ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони мансабдори онҳо пешниҳод ирсол медорад;

- дастури Маҷлиси вакилони халқро қабул ва ба он тағйиру иловаҳо ворид менамояд;

- комиссияҳои доимӣ, муваққатӣ ва мақомоти дигари Маҷлиси вакилони халқи дахлдорро таъсис медиҳад, низомнома ва ҳайати онҳоро тасдиқ мекунад,  ҳисоботро оид ба фаъолияти онҳо мешунавад;

- ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи дахлдорро дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз мўҳлат қатъ менамояд;

- санадҳои мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатии дахлдори поёниро дар сурати ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии ТоҷикистонКонститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат накарданашон бекор мекунад;

- мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарорҳои раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияро тасдиқ ё бекор мекунад; (ҚҶТ аз 29.12.10 с., 653)

- тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмин ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд тадбирҳои зарурӣ меандешад; (ҚҶТ аз 29.12.10 с ., 653)

- дар доираи ваколати худ тибқи Кодекси  ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон қоидаҳоеро муайян менамояд, ки барои вайрон намудани онҳо ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ карда мешавад; (ҚҶТ аз 3.12.09 с., № 576)

-масъалаҳои тағйир додани сарҳади Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, таъсис ва барҳам додани воҳидҳои марзиву маъмурӣ, муқаррар намудан ва ба ҷои дигар кӯчонидани маркази маъмурии онҳо, мансуб донистани маҳалҳои аҳолинишин ба категорияи шаҳрҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилоят, шаҳрак ва деҳа, номгузорӣ ва номивазкунии воҳидҳои марзиву маъмурӣ ва маҳалҳои аҳолинишинро баррасӣ намуда, қарори худро ба мақомоти дахлдор пешниҳод менамояд;

- нақшаи ташкили комплексӣ-ҳудудии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, нақшаи генералии шаҳри Душанбе, маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳр ва ноҳияро тасдиқ намуда, ба мақомоти дахлдор пешниҳод менамояд; (ҚҶТ аз 19.03.13 с., 960)

- дигар ваколатҳоро, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд, амалӣ менамояд. (ҚҶТ аз 29.12.10 с., 653)

Моддаи 9.Санадҳои Маҷлиси вакилони халқ

Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия дар доираи ваколати худ қарор қабул мекунад.

Қарорҳои Маҷлиси вакилони халқ, ки дар ҳудуди дахлдор дорои хусусияти умумиҳатмӣ мебошанд, ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баҳисобгирии давлатӣ, санҷиш ва бақайдгирӣ фиристода мешаванд.

Тартиби интишори расмӣ ва мавриди амал  қарор додани санадҳои Маҷлиси вакилони халқро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

Ичрои қарорхои Мачлиси вакилони халқ, ки дар доираи ваколатаигон кабул шудааид, дар ҳудуди дахлдор барои мақомоти давлатй, корхонахо ва ташкилотҳо новобаста аз тобеияти идоравй, шакли ташкилию хуқуқи ва шакли моликияташон, шахсони мансабдор ва шаҳрвандон ҳатмй мебошад. (ҚҶТ аз 29.12.10 с., №653)

Маҷлиси вакилони халқ метавонад қарорҳои худро тағйир диҳад ва ё бекор кунад.

Дар сурати ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат накардани санадҳои Маҷлиси вакилони халқ онҳо аз тарафи худи Маҷлиси вакилони халқ, мақомоти болоӣ ва ё суд бекор карда мешаванд. (ҚҶТ аз 29.12.10 с., 653)

Маҷлиси вакилони халқ метавонад муроҷиатнома ва изҳорот қабул намояд.

Моддаи 10.Дастури Маҷлиси вакилони халқ

Тартиби гузаронидани иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, маҷлисҳои мақомоти онҳо, пешниҳод ва баррасии масъалаҳо, ташкил ва интихоби мақомоти Маҷлиси вакилони халқ, шунидани ҳисоботи онҳо, баррасии дархости вакилон, тартиби овоздиҳӣ ва дигар масъалаҳои ташкилиро дастури Маҷлиси вакилони халқи дахлдор муайян менамояд.

Моддаи 11. Шакли асосии фаъолияти Маҷлиси вакилони халқ

Шакли асосии фаъолияти Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия иҷлосия буда, дар он масъалаҳое баррасӣ мешаванд, ки ба ваколати Маҷлиси вакилони халқ дохиланд.

Ҷараёни иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқ дар шакли протокол ба расмият дароварда шуда, ба он раисикунанда имзо мегузорад.

Моддаи 12. Тартиби даъвати иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқ

Иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи аз нав интихобшудаи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия на дертар аз як моҳи баъди интихоботи Маҷлиси вакилони халқ аз тарафи раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия даъват карда мешавад.

Иҷлосияҳои Маҷлиси вакилони халқ аз тарафи раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо дар як сол на камтар аз чор маротиба даъват карда мешаванд ва ҳангоми набудани онҳо иҷлосияҳои Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияҳо аз тарафи яке аз муовинони онҳо, ки вакили ин Маҷлиси вакилони халқ мебошад, даъват карда мешаванд. (ҚҶТ аз 29.12.10 с., №653)

Иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқ метавонад бо ташаббуси на камтар аз се як ҳиссаи шумораи умумии вакилони он низ даъват карда шавад. (ҚҶТ аз 29.12.10 с., 653)

Қарор дар бораи даъвати иҷлосия на дертар аз 10 рўзи то оғози баргузоршавии иҷлосия ва дар ҳолатҳои зарурӣ фавран қабул карда шуда, ба маълумоти вакилон расонида мешавад.

Моддаи 13. Тартиби гузаронидани иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқ

Иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқро раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони  Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия мекушояд ва ба он раисӣ мекунад. Ҳангоми набудани раис ба иҷлосия яке аз муовинони ў, ки вакили Маҷлиси вакилони халқ мебошад, раисӣ мекунад. Дар ҳолати вакил набудани иҷрокунандаи вазифаи раис ва муовинони ў иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқро вакили синну солаш калонтарин мекушояд ва то интихоб шудани раиси Маҷлиси вакилони халқ ба кори он раисӣ мекунад. (ҚҶТ аз 3.12.09 с., № 576)

Дар иҷлосия аз ҳисоби вакилон котибот интихоб карда мешавад.

Аз рўи масъалаҳое, ки дар иҷлосия баррасӣ мешаванд, Маҷлиси вакилони халқ бо овоздиҳии ошкоро ё пинҳонӣ, бо тарафдории аз нисф зиёди шумораи умумии вакилон қарор қабул мекунад. (ҚҶТ аз 3.12.09 с., № 576)

Иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқ дар сурате ваколатдор ҳисобида мешавад, ки дар он на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи муқарраршудаи вакилон иштирок дошта бошанд.

Иҷлосия ба таври ошкоро гузаронида мешавад.

Дар ҳолатҳои зарурӣ бо қарори Маҷлиси вакилони халқ мумкин аст иҷлосияи пўшида низ гузаронида шавад. (ҚҶТ аз 3.12.09 с., № 576)

Роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, сохторҳои маҳаллии мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия, роҳбарон ва дигар шахсони мансабдори ташкилотҳое, ки дар ҳудуди марзию маъмурии дахлдор ҷойгиранд, бо даъвати раиси Маҷлиси вакилони халқ ба иҷлосия ҳозир мешаванд ва дар ҳолати зарурӣ оид ба масъалаҳое, ки ба ваколати Маҷлиси вакилони халқ дохиланд, ахборот медиҳанд.

Моддаи 14. Таъсис ва фаъолияти комиссияҳои доимӣ ва муваққатӣ

Маҷлиси вакилони халқ барои баррасии пешакии масъалаҳо ва ба иҷлосия манзур намудани онҳо, мусоидат ба татбиқи қарорҳои Маҷлиси вакилони халқ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияҳои доимӣ ва муваққатӣ таъсис медиҳад.

Маҷлиси вакилони халқ бо пешниҳоди раиси Маҷлиси вакилони халқ номгўй ва шумораи ҳайати комиссияҳои доимӣ ва муваққатиро муқаррар намуда, аз ҳисоби вакилон раис ва аъзои онҳоро интихоб менамояд. Вакили Маҷлиси вакилони халқ метавонад танҳо узви як комиссияи доимӣ бошад.

Комиссияҳои доимӣ дар назди Маҷлиси вакилони халқ масъул буда, ба он ҳисобот медиҳанд.

Ба ҳайати комиссияҳои доимӣ раиси Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия интихоб шуда наметавонад.

Комиссияҳои доимӣ ҳуқуқ доранд:

- ба Маҷлиси вакилони халқ ва раис оид ба рўзномаи маҷлис ва дигар масъалаҳое, ки дар иҷлосия баррасӣ мешаванд, пешниҳод ирсол намоянд;

- оид ба масъалаҳое, ки дар иҷлосия  баррасӣ мешаванд, хулоса диҳанд;

- дар иҷлосия мувофиқи ваколаташон маърўза ва маърўзаи иловагӣ кунанд;

- дар доираи ваколаташон ба иҷлосия оид ба шунидани ҳисоботи роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пешниҳод манзур намоянд.

Комиссияҳои доимӣ метавонанд дигар вакилони Маҷлиси вакилони халқ, намояндагони мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва инчунин шаҳрвандонро ба кори худ ҷалб намоянд.

Шахсони мансабдори сохторҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, сохторҳои маҳаллии мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳои воқеъ дар ҳудуди дахлдор бо тартиби муқарраргардида ўҳдадоранд бо дархости комиссияҳои доимӣ, ки дар доираи ваколаташон дода мешаванд, маълумоти заруриро пешниҳод намоянд. (ҚҶТ аз 3.12.09 с., №576)

Комиссияҳои доимӣ қарорҳои протоколӣ қабул менамоянд.

Маҷлисҳои комиссияҳои доимӣ ҳангоми ҳозир будани аз нисф зиёди шумораи умумии аъзои он ваколатдор ҳисобида мешаванд.

Қарори протоколии комиссияҳои доимӣ бо тарафдории аксарияти аъзои ҳозирбудаи комиссия қабул карда мешавад.

Протоколи маҷлиси комиссияҳои доимӣ аз ҷониби раиси комиссия ба имзо мерасад.

Фаъолияти комиссияҳои доимиро низомномае, ки Маҷлиси вакилони халқ тасдиқ кардааст, ба танзим медарорад.

Ҳангоми гузаронидани маҷлисҳои якҷояи якчанд комиссияҳои доимӣ протоколи онҳо аз ҷониби раисони комиссияҳои дахлдор имзо карда мешавад.

Дар ҳолатҳои зарурӣ дар доираи ваколати Маҷлиси вакилони халқ комиссияҳои муваққатӣ ташкил карда мешаванд.

Ҳайат, вазифаҳо, ваколат, мўҳлати фаъолият ва ҳуқуқҳои комиссияҳои муваққатиро Маҷлиси вакилони халқ ҳангоми таъсис додани онҳо муқаррар менамояд.

Комиссияҳои муваққатии Маҷлиси вакилони халқ оид ба масъалаҳои вобаста ба ваколати худ хулоса медиҳанд. (ҚҶТ аз 29.12.10 с., 653)

Моддаи 15. Вакили Маҷлиси вакилони халқ

Вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия ҳақ дорад фикри худро озодона баён намояд, мувофиқи ақидаи худ овоз диҳад.

Ваколати вакили Маҷлиси вакилони халқ бо қарори Маҷлиси вакилони халқи дахлдор дар ҳолатҳои зерин пеш аз мўҳлат қатъ мегардад:

- дар асоси аризаи ў дар хусуси ба истеъфо рафтан;

- ба қувваи қонунӣ даромадани ҳалномаи суд дар хусуси ғайри қобили амал донистани ў;

- ба қувваи қонунӣ даромадани ҳукми айбдоркунии суд;

- қатъи шаҳрвандӣ;

- барои истиқомати доимӣ берун рафтан аз ҳудуди марзию маъмурии дахлдор; (ҚҶТ аз 29.12.10 с., 653)

- ишғоли вазифае, ки тибқи қонун ба ваколати вакили Маҷлиси вакилони халқ мувофиқ нест;

- пеш аз мўҳлат пароканда шудани Маҷлиси вакилони халқ;

- бе сабабҳои узрнок зиёда аз се маротиба пай дар пай иштирок накардан дар ҷаласаҳои иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқ;

- ҳангоми вафот.

Вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқро қонун муайян менамояд.

Моддаи 16. Асосҳои қатъи ваколати Маҷлиси вакилони халқ

Ваколати Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия дар рўзи оғози фаъолияти Маҷлиси вакилони халқи даъвати нав қатъ мегардад.

Маҷлиси вакилони халқ пеш аз мўҳлат аз тарафи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои зерин пароканда карда мешавад:

- мунтазам, яъне дар давоми як сол зиёда аз як маротиба иҷро накардани талаботи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо пешниҳоди Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон; (ҚҶТ аз 29.12.10 с., 653)

- агар Маҷлиси вакилони халқи аз нав интихобшуда дар давоми як моҳи баъди ифтитоҳи иҷлосияи якумаш мақомоти худро ташкил карда натавонад;

- баргузор нашудани иҷлосия дар давоми ду моҳ, бинобар ҳозир нашудани шумораи зарурии вакилон;

- ҳангоми азнавташкилдиҳии (ҳамроҳшавии, муттаҳидшавии, табдилдиҳии, тақсимшавии, ҷудошавии) воҳиди марзию маъмурии дахлдор.

Ваколати Маҷлиси вакилони халқ пеш аз мўҳлат дар сурати ихтиёран пароканда шудани он низ қатъ мегардад, агар қарор оид ба ин масъала бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии вакилони Маҷлиси вакилони халқ қабул шуда бошад.

Моддаи 17. Таъмини фаъолияти ташкилӣ ва моддию техникии Маҷлиси вакилони халқ

Хизматрасонии ташкилӣ, моддию техникӣ ва дигар намуди хизматрасонӣ ба фаъолияти Маҷлиси вакилони халқ ва мақомоти он, мусоидат ба вакилони халқ дар иҷрои ваколатҳои худ аз ҷониби дастгоҳи раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони  Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия сурат мегирад.

Хароҷот барои таъмини Маҷлиси вакилони халқ дар буҷети маҳаллии дахлдор дар сатри алоҳида нишон дода мешавад.

БОБИ 3.

ВАКОЛАТ ВА ФАЪОЛИЯТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН, ВИЛОЯТ, ШАҲРИ ДУШАНБЕ, ШАҲР ВА НОҲИЯ

Моддаи 18. Раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони  Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия

Раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони  Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия– намояндаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳокимияти иҷроияро дар маҳал амалӣ менамояд, мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро дар воҳидҳои марзию маъмурии дахлдор сарварӣ мекунад. (ҚҶТ аз 3.12.09 с., №576)

Раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони  Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд ва ба тасдиқи Маҷлиси вакилони халқи дахлдор пешниҳод мекунад.

Агар Маҷлиси вакилони халқи дахлдор раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияро тасдиқ накунад, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад ўро такроран ба Маҷлиси вакилони халқ барои тасдиқ пешниҳод намояд ё шахси дигарро ба ин вазифа таъин намуда, барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқ  пешниҳод намояд.

Агар Маҷлиси вакилони халқи дахлдор аз вазифа озод намудани раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияро тасдиқ накунад, масъала такроран барои тасдиқ пешниҳод карда мешавад.

Агар шахс вакили Маҷлиси вакилони халқи дахлдор набошад, ў иҷрокунандаи вазифаи раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия таъин карда мешавад ва баъди вакил интихоб шуданаш бо тартиби муқаррарнамудаи ҳамин модда ба ин вазифа таъин ва барои тасдиқ пешниҳод карда мешавад.

Моддаи 19. Санадҳои раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия

Раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия дар доираи ваколати худ қарор ва амр қабул мекунад.

Санадҳои меъёрии ҳуқуқии раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия дар шакли қарор қабул карда мешаванд.

Қарорҳои хусусияти фардӣ ва ташкилии амрдиҳӣ дошта, инчунин амрҳои раис санадҳои меъёрӣ намебошанд.

Санадҳои меъёрии ҳуқуқии раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия бояд ба вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баҳисобгирии давлатӣ, санҷиш ва бақайдгирӣ фиристода шаванд.

Тартиби интишори расмӣ ва мавриди амал қарор додани санадҳои раисро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

Иҷрои санадҳои дар доираи ваколати худ қабулкардаи раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони  Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия дар ҳудуди марзию маъмурии дахлдор ҳатмӣ мебошад.

Раис метавонад санадҳои худро тағйир диҳад ва ё бекор кунад.

Санади раис аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси болоӣ, худи раис, Маҷлиси вакилони халқи дахлдор, инчунин аз тарафи суд дар сурати ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии ТоҷикистонКонститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат накардани он пурра ё қисман бекор карда мешавад.

Моддаи 20. Ваколати раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия

Раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия чунин ваколат дорад:

- иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқро даъват менамояд ва ба он раисӣ мекунад;

- ба корҳои тайёрии гузаронидани иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқ роҳбарӣ мекунад, рўзномаи иҷлосияро тартиб медиҳад;

- риояи дастури Маҷлиси вакилони халқро таъмин менамояд;

- фаъолияти комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқро ҳамоҳанг месозад;

- ба қарорҳо, протоколҳо ва санадҳои дигари Маҷлиси вакилони халқ имзо мегузорад;

- лоиҳаи буҷети Вилояти Мухтори Кўҳистони  Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияро барои қабул ба Маҷлиси вакилони халқ пешниҳод менамояд, пас аз қабул иҷрои онро таъмин менамояд, оид ба он ҳисобот медиҳад;

- барои тасдиқи Маҷлиси вакилони халқ барномаҳои тараққиёти иҷтимоию иқтисодии минтақа ва барномаҳои мақсадноки минтақавиро пешниҳод менамояд ва оид ба иҷрои онҳо дар иҷлосия ҳисобот медиҳад; (ҚҶТ аз 29.12.10 с., 653)

- дар доираи ваколати худ оид ба таҳкими тартиботи ҳуқуқӣ ва пурзўр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, таъмини амнияти шаҳрвандон, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои онҳо чораҳо меандешад, ҳангоми рўй додани офатҳои табиӣ, эпидемия ва дигар ҳолатҳои фавқулодда тадбирҳои заруриро амалӣ мегардонад;

- мутобиқи қонунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи саломатии аҳолӣ, таъмини кўмаки тиббию санитарӣ, беҳбудии санитарию эпидемиологии аҳолӣ тадбирҳо меандешад;

- Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияро дар доираи салоҳиятҳои худ дар хориҷа, дар муносибат бо мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилотҳо ва шаҳрвандон намояндагӣ мекунад;

- нақшаи ташкилотҳои комплексӣ - ҳудудии Вилояти Мухтори Кўҳистони  Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, нақшаи генералии сохтмони маркази Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияро таҳия намуда, ба Маҷлиси вакилони халқи дахлдор пешниҳод менамояд; (ҚҶТ аз 19.03.13 с., 960)

- ба баррасии роҳбарони мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия дар бораи фаъолияти сохтори маҳаллии онҳо дар Вилояти Мухтори Кўҳистони  Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия дар сурати иҷро накардани талаботи қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои Раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони  Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия пешниҳод манзур менамояд. Агар сохтори маҳаллии мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия камбудиҳоро бартараф накунад, хулосаи дахлдори худро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;

- дар бораи бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонидан бо тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод ирсол менамояд;

-мувофиқи сохтори намунавии тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтори дастгоҳи раисро тасдиқ менамояд;  (ҚҶТ аз 3.12.09 с., № 576)

-дар доираи шумораи ниҳоии хизматчиёни давлатии муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷадвали воҳидҳои кории дастгоҳи раис ва сохторҳои дахлдори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро, ки аз буҷети маҳаллӣ маблағгузорӣ карда мешаванд, тасдиқ менамояд; (ҚҶТ аз 3.12.09 с., №576)

- муовини якум ва муовинони худро дар доираи лимити шумораи умумии муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;

- роҳбари дастгоҳи раис ва кормандони дастгоҳро тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд; (ҚҶТ аз 3.12.09 с., №576)

- роҳбарони корхонаҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳоро, ки ба моликияти коммуналии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия асос ёфтаанд, ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;

- моликияти коммуналии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияро дар доираи ваколати худ идора менамояд;

- дар давоми сол на камтар аз як маротиба ба Маҷлиси вакилони халқ дар бораи иҷрои барномаҳои тараққиёти иҷтимоию иқтисодии ҳудуди дахлдор барномаҳои мақсадноки минтақави, ҳолати хоҷагидорӣ, истифода ва идораи объектҳои моликияти коммуналии дахлдор ҳисобот медиҳад; (ҚҶТ аз 29.12.10 с., 653)

- ба Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кўҳистони  Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия дар бораи бекор кардани санадҳои Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кўҳистони  Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, ки ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии ТоҷикистонКонститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф мебошанд, пешниҳод манзур менамояд;

- иҷрои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии ТоҷикистонКонститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия, Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кўҳистони  Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияро таъмин менамояд;

- Феҳристи баҳисобгирии воҳидҳои марзиву маъмурӣ ва маҳалҳои аҳолинишинро пеш мебарад; (ҚҶТ аз 19.03.13с., 960)

- назорати истифодаи табиат, сохтмон ва азнавсозии иншоотҳои ҳифзи табиатро таъмин менамояд;

- ташкилотҳо, муассисаҳо ва корхонаҳои давлатиеро, ки ба моликияти коммуналии дахлдор асос ёфтаанд, бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ва барҳам медиҳад;

- тартиби ташкил ва фаъолияти машварати назди Раисро бо риояи санадхои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон  муайян менамояд; (ҚҶТ аз 29.12.10 с., 653)

- дар доираи ваколати худ барои пешбурди фаъолият, ҳамчунин омода намудани масъалаҳо барои баррасӣ, татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияҳоро таъсис дода, ҳайат ва мўҳлати фаъолияти онҳоро тасдиқ ва ваколати онҳоро муайян менамояд;

- қабули шаҳрвандонро ба роҳ мемонад, арзу шикоят ва таклифҳои онҳоро баррасӣ менамояд;

- дигар ваколатҳоеро, ки ҳамин Қонуни конститутсионӣ, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардаанд, амалӣ менамояд.

Раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия оид ба масъалаҳои ваколати худ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти болоӣ ва Маҷлиси вакилони халқи дахлдор ҳисоботдиҳанда ва масъул мебошад.

Моддаи 21. Ваколати дигари Раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоят ва шаҳри     Душанбе

Раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоят ва шаҳри Душанбе ҳамчунин ваколатҳои зайл дорад:

- ба фаъолияти раисони шаҳрҳо ва ноҳияи дахлдор Вилояти Мухтори Кўҳистони  Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе роҳбарӣ менамояд;

- санадҳои раисони шаҳр ва ноҳияи дахлдорро, ки ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии ТоҷикистонКонститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф мебошанд, бекор менамояд; (ҚҶТ аз 29.12.10 с., 653)

- татбиқи баъзе ваколатҳои худро ба раисони шаҳрҳо ва ноҳияҳо вогузор менамояд.

Моддаи 201. Тартиби ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани роҳбарони сохторҳои маҳаллии мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ

Роҳбарони сохторҳои маҳаллии мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, ки аз буҷети маҳаллии дахлдор маблағгузорӣ мешаванд, аз тарафи раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони  Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия бо розигии хаттии роҳбарони мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда шуда, қарорҳои қабулшуда барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи дахлдор пешниҳод карда мешаванд.

Роҳбарони сохторҳои маҳаллии мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, ки аз буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузорӣ карда мешаванд, аз тарафи роҳбарони мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ бо розигии хаттии раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда шуда, қарорҳои қабулшуда барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи дахлдор пешниҳод карда мешаванд. Муқаррароти мазкур барои ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани роҳбарони сохторҳои маҳаллии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳарбӣ, инчунин судяҳо, прокурорҳо, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани онҳо тартиби дигарро муайян намудааст, татбиқ намегардад.

Тартиби баррасии масъалаҳои ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани роҳбарони сохторҳои маҳаллии мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

(ҚҶТ аз 22.07.13 с., № 1012)

Моддаи 22. Асосҳои аз вазифа озод намудани раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони  Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия

Раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия дар ҳолатҳои зерин аз вазифа озод карда мешавад:

- дар асоси аризаи ў оид ба истеъфо рафтан;

- ба қувваи қонунӣ даромадани ҳалномаи суд дар хусуси ғайри қобили амал донистани ў;

- ба қувваи қонунӣ даромадани ҳукми айбдоркунии суд;

- мунтазам иҷро накардани ўҳдадориҳои хизматӣ;

- қатъи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-дигар асосҳои муқаррарнамудаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад дар дигар ҳолатҳо низ раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони  Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияро аз вазифа озод намояд.

Моддаи 23. Дастгоҳи раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия

Таъминоти иттилоотию таҳлилӣ, ташкилию ҳуқуқӣ ва моддию техникии фаъолияти раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони  Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия аз тарафи дастгоҳи раис амалӣ карда мешавад.

Дастгоҳи раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони  Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия аз тарафи раис ташкил ва тағйир дода мешавад.

Низомнома ва сохтори намунавии дастгоҳи раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд. (ҚҶТ аз 3.12.09 с., № 576)

Низомномаи дастгоҳ, сохтор ва ҷадвали воҳидҳои кории онро раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия мувофиқи низомнома ва сохтори намунавии тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи шумораи ниҳоии хизматчиёни давлатии муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд. (ҚҶТ аз 3.12.09 с., №576)

Маблағгузории дастгоҳ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ сурат мегирад.

БОБИ 4.

АСОСҲОИ ИҚТИСОДӢ ВА МОЛИЯВИИ ФАЪОЛИЯТИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ

Моддаи 24. Манбаъҳои иқтисодии фаъолияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ

Манбаъҳои иқтисодии фаъолияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатиро замин, сарватҳои зеризаминӣ, об, ҷангал, олами набототу ҳайвонот ва дигар боигариҳои табиӣ, ки дар воҳидҳои марзию маъмурии дахлдор воқеанд, ҳамчунин моликияти коммуналӣ ва дигар шаклҳои моликият низ, ки сарчашмаи даромади мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва қонеъ гардонидани талаботи иҷтимоию иқтисодии аҳолии воҳидҳои марзию маъмурии дахлдор мебошанд, ташкил медиҳанд.

Моддаи 25. Моликияти Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия

Ба моликияти Вилояти Мухтори Кўҳистони  Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия объектҳое дохил мешаванд, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо дода шудаанд. Ба моликияти Вилояти Мухтори Кўҳистони  Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия ҳамчунин маблағҳои буҷетӣ, объектҳои инфрасохторҳои маҳаллӣ, муассисаҳои маориф, тандурустӣ, таъминоти иҷтимоӣ, илм ва фарҳанг ва объектҳои дигар, ки аз ҳисоби маблағҳои Вилояти Мухтори Кўҳистони  Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, аз ҷумла дар асоси саҳмгузорӣ сохта ва харида шудаанд, ё аз манбаҳои дигар ройгон дода шудаанд, дохил мешаванд.

Номгўи объектҳои моликияти коммуналиро  Маҷлиси вакилони халқ тасдиқ менамояд, ба он тағйирот ворид намуда, ҳисоботи роҳбарони корхонаҳоеро, ки ба моликияти коммуналӣ асос ёфтаанд, оид ба истифодаи онҳо мешунавад.

Моддаи 26. Идораи объектҳои моликияти коммуналии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия

Объектҳои моликияти коммуналии Вилояти Мухтори Кўҳистони  Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияро Маҷлиси вакилони халқ ва раиси дахлдор мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколати худ идора мекунанд. Объектҳои мазкур бо мақсади хизматрасонии самаранок ба аҳолӣ ва рушди иқтисодию иҷтимоии ҳудуди дахлдор истифода мешаванд.

Тартиби хусусигардонии моликияти коммуналиро санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамоянд.

Тартиби аз моликияти коммуналӣ ба моликияти чумҳуриявӣ ва ё аз моликияти ҷумҳуриявӣ ба моликияти коммуналӣ гузаронидани молу мулкро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд. (ҚҶТ аз 29.12.10 с., 653)

Аз моликияти коммуналии Вилояти Мухтори Кўҳистони  Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия ба моликияти коммуналии дахлдори дигар гузаронидан дар асоси қарорҳои мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатии дахлдор амалӣ карда мешавад.

Моддаи 27.Фаъолияти иқтисодии хориҷии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ

Фаъолияти иқтисодии хориҷии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, ин мақомот барои вусъат додани фаъолияти иқтисодии хориҷии корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо ва иттиҳодияҳои онҳо, ки дар воҳидҳои марзию маъмурии дахлдор ҷойгиранд, инкишофи иқтидори содиротӣ, зиёд намудани истеҳсоли маҳсулот, иҷрои кор ва хизматрасонии ба рақобат тобовар мусоидат менамоянд.

Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар доираи ваколати худ дар ин самт ҳуқуқ доранд:

- бо шарикони хориҷии худ барои хариду фурўши маҳсулот, иҷрои кор ва хизматрасонӣ мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон созишнома банданд;

- ба ташкили корхонаҳои муштарак мусоидат намоянд;

- мутобиқи тартиби муқарраркардаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон савдои наздисарҳадӣ ташкил намоянд;

- дигар намудҳои фаъолиятро мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти иқтисодии хориҷӣ амалӣ намоянд.

Моддаи 28. Муносибати мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба объектҳои моликияти ҷумҳуриявӣ

Маҷлиси вакилони халқ ва раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони  Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия дар ҳудуди воҳидҳои марзию маъмурии дахлдор ба ҷойгиркунии мақсадноки объектҳои истеҳсолӣ ва иҷтимоӣ, таъсиси инфрасохторҳои дахлдор, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ва меҳнатӣ, ҳифзи муҳити зист ва соҳаҳои дигар, ки моликияти ҷумҳуриявӣ мебошанд, тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат мекунанд.

Моддаи 29. Моликияти муштараки мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ

Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд дорои моликияти муштарак бошанд ва дар идоракунии он иштирок намоянд.

Моддаи 30. Манбаъҳои молиявии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия

Манбаъҳои молиявии Вилояти Мухтори Кўҳистони  Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия аз инҳо иборатанд:

- маблағҳои буҷети маҳаллӣ;

- маблағҳои ғайриандоз ва фондҳои мақсадноки давлатӣ;

- даромад аз буҷети болоӣ дар шакли кўмаки молиявии беподош (дотатсия);

- мусоидати молиявӣ (субвенсия) аз буҷети болоӣ;

- қарзи буҷетӣ аз буҷети болоӣ;

- маблағҳои хайрия;

- қоғазҳои қиматнок, бурднок ва музоядаҳои маҳаллӣ;

- даромад аз чорабиниҳои оммавию варзишӣ ва фарҳангӣ;

- дигар манбаъҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардаанд.

Манбаъҳои молиявии Вилояти Мухтори Кўҳистони  Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияро дар асоси шартномавӣ бо манбаъҳои молиявии дигар вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои маблағҷудокунӣ ба барномаҳои муштарак, аз ҷумла барои иҷрои барномаҳои тараққиёти байниҳудудӣ муттаҳид кардан мумкин аст.

Мақомоти маҳаллии хокимияти давлатии наздисарҳадӣ метавонанд бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии минтақаҳои наздисарҳадии давлатҳои ҳаммарз тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани барномаҳои муштарак, аз ҷумла барномаҳои тараққиёти байнисарҳадӣ манбаъҳои молиявиашонро муттаҳид гардонанд.

Моддаи 31. Даромадҳои буҷети Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия

Қисми даромади буҷети Вилояти Мухтори Кўҳистони  Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия аз ҳисоби даромадҳои андоз ва ғайриандоз, инчунин аз воридоти маблағ аз ҳисоби андозу пардохтҳои танзимкунанда иборат мебошад.

Ба даромадҳо аз андоз дохил мешаванд:

- андозҳои маҳаллӣ, ки номгўи онҳоро санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудаанд; (ҚҶТ аз 3.12.09 с., № 576)

- даромад аз андозу пардохтҳои танзимкунанда мувофиқи тартибе, ки қонун дар бораи Буҷети давлатӣ барои соли навбатии молиявӣ муқаррар кардааст;

- боҷи давлатӣ, ба истиснои боҷи давлатие, ки мувофиқи қонун дар бораи Буҷети давлатӣ барои соли навбатии молиявӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ ворид карда мешавад;

- дигар манбаъҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардаанд.

Ба даромадҳои ғайриандоз дохил мешаванд:

- даромад аз буҷети ҷумҳуриявӣ дар шакли кўмаки молиявии беподош (дотатсия), мусоидати молиявӣ (субвенсия), қарзи буҷетӣ ё дар шакли дигар;

- даромад аз хизмати пулакие, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳои идории буҷетӣ мерасонанд;

- воридоти маблағ аз ҳисоби татбиқи чораҳои маҷбуркунӣ барои вайронкунии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи молияи давлатӣ, аз ҷумла ҷарима, пушаймона (пения), ҷубронпулӣ ва ғайра;

- хайрияҳои ихтиёрии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;

- даромад аз гузаронидани ҳашарҳо;

- даромад аз қоғазҳои қиматнок, бурднок ва музоядаҳои маҳаллӣ;

- даромад аз амволе, ки моликияти коммуналии ноҳия ва шаҳр мебошад ё дар идораи хоҷагии онҳо қарор дорад.

Маҷлиси вакилони халқи шаҳр ва ноҳия ҳуқуқ дорад ба гурўҳҳои алоҳидаи андозсупорандагон барои супоридани андоз, боҷ ва пардохтҳои маҳаллие, ки ба буҷети маҳаллии дахлдор ворид мегарданд, тибқи санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиёзҳо муқаррар намояд.

Моддаи 32. Хароҷоти буҷети Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия

Аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ танҳо хароҷоти зайл маблағгузорӣ мешавад:

- таъмини фаъолияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ;

- ташаккули моликияти коммуналии воҳиди марзию маъмурии дахлдор ва идоракунии он;

- таъсис, таъмини фаъолият ва инкишофи муассисаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ, воситаҳои ахбори омма ва нашрияҳо, дигар муассисаҳое, ки ба моликияти коммуналӣ мансубанд ё дар ихтиёри мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мебошанд;

- инкишофи хоҷагии манзилию коммуналӣ;

- сохтмони роҳ ва нигоҳдории роҳҳое, ки аҳамияти маҳаллӣ доранд;

- ободонӣ ва кабудизоркунӣ дар маҳал;

- ташкили истифода ва коркарди партовҳои рўзгор;

- таъмини хизматрасонии нақлиётӣ ба аҳолӣ ва муассисаҳое, ки ба моликияти коммуналӣ мансубанд ё дар ихтиёри мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мебошанд;

- ҳифзи муҳити зист дар маҳал;

-амалигардрнии бармомаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии минтақа; (ҚҶТ аз 29.12.10 с., 653)

- хизматрасонии қарзии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва пардохти онҳо;

- кўмаки молиявии беподош ба аҳолӣ;

- гузаронидани интихоботи мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ.

Маблағгузории фаъолияти дигари мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва хароҷоти дигар, ки ба масъалаҳои аҳамияти маҳаллидошта мансубанд, аз ҷониби мақомоти маҳаллии намояндагии хокимияти давлатӣ мутобиқи гурўҳбандии буҷетии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро карда мешаванд.

Раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия дар давраи байни иҷлосияҳо ба захираҳои озоди молиявии буҷет, ки нисбати буҷети тасдиқшуда ба андозаи на зиёда аз даҳ фоизро ташкил медиҳад, ихтиёрдорӣ намуда, қарорҳои худро ба Маҷлиси вакилони халқ барои тасдиқ пешниҳод мекунад. Агар захираҳои озоди молиявии буҷет зиёда аз даҳ фоизи буҷети тасдиқшударо ташкил диҳанд, дар он сурат ба Маҷлиси вакилони халқ лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба буҷети маҳаллиро пешниҳод менамояд.

Хароҷоти якҷояи буҷети Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия ва буҷети ҷумҳуриявӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои соли навбатии молиявӣ амалӣ карда мешавад.

Моддаи 33. Фонди захиравии раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия

Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кўҳистони  Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия метавонад дар доираи буҷети тасдиқкардашуда фонди захиравии раисро дар ҳаҷми 0,5 фоиз аз ҳаҷми даромади умумии буҷети дахлдори маҳаллӣ таъсис диҳад ва ба таркиби хароҷоти он дохил намояд.

Раис ба фонди захиравӣ ихтиёрдорӣ намуда, дар бораи хароҷоти он ба Маҷлиси вакилони халқ ҳисобот медиҳад.

Истифодаи маблағҳои фонди захиравии раис тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Моддаи 34. Ҳуқуқҳои буҷетии Маҷлиси вакилони халқ ва раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони  Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия

Буҷети Вилояти Мухтори Кўҳистони  Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия дар шакли қарори Маҷлиси вакилони халқи дахлдор таҳия ва дар иҷлосияи он қабул карда мешавад.

Таҳияи лоиҳаи буҷети Вилояти Мухтори Кўҳистони  Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия аз тарафи мутаносибан раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони  Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия ташкил карда мешавад. (ҚҶТ аз 29.12.10 с ., 653)

Лоиҳаи буҷет аз рўи манбаҳои даромад ва самтҳои хароҷот мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.

Буҷети Вилояти Мухтори Кўҳистони  Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия имкон дорад бо барзиёдӣ (профитсид) таҳия ва тасдиқ карда шавад.

Маблағгузории мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ҳаҷме, ки буҷетҳои маҳаллӣ ва ҷумҳуриявӣ муқаррар намудаанд, сурат мегирад.

Хароҷотро барои нигоҳдории мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ Маҷлиси вакилони халқи дахлдор муқаррар менамояд.

Маҷлиси вакилони халқ ва раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони  Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия дар доираи ваколати худ ҳангоми иҷрои буҷет барои таъмини тавозуни он масъул мебошанд.

БОБИ 5.

МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

Моддаи 35. Шикоят намудан ба суд оид ба санадҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ

Мақомоти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ метавонанд тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суд оид ба санадҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ шикоят намоянд.

Моддаи 36. Баррасии эътирози прокурор оид ба санадҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ

Санадҳои Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кўҳистони  Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, ки аз рўи онҳо прокурор эътироз баён кардааст, дар иҷлосияи он баррасӣ карда мешаванд. Дар сурати қонеъ нагардидани эътирози прокурор аз тарафи Маҷлиси вакилони халқ прокурор метавонад ба мақомоти намояндагии болоӣ ё суд муроҷиат намояд.

Санадҳои раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони  Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, ки аз рўи онҳо прокурор эътироз баён кардааст, аз ҷониби раиси дахлдор баррасӣ карда мешаванд. Дар сурати қонеъ нагардидани эътироз прокурор метавонад ба мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии болоӣ, ё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ё Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ё суд муроҷиат намояд.

Моддаи 37. Мўҳлати баррасии пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқ ва раис нисбат ба роҳбарони сохторҳои маҳаллии мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия

Пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқ ва раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони  Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия нисбат ба роҳбарони сохторҳои маҳаллии мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия оид ба иҷро накардани талаботи қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кўҳистони  Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия дар мўҳлати як моҳ баррасӣ мегардад.

Агар мақомоти болоӣ ё марказии ҳокимияти иҷроия дар мўҳлати як моҳ пешниҳоди мазкурро баррасӣ накунад, Маҷлиси вакилони халқ ё раис метавонанд ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.

Моддаи 38. Аз эътибор соқит донистани санадҳои қонунгузорӣ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи худидораи маҳаллӣ ва хоҷагии маҳаллӣ» аз 23 феврали соли 1991 (Ведомостҳои Совети Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1991, № 8, мод. 144; №15, мод. 254; соли 1992, №5, мод. 71; №10, мод. 152; соли 1993, №17 – 18, мод. 373), Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо» аз 1 декабри соли 1994 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1994, № 23–24, мод. 448; соли 1998, №10, мод. 113) аз эътибор соқит дониста шаванд.

Моддаи 39. Тартиби мавриди амал қарор додани қонуни конститутсионии мазкур

Қонуни конститутсионии мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                            Э.Раҳмонов

ш. Душанбе, 17 майи соли 2004,

№ 28

 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.