ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1999, №12, мод.298; с.2007, №5, мод.353;

с.2012, №8, мод.813; с. 2014, №7, қ.1, мод.383; Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 с., № 1133)

Ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз    10 декабри соли 1999 «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1999, №12, мод. 298; с. 2007, №5, мод. 353; с. 2012, №8, мод. 813) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ

Моддаи 1. Принсипҳои асосии интихобот

Интихобот ба Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия дар ҳавзаҳои ҳудудии якмандатии интихобот дар асоси ҳуқуқи интихоботии умумӣ, баробар ва мустақим бо овоздиҳии пинҳонӣ ба мӯҳлати панҷ сол гузаронида мешавад. (ҚҶТ аз 26.07.14 с., № 1087)

Моддаи 11. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихоботи вакилон ба  Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни конститутсионии мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

(ҚҶТ аз 26.07.14 с., № 1087)

Моддаи 2. Ҳуқуқи умумии интихобот

Интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия умумӣ аст. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар рӯзи интихобот синнашон ба 18 расидааст, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк ҳуқуқи интихоб кардан ва интихоб шуданро доранд. (ҚҶТ аз 26.07.14 с., № 1087)

Шахсоне, ки аз тарафи суд ғайри қобили амал дониста шудаанд ва ё мувофиқи ҳукми суд дар ҷойҳои аз озоди маҳрумшудагон нигоҳ дошта мешаванд, ҳуқуқи дар интихобот иштирок кардан надоранд. (ҚҶТ аз 26.07.14 с., № 1087)

Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як вақт вакили беш аз ду мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатӣ буда наметавонад. (ҚҶТ аз 26.07.14 с., № 1087)

Моддаи 3. Ҳуқуқи баробари интихобот

Интихобкунандагон дар асоси ҳуқуқи баробар дар интихобот иштирок мекунанд ва ҳар кадоми онҳо як овоз доранд. (ҚҶТ аз 26.07.14 с., № 1087)

Моддаи 4. Ҳуқуқи бевоситаи интихобот

Вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ аз тарафи шаҳрвандон мустақиман интихоб карда мешаванд.

Моддаи 5. Овоздиҳии пинҳони

Овоздиҳи дар интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ озодона ва пинҳони мебошад. Назорат ба изҳори иродаи интихобкунандагон манъ аст.

Моддаи 6. Ошкорбаёнӣ ҳангоми тайёрӣ ва гузаронидани интихобот

 (ҚҶТ аз 26.07.14 с., № 1087)

Таёйри ва гузаронидани интихобот ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ аз тарафи комиссияҳои интихобот ошкоро сурат мегирад ва дар воситаҳои ахбори омма инъикос мегардад. (ҚҶТ аз 26.07.14 с., № 1087)

Комиссияҳои интихобот ба шаҳрвандон аз кори худ, аз таъсиси ҳавзаҳо ва участкаҳои интихобот, ҳайат, ҷою соати корашон ва аз рӯйхати интихобкунандагон хабар медиҳанд.

Комиссияҳои интихобот натиҷаи бақайдгирии номзадҳоро ба вакили, шарҳи ҳоли номзадҳои бақайдгирифта, натиҷаи овозҳои гирифтаи ҳар номзад ва ҷамъбасти интихоботро ба маълумоти шаҳрвандон мерасонанд. Дар маҷлисҳои комиссияҳои интихобот, дар бинои овоздиҳи дар рӯзи интихобот ва ҳангоми ҳисобкунии овозҳо як нафари намоянда (нозир) аз ҳизбҳои сиёсӣ, ки номзадҳоро ба вакили пешниҳод кардаанд, шахсони боэътимоди номзадҳои мустақил, намояндаҳои матбуот, телевизион ва радио ҳузур дошта метавонанд. Ваколатҳои онҳо бояд бо ҳуҷҷатҳои дахлдор тасдиқ карда шуда бошанд. (ҚҶТ аз 26.07.14 с., № 1087)

Ҳизбҳои сиёсӣ, ки номзадҳоро ба вакили пешбари кардаанд, дар бораи намояндагони худ камаш панҷ руз пеш аз интихобот ба комиссияҳои ҳавзавии интихобот хабар медиҳанд.

Ба рафти овоздиҳӣ ва ба фаъолияти комиссияҳои интихобот дахолат кардани намояндагон ва нозирон мумкин нест. Онҳо метавонанд бо иҷозати раиси комиссияи дахлдори интихобот савол диханд ва шарҳи онро талаб намоянд, диққати аъзоёни комиссия ва хозиронро ба роҳ ёфтани вайронкунии Қонуни конститутсионии мазкур ҷалб созанд. (ҚҶТ аз 26.07.14 с., № 1087)

Воситаҳои ахбори омма рафти тайёрии интихобот ва гузаронидани он, инчунин қарорҳои комиссияҳои интихоботиро инъикос мекунанд.

II. ҲАВЗАҲО ВА УЧАСТКАҲОИ ИНТИХОБОТ

Моддаи 7. Ташкил кардани ҳавзаҳои интихобот

Барои интихоботи вакилон миқдори зерини ҳавзаҳои ҳудудии интихобот ташкил карда мешаванд:

ба Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе - на бештар аз 70 ҳавзаи интихобот;

ба Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳр, ноҳия - на бештар аз 40 ҳавзаи интихобот.

Аз ҳар ҳавзаи интихобот як вакил ба Маҷлиси дахлдори вакилони халқ, интихоб карда мешавад.

Миқдори ҳавзаҳои интихоботро барои интихоботи Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ба ҳадди меъёри муқарраркардаи ҳамин Қонун Маҷлиси дахлдор бо назардошти шумораи интихобкунандагон, ҳудуд ва шароити дигари маҳаллӣ муқаррар менамояд.

Ҳавзаҳои интихоботро комиссияи дахлдори интихоботи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр, ноҳия одатан бо шумораи баробари интихобкунандагон ташкил медиҳад. Ҳудуди ҳавзаҳои интихобот бо назардошти сохтори ҳудудии вилоят, шаҳру ноҳияҳо бо ризоияти раисони дахлдор муайян карда мешавад. (ҚҶТ аз 26.07.14 с., № 1087)

Рӯйхати ҳавзаҳои интихоботро, ки дар он ҳудуд ва шумораи интихобкунандагон зикр ёфтааст, комиссияи дахлдори интихобот на дертар аз 15 рӯзи баъди таъин гардидани интихобот чоп мекунад.

Моддаи 8. Тартиб ва меъёри ташкил кардани участкаҳои интихобот

Участкаҳои интихобот бо назардошти ҳудуди шаҳру ноҳияҳо, ноҳияҳои шаҳр бо мақсади муҳайё сохтани шароити муносиб барои интихобкунандагон ташкил карда мешаванд.

Участкаҳои интихобот дар санаторияву хонаҳои истироҳат, беморхонаҳо ва табобатгоҳҳои дигари доимӣ, дар ноҳияҳои дурдасту душворгузари маҳаллӣ, маҳалли сукунати шаҳрвандон ташкил шуда метавонанд. Ин участкаҳои интихобот ба ҳавзаҳои интихоботӣ махаллӣ ҷойгиршавии онҳо дохил мешаванд.

Участкаҳои интихобот аз тарафи комиссияҳои интихоботи шаҳр, ноҳия бо пешниҳоди раисони шаҳру ноҳияҳо ташкил карда мешаванд.

Участкаҳои интихобот на дератр аз рӯзи бисту панҷуми баъди таъин гардидани интихобот ташкил карда мешаванд. Дар ноҳияҳои дурдаст ва душворгузар участкаҳои интихобот дар ҳамон мӯҳлат, дар мавридҳои истисно бошад, панҷ рӯз пеш аз интихобот ташкил карда мешаванд.

Участкаҳои интихобот одатан бо шумораи на камтар аз 20 нафар ва на бештар аз 3000 нафар интихобкунанда ташкил карда мешавад.

Бинои овоздиҳии ҳар участкаи интихоботро раиси шаҳру ноҳия муайян мекунад.

Комисиияи интихоботӣ шаҳру ноҳия участкаи интихоботро рақамгузори мекунад ва ҳудуди ҳар участкаи интихоботро бо зикри маҳалли комиссияи участкавии интихобот ва бинои овоздиҳӣ ба интихобкунандагон хабар медиҳад.

III. КОМИССИЯИ ИНТИХОБОТ

Моддаи 9. Системаи комиссияҳои интихобот

Барои ташкил ва гузаронидани интихоботи Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, комиссияҳои зерини интихобот таъсис дода мешаванд:

комиссияи вилоятии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят; (ҚҶТ аз 26.07.14 с., № 1087)

комиссияи шаҳрии интихобот оиди интихобот ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе;

комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи шаҳр; (ҚҶТ аз 26.07.14 с., № 1087)

комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқӣ ноҳия; (ҚҶТ аз 26.07.14 с., № 1087)

комиссияҳои ҳавзавии интихобот;

комиссияҳои участкавии интихобот.

Роҳбарии умумӣ, назорати ташкил ва гузаронидани интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. (ҚҶТ аз 26.07.14 с., № 1087)

Моддаи 10. Ташкили комиссияҳои вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявии интихобот

Комиссияҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии интихобот ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқро Маҷлисҳои дахлдори вакилони халқ бо пешниҳоди раиси вилоят, шаҳр ва ноҳияи дахлдор бо назардошти таклифҳои сохторҳои маҳаллии ҳизбҳои сиёсии дар ҳудуди вилоят, шаҳр ва ноҳия фаъолияткунанда на дертар аз рӯзи даҳуми баъди таъин гардидани интихобот дар ҳайати 7-13 аъзои комиссия ташкил менамоянд. (ҚҶТ аз 27.11.14 с., № 1133)

Раис, муовини раис ва котиби комиссия аз ҷумлаи аъзоёни он дар аввалин маҷлиси он интихоб карда мешаванд. Комиссияи вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии интихобот дар бораи ҳайат, нишони ва рақамҳои телефони худ дар нашрияҳои маҳаллӣ маълумот чоп мекунад.

Моддаи 11. Ваколатҳои комиссияи вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявии интихобот

(ҚҶТ аз 26.07.14 с., № 1087)

Комиссияи интихобот ба Маҷлиси вакилони халқӣ Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр, ноҳия: (ҚҶТ аз 26.07.14 с., № 1087)

– ба иҷрои ҳамин Қонун дар қаламрави дахлдор назорат менамояд, татбиқи якхелаи онро таъмин мекунад ва оид ба масъалаҳои ташкили интихобот тавзеҳот медиҳад;

– оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия мувофиқан ҳавзаҳои интихоботӣ ташкил медиҳад, онҳоро номгузорӣ ва рақамгузорӣ мекунад;»; (ҚҶТ аз 26.07.14 с., № 1087)

– комиссияҳои ҳавзавии интихоботро ба Маҷлиси дахлдори вакилони халқ ташкил медиҳад ва дар бораи маҳалли ҷойгиршавии онҳо маълумот чоп мекунад; (ҚҶТ аз 26.07.14 с., № 1087)

– кори комиссияҳои дахлдори интихоботро танзим мекунад, тартиби ба ҳайати онҳо дохил намудани тағйиротро муайян менамояд, метавонад мустақилона ё бо пешниҳоди прокурори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр, ноҳия қарорҳои комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавии интихоботро дар сурате, ки хилофи Қонуни конститутсионии мазкур бошанд, бекор кунад; (ҚҶТ аз 26.07.14 с., № 1087)

– ба номзадҳо барои иштирок дар маъракаи интихобот шароити баробарро таъмин менамояд;

– маблағро ба комиссияҳои интихобот тақсим менамояд, бо биною нақлиёт ва воситаҳои алоқа таъмин кардани комиссияҳои интихоботро назорат мекунад ва дигар масъалаҳои таъминоти моддию техникии интихоботро баррасӣ менамояд;

– аз рӯи шакли муқаррарнамудаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ тайёр намудани бюллетенҳои интихоботро ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, руйхати интихобкунандагон, протоколҳои комиссияҳои интихобот, варақаҳои интихоботӣ, мӯҳри худ, дигар ҳуҷҷатҳои интихоботро таъмин мекунад;

– аз комиссияҳои ҳавзавии интихобот протоколҳои қайди номзадҳоро ба вакилӣ гирифта, хамчунин протоколҳои натиҷаи интихоботи вакилони Маҷлиси дахлдорро дар бораи ҳайати номзадҳои вакилони аз қайд гузаштаи Маҷлиси дахлдор ахбор чоп мекунад;

– ахбори намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва иттиҳодияҳои ҷамъиятиро оид ба масъалаҳои тайёрӣ ва гузаронидани интихобот мешунавад; (ҚҶТ аз 26.07.14 с., № 1087)

– вакилони интихобшударо ба қайд мегирад, натиҷаи интихоботи Маҷлиси дахлдори вакилони халқро ҷамъбаст мекунад, дар матбуот оиди ҷамъбасти интихобот хабар ва рӯйхати вакилони интихобгардидаро чоп мекунад;

– масъалаҳои гузаронидани овоздиҳӣ ва интихоботи такрориро ҳаллу фасл менамояд;

– интихоботи вакилон ба Маҷлиси дахлдори вакилони халқро ба ҷои вакилони хориҷгардида таъин мекунад ва мегузаронад;

– арзу шикоятҳоро аз хусуси қарору амали комиссияҳои дахлдори интихобот дида мебарояд ва аз руи онҳо қарор қабул мекунад;

– ба бойгони супоридани ҳуҷҷатҳои вобаста ба ташкилу гузаронидани интихоботро таъмин мекунад; (ҚҶТ аз 26.07.14 с., № 1087)

ваколатҳои дигареро, ки Қонуни конститутсионии мазкур пешбинӣ намудааст, амалӣ менамояд. (ҚҶТ аз 26.07.14 с., № 1087)

Моддаи 12. Ташкили комиссияи ҳавзавии интихобот

Комиссияи ҳавзавии интихобот аз тарафи комиссияҳои дахлдори вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии интихобот бо пешниҳоди раиси вилоят, шаҳр ва ноҳияи дахлдор бо назардошти таклифҳои сохторҳои маҳаллии ҳизбҳои сиёсии дар ҳудуди вилоят, шаҳр ва ноҳия фаъолияткунанда на дертар аз 55 рӯз пеш аз интихобот дар ҳайати раис, муовини раис, котиб ва на камтар аз 8 аъзо ташкил карда мешавад. (ҚҶТ аз 27.11.14 с., № 1133)

Моддаи 13. Ваколатҳои комиссияи ҳавзавии интихобот

Комиссияи ҳавзавии интихобот:

– иҷрои талаботи Қонуни конститутсионии мазкурро дар ҳудуди ҳавзаи интихобот назорат мекунад; (ҚҶТ аз 26.07.14 с., № 1087)

– ба интихобкунандагон дар бораи маҳалли участкаҳои интихобот хабар медиҳад;

– ба номзадҳо барои иштирок дар маъракаи интихоботи шароити баробарро таъмин мекунад;

– номзадҳои ба вакили пешбаригардида, шахсони боэътимоди онҳоро ба қайд мегирад ва ба онҳо шаҳодатномаи дахлдор медиҳад; (ҚҶТ аз 26.07.14 с., № 1087)

– барои ташкили вохуриҳои номзадҳо ба вакили ва интихобкунандагон мусоидат мекунад;

– ахбори комиссияҳои участкавӣ, намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, роҳбарони ташкилотҳо, ҳамчунин мақомоти иттиҳодияҳои ҷамъиятиро вобаста ба масъалаҳои тайёрии интихобот ва гузаронидани он мешунавад; (ҚҶТ аз 26.07.14 с., № 1087)

– аз тарафи комиссияҳои участкавии интихобот тартиб додан ва барои шиносоии умум пешниҳод кардани рӯйхати интихобкунандагонро назорат менамояд;

– матни бюллетени интихоботро аз рӯи ҳавзаи интихобот тасдиқ мекунад ва участкаҳои интихоботро бо бюллетенҳои интихобот таъмин менамояд;

– натиҷаи интихоботӣ ҳавзаро муқаррар ва ба комиссияи дахлдори вилояти, шаҳри ноҳиявии интихобот месупорад;

– натиҷаи интихоботро оид ба ҳавзаи интихобот муқаррар ва чоп карда, ба вакили интихобшуда шаҳодатнома медиҳад;

– овоздиҳии такрорӣ ва интихоботи такрорӣ, ҳамчунин интихоботи вакилонро ба ивази вакилони хориҷшуда ташкил менамояд;

– арзу шикоятҳоро аз хусуси қарорҳо ва фаъолияти комиссияҳои участкавии интихобот баррасӣ намуда, доир ба онҳо қарорҳо қабул мекунад;

– ваколатҳои дигарро тибқи Қонуни конститутсионии мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд. (ҚҶТ аз 26.07.14 с., № 1087) 

Моддаи 14. Ташкил кардани комиссиям участкавии интихобот

Комиссияи участкавии интихоботро комиссияи шаҳрӣ, ноҳиявии интихобот 45 руз пеш аз интихобот дар ҳайати 5-19 аъзо, аз ҷумла раис, муовини раис, котиб ташкил мекунад. Агар комиссия дар ҳайати 7 нафар ташкил шавад, раис ва котиб интихоб карда мешавад.

Дар сурати зарурат ҳайати аъзои комиссияи интихобот метавонад зиёд ва кам шавад.

Моддаи 15. Ваколатҳои комиссияҳои участкавии интихобот

Комиссияи участкавии интихобот:

– рӯйхати интихобкунандагони участкаро тартиб медиҳад;

– интихобкунандагонро бо рӯйхати иитихобкунандагон шинос мекунад, аризаҳоро дар бораи саҳву ғалатҳои рӯйхат қабул ва баррасӣ менамояд ва масъалаи ба он дохил намудани тағйироти дахлдорро ҳал мекунад;

– аз интихобкунандагоне, ки дар рӯзи интихобот барои дар ҷои истиқомат будан ва дар овоздиҳӣ иштирок кардан имконият надоранд, лифофаҳои сарбастаи дорои варақаҳои интихоботро қабул мекунад;

– аҳолиро дар бораи маҳалли воқеъгаштаи комиссияи участкавии интихобот, вақти кори он, инчунин рӯзи интихобот ва ҷои овоздиҳӣ хабардор мекунад;

– бинои овоздиҳӣ ва қуттиҳои интихобот ва дигар таҷҳизоти интихоботро тайёр мекунад;

– овоздиҳиро дар рӯзи интихобот дар участкаи интихобот ташкил менамояд;

– овозҳои дар участкаи интихобот додашударо ҳисоб мекунад;

– арзу шикоятҳоро доир ба масъалаҳои тайёри ба интихобот ва ташкили овоздиҳӣ баррасӣ карда, оид ба онҳо қарорҳо қабул мекунад;

– ваколатҳои дигарро тибқи Қонуни конститутсионии мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд. (ҚҶТ аз 26.07.14 с., № 1087)

Моддаи 16. Узвият дар комиссияҳои интихобот

Узви комиссияи интихобот ҳангоми иҷрои ваколатҳояш бояд бетараф ва холис бошад. (ҚҶТ аз 26.07.14 с., № 1087)

Узви комиссияро аз руи аризаи шахсияш, ҳамчунин дар ҳолати маҳрум шудан аз ваколатҳояш аз иҷрои вазифа озод кардан мумкин аст.

Дар ҳолати талабҳои ҳамин Қонунро риоя накардан ва мудом ба вазифаҳои худ беэътинои намудани узви комиссия ҳуқуқи аз ваколатҳояш маҳрум кардани ӯ ба мақоме тааллук дорад, ки ин комиссияро таъсис додааст.

Дар сурати зарурат узви нави комиссияи интихобот мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи ҳамин Қонун таъйин карда мешавад.

Номзад ба вакилии Маҷлиси маҳаллии вакилони халқ, узви комиссияи вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявии интихобот, инчунин комиссияи ҳавзавӣ ё участкавии интихобот, ки овоздиҳиро дар ҳамон ҳавза ё участкаи интихоботӣ ташкил мекунад, буда наметавонад. (ҚҶТ аз 26.07.14 с., № 1087; аз 27.11.14 с., № 1133)

Як шахс метавонад узви танҳо як комиссияи интихобот бошад.

Моддаи 17. Ташкили кори комиссияҳои интихобот

Раис, муовини раис ва котиби комиссияи интихобот дар маҷлиси якуми комиссияи дахлдор интихоб карда мешаванд.

Маҷлиси комиссияи интихобот дар сурате салоҳиятдор мебошад, ки дар маҷлис на камтар аз се ду ҳиссаи ҳайати комиссия иштирок намояд. Қарори комиссия ба тариқи овоздиҳии ошкоро бо овози аксарияти ҳайати умумии аъзои хузурдоштаи комиссия қабул карда мешавад. Аъзои комиссия, ки бо қарори он рози нестанд, хақ доранд ақидаи махсуси худро баён намоянд, ки он дар шакли хаттӣ ба протокол замима карда мешавад. Дар сурати баробарии овозҳо овози раис ҳалкунанда мебошад. (ҚҶТ аз 26.07.14 с., № 1087)

Комиссияҳои интихоботӣ дар фаъолияти худ ба ҳеҷ мақомоти давлатӣ вобаста нестанд. Иҷрои қарори комиссияи интихобот, ки дар доираи ваколати он қабул шудааст, барои комиссияҳои поении интихобот, ҳамчунин мақомоти дахлдори маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва ташкилотҳо ҳатмӣ мебошад. (ҚҶТ аз 26.07.14 с., № 1087)

Мақомоти давлатӣ ва мақомоти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, шахсони мансабдор вазифадоранд, ки ба комиссияи интихобот барои амалӣ гардонидани ваколатҳояшон кӯмак расонанд, маълумотҳои барои корашон зарурро муҳайё намоянд.

Мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои давлатӣ барои тайёри ва гузаронидани интихобот биноҳо, таҷҳизот, воситаҳои нақлиёт ва маводи заруриро ройгон ба ихтиёри комиссияҳои интихобот вогузор менамоянд. (ҚҶТ аз 26.07.14 с., № 1087)

Биноҳо ва таҷхизоти корхонаҳо ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ барои кори комиссияҳои интихобот дар асоси иҷора аз ҳисоби буҷаи ҷумҳуриявӣ истифода бурда мешаванд.

Комиссияи интихобот хақ дорад оид ба масъалаҳои тайёри ва гузаронидани интихобот ба мақомоти дахлдори давлатӣ ва мақомоти иттиходияҳои ҷамъиятӣ, ба ташкилотҳо, шахсони мансабдор муроҷиат намояд ва онҳо вазифадор ҳастанд, ки масъалаи ба миён гузоштаро барраси намуда, дар мӯҳлати на дертар аз се рӯз ба комиссияи интихобот ҷавоб диҳанд.

Раис, муовини раис, котиб ё дигар аъзои комиссияи интихобот бо қарори он дар давраи тайёрӣ ва гузаронидани интихобот мумкин аст аз иҷрои вазифаҳои истеҳсолӣ ё хизматӣ озод карда шаванд, ки дар ин ҳол маоши миёнаи онҳо аз ҳисоби маблағи барои гузаронидани интихобот ҷудокарда дода мешавад. (ҚҶТ аз 26.07.14 с., № 1087)

Комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавии интихобот баъд аз он, ки Маҷлиси дахлдори вакилони халқ ваколатҳои вакилонро оид ба ҳавзаҳои дахлдори интихоботӣ тасдиқ кард, фаъолияти худро катъ менамоянд. (ҚҶТ аз 26.07.14 с., № 1087)

Комиссияи интихоботии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, комиссияҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ фаъолияти худро баъд аз интихоб шудани вакилон аз ҳамаи ҳавзаҳои интихоботӣ ба Маҷлисҳои дахлдори вакилони халқ қатъ менамояд. (ҚҶТ аз 26.07.14 с., № 1087)

Моддаи 18. Баррасии шикоят аз қарори комиссияҳои интихобот

Мақомоти ҳизбҳои сиёсӣ, ки номзадҳоро ба вакили пешбари намудаанд, номзадҳо ба вакили, шахсони боэътимод, нозирон ва интихобкунандагон аз қарори комиссияи интихобот дар давоми даҳ рӯзи баъд аз қабули қарор ба комиссияи болоии интихобот ё суд шикоят карда метавонанд. Шикоят бояд дар давоми се рӯзи баъд аз расиданаш ва агар то рӯзи интихобот камтар аз шаш руз монда бошад, фавран баррасӣ карда шавад.

IV. РӮЙХАТИ ИНТИХОБКУНАНДАГОН

Моддаи 19. Рӯйхати интихобкунандагон ва тарзи тартиб додани он

Рӯйхати интихобкунандагон доир ба ҳар кадом участкаи интихобот тартиб дода мешавад ва ба он раис ва котиби комиссияи участкавии интихобот имзо мекунанд. Барои иштирок дар кори тартиб додани рӯйхат комиссияи участкавии интихобот метавонад намояндагони аҳли ҷамъиятро ҷалб намояд.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ интихобкунандагонро ба ҳисоб мегиранд ва ба комиссияҳои участкавии интихобот дар бораи интихобкунандагони сокини қаламрави дахлдор маълумотро барои тартиб додани рӯйхати интихобкунандагон медиханд. (ҚҶТ аз 26.07.14 с., № 1087)

Рӯйхати интихобкунандагон - хизматчиёни ҳарбие, ки дар қисмҳои ҳарбӣ мебошанд, инчунин аъзои оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар интихобкунандагон, агар онҳо дар маҳаллӣ ҷойгиршавии қисмҳои ҳарбӣ зиндаги кунанд, дар асоси маълумоти пешниходкардаи командирони қисмҳои ҳарбӣ тартиб дода мешавад. Хизматчиёни ҳарбие, ки берун аз қисмҳои ҳарбӣ зиндаги мекунанд, дар асосҳои умумӣ дар ҷои истиқомат ба рӯйхати интихобкунандагон дохил карда мешаванд.

Рӯйхати интихобкунандагон дар он участкаҳои интихобот, ки дар хонаҳои истироҳат, санаторияҳо, беморхонаҳо ва дигар муассисаҳои табобатии доимӣ ташкил шудаанд, дар асоси маълумоти пешниҳодкардаи роҳбарони ҳамин муассисаҳо тартиб дода мешавад. Фамилияи интихобкунандагон дар рӯйхати интихобкунандагон бо тартибе, ки барои ташкили овоздиҳӣ осон аст, зикр мешавад.

Ба рӯйхат фамилия, ном, номи падар, санаи таваллуд ва нишонии ҳар интихобкунанда дохил карда мешавад.

Моддаи 20. Тартиби ба рӯйхати интихобкунандагон дохил кардани шаҳрвандон

Ба рӯйхати интихобкунандагон шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки то рӯзи интихобот ё дар рӯзи интихобот ба синни 18 расидаанд, дар вақти тартиб додани рӯйхат дар қаламрави ҳамон участкаи интихобот доимӣ ё муваққатан зиндаги мекунанд ва барои иштирок намудан дар овоздиҳӣ ҳуқуқ доранд, дохил карда мешаванд.

Ҳар интихобкунанда танҳо ба як рӯйхати интихобкунандагон дохил шуда метавонад.

Интихобкунандае, ки дар қаламрави участкаи мазкури интихобот зиндаги мекунад ва бо сабабе ба рӯйхат дохил нашудааст, бо қарори комиссияи участкавии интихобот ба руйхати иловагӣ дохил карда мешавад. (ҚҶТ аз 26.07.14 с., № 1087)

Моддаи 21. Шиносонидани шаҳрвандон бо рӯйхати интихобкунандагон ва ҳуқуқи шикоят кардан аз ғалати рӯйхати интихобкунандагон

Рӯйхати интихобкунандагон барои шиносшавии умум 15 рӯз пеш аз интихобот ва дар участкаҳои интихоботие, ки дар санаторияҳо ва хонаҳои истироҳат, беморхонаҳо ва дигар муассисаҳои табобатии доимӣ ташкил шудаанд, дар маҳалҳои дурдаст ва душворгузар ду рӯз пеш аз интихобот пешниҳод карда мешаванд. Комиссияи участкавии интихобот интихобкунандагонро аз маҳал ва вақти шиносои бо рӯйхат огоҳ мекунад.

Ба шаҳрвандон имконият дода мешавад, ки дар бинои комиссияи участкавии интихобот бо рӯйхати интихобкунандагон шинос шуда, дурустии тартиб дода шудани онро тафтиш намоянд.

Шаҳрвандон ҳуқуқ доранд дар хусуси ба рӯйхат дохил нашудан, нодуруст дохил кардан ё аз рӯйхат баровардан, инчунин саҳву хатоҳои дар рӯйхат ҷойдошта шикоят намоянд. Ариза дар бораи ҷой доштани саҳву хатоҳои дар рӯйхати интихобкунандагон ҷойдошта аз ҷониби комиссияи участкавии интихобот баррасӣ карда мешавад. Комиссияи участкавии интихобот вазифадор аст аризаро дар мӯҳлати на дертар аз ду рӯзи то интихобот ва дар рӯзи интихобот фавран дида баромада, ба рӯйхат ислоҳоти зарурӣ ворид намояд ё ба аризадиҳанда нусхаи қарори асоснокро дар бораи рад гардидани аризааш супорад. Аз хусуси қарори қабулнамудаи Комиссияи участкавии интихобот бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суд шикоят кардан мумкин аст. Қарори суд қатъист. Комиссияи участкавии интихобот тибқи қарори суд ба рӯйхати интихобкунандагон ислоҳ ворид менамояд. (ҚҶТ аз 26.07.14 с., № 1087)

Моддаи 22. Таъмини ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандон ҳангоми иваз кардани маҳалли истиқомат

Дар давраи баъди барои шиносоии умум пешниҳод намудани рӯйхати интихобкунандагон ва то рӯзи интихобот интихобкунандае, ки рӯзи интихобот имконияти дар ҷои истиқомат будан надорад (ҳангоми дар сафари хизмати будан, ба муассисаҳои табобати рафтан ва дигар сабабҳо) ҳуқуқ дорад бо пешниҳоди паспорт ё дигар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияташ аз комиссияи участкавии интихоботи маҳалли истиқоматаш варақаи интихобот талаб кунад, қарори қабулнамудаашро дар лифофаи сарбаста ба комиссияи участкавии интихобот супорад. Комиссияи участкавии интихобот дар ин хусус ба рӯйхати интихобкунандагон қайди дахлдор карда, таърихашро нишон медиҳад. Ба лифофаи накушода дар ҳузури интихобкунанда мӯҳр гузошта мешавад. Комиссияи участкавии интихобот барои нигоҳдории лифофа масъул аст.

V. ПЕШБАРИИ НОМЗАДҲО БА ВАКИЛӢ ВА БА ҚАЙД  ГИРИФТАНИ НОМЗАДҲО

Моддаи 23. Таъйин кардани интихоботи вакилон

Интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия одатан дар як вақт аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон камаш 75 рӯз пеш аз хатми мўҳлати ваколати вакилон таъйин карда мешавад. (ҚҶТ аз 26.07.14 с., № 1087)

Дар бораи рӯзи интихобот на дертар аз се рӯзи баъди таъйин кардани он дар матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма хабар дода мешавад. (ҚҶТ аз 26.07.14 с., № 1087)

Моддаи 24. Ҳуқуқи пешбарӣ кардани номзадҳо ба вакили

Барои пешбари намудани номзадҳои вакилони халқ ба Маҷлисҳои вакилони халқи вилоятҳо ҳизбҳои сиёси ва ҳамчунин шаҳрвандон аз тариқи худпешбари ҳуқуқ доранд.

Интихобот ба Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ва шаҳри Душанбе ба тартибе гузаронида мешавад, ки барои Маҷлисҳои вакилони халқи вилояти пешбини шудааст.

Барои пешбари намудани номзадҳои вакилони халқ ба Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳрӣ ва ноҳиявӣ ҳизбҳои сиёси ва ҳамчунин шаҳрвандон аз тарики худпешбари ҳуқуқ доранд. Ҳизбҳои сиёсӣ ҳуқуқ доранд шахсонеро, ки аъзои ҳизби сиёсӣ нестанд, ба вакилии Маҷлиси маҳаллии вакилони халқ номзад пешниҳод намоянд. (ҚҶТ аз 26.07.14 с., № 1087)

Ҳизби сиёсӣ ба шарте, ки аз тарафи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Точикистон бо тартиби муқарраркардаи Қонун ба қайд гирифта шуда бошад, номзадро ба вакили пешбари карда метавонад.

Моддаи 25. Тартиби пешбарии номзадҳо ба вакили

Пешбари намудани номзадҳо ба вакили 50 рӯз пеш аз интихобот оғоз ёфта, 35 рӯз то интихобот хатм мегардад.

Пешбарии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси вакилоии халқи вилоятҳо аз тарафи мақомоти шаҳри ва ноҳиявии ҳизбҳои сиёсӣ (конференсияҳо, пленумҳо) сурат мегирад.

Пешбарии номзадҳо ба Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳрию ноҳиявӣ аз тарафи мақомоти дахлдори шаҳрию ноҳиявии ҳизбҳои сиёсӣ (конференсияҳо, пленумҳо) сурат мегирад.

Аз мақомоти ҳизбҳои сиёсии шаҳрию ноҳиявӣ як нафари номзад ба вакилии маҷлиси вилояти, шаҳри ва ноҳиявӣ ба ҳар як ҳавзае, ки дар қаламрави шаҳр, ноҳия воқеъанд, пешбари карда мешавад.

Тартиби хостагирии номзадҳоро ҳудӣ хизбҳои сиёсӣ муайян мекунанд.

Дар бораи пешбарии номзад ба вакили аз хизбҳои сиёсӣ протокол тартиб дода мешавад.

Дар бораи қарори қабулшуда ба номзад ба вакили дар мӯҳлати ду рӯз хабар дода мешавад.

Дар сурати худпешбари номзад имзои сад нафар интихобкунандагонро аз ҳавзаи мазкур бо якҷоягии ариза пешниҳод менамояд.

Моддаи 26. Талабот аз номзадҳо ба вакилӣ

Номзадии шаҳрванде ба вакили пешбари карда мешавад, ки забони давлатиро донад ва дар қаламрави вилоят, шаҳр ва ноҳияи дахлдор кор ва ё зиндаги мекунад. (ҚҶТ аз 1.08.12с., №898; аз 26.07.14 с., № 1087) 

Аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, судяҳо, прокурорҳо, роҳбарони мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ва муовинони онҳо, роҳбарони сохторҳои ҳудудии мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ва муовинони онҳо, инчунин роҳбарони сохторҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар як вақт вакили Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи дахлдор буда наметавонанд ва ба шарте ҳамчун номзад ба қайд гирифта мешаванд, ки дар аризаи худ ҳангоми вакил интихоб шудан аз вазифа рафтанашонро изҳор карда бошанд. (ҚҶТ аз 27.11.14 с., № 1133)

Ҳодимони касбии ташкилотҳо ва иттиходияҳои динӣ баъди истеъфо аз вазифаашон ба қайд гирифта мешаванд.

Шаҳрвандони зерин ҳуқуқи ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ номзад шуданро надоранд:

-шаҳрвандоне, ки ба талаботи муқарраркардаи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни конститутсионии мазкур ҷавоб дода наметавонанд; (ҚҶТ аз 26.07.14 с., № 1087) 

-шаҳрвандоне, ки суд онҳоро ғайри қобили амал донистааст ё бо ҳукми суд дар ҷойҳои маҳруми аз озоди нигоҳ дошта мешаванд ва ё бо қарори суд дар муассисаҳои табобати маҷбури мебошанд;

 - хизматчиёни  ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар қўшуну сохторҳои ҳарбӣ, вазорату идораҳо, ки дар онҳо Қонун хизмати ҳарбиро пешбинӣ намудааст, шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, мақомоти гумрук ва Агентии назорати маводи нашъовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон; (ҚҶТ аз 12.05.07 с., № 257) 

 -шаҳрвандоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳои барқасдонаи вазнин ва махсусан вазнин маҳкум шудаанд, новобаста аз гузаштани мӯҳлат ва бардошта шудани доғи судиашон; (ҚҶТ аз 26.07.14 с., № 1087) 

- шаҳрвандоне, ки доғи судиашон бардошта нашудааст ;

- шаҳрвандоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳои ба муқобили асосҳои сохти конститусионӣ ва амнияти давлат ва дигар ҷиноятҳои барқасдонаи вазнин ва ё махсусан вазнин аз тарафи мақомоти таҳқику тафтишот гумонбаршудаанд ё нисбати онҳо кофтуков эълон карда шудааст, ба истиснои иштироккунандагони муковимати сиёсию низомӣ, ки нисбати онҳо авф татбиқ карда шудааст. (ҚҶТ аз 26.07.14 с., № 1087) 

Моддаи 27. Бақайдгирии номзадҳо ба вакилӣ

Комиссияи ҳавзавии интихобот номзадҳоро, ки аз тарафи ҳизбҳои сиёсӣ ё ба таври худпешбари пешниҳод шудаанд ба қайд мегирад. (ҚҶТ аз 26.07.14 с., № 1087) 

Бақайдгирии номзадҳо ба вакили 35 рӯз пеш оғоз ёфта, 20 рӯз пеш аз интихобот ба охир мерасад.

Қарор дар бораи бақайдгирии номзадҳо ба вакили дар сурати мавҷуд будани ҳуҷҷатҳои зерин қабул карда мешавад:

қарори мақоми шаҳри, ноҳиявии ҳизби сиёсӣ дар бораи пешбари кардани номзадҳо ба вакили;

ариза дар бораи аз вазифа рафтан дар сурати вакил интихоб шуданашон барои шахсоне, ки дар қисми дуюми моддаи 26-и ҳамин Қонун зикр ёфтаанд.

Комиссияи ҳавзавии интихобот дар бораи ба қайд гирифтани номзадҳо ба вакили протокол тартиб дода, онро ҳамроҳи аризаи номзад ба вакили, ки рози шудааст номзадиаш дар ҳамон ҳавзаи интихобот ба овоз монда шавад, ба комиссияи дахлдори вилояти, шаҳрӣ, ноҳиявии интихобот пешниҳод мекунад.

Ҳамаи номзадҳо ба вакили, ки бо риояи талаботи ҳамин Қонун пешбари шудаанд, ҳатман бояд ба қайд гирифта шаванд. Дар сурати рад шудани бақайдгирии номзад, комиссияи дахлдори интихобот вазифадор аст, ки дар давоми як шабонарӯз ба номзад ва ҳизби сиёсӣ нусхаи қарори комиссияи интихоботро бо баёни асосҳои радкунӣ пешниҳод намояд.Аз хусуси рад карда шудани бақайдгирии номзад ба вакили ҳизбҳои сиёсӣ, ки номзад ба вакили пешбари намудаанд ва номзади мустақил дар мӯҳлати се рӯз ба комиссияи интихоботии болои шикоят карда метавонанд. (ҚҶТ аз 26.07.14 с., № 1087) 

Номзад ба вакили аъзои комиссияи дахлдори интихоботии вилояти, шаҳрӣ, ноҳиявӣ, инчунин комиссияҳои ҳавзавӣ ё участкавии интихобот, ки овоздиҳиро дар ҳамон ҳавзаи интихобот ташкил мекунанд, буда наметавонад. Шахсе, ки номзад ба вакили пешбари шудааст ва аъзои яке аз ин комиссияҳо мебошад, аз вақти ба қайд гирифта шудани номзадиаш ба вакили аз вазифаи аъзои комиссия озод карда мешавад.

Комиссияи ҳавзавии интихобот на дертар аз рӯзи чоруми баъди ба қайд гирифтани номзадҳо ба вакили дар бораи бақайдгири бо нишон додани ному насаб, соли таваллуд, вазифа (шуғл), хизбият, ҷои кор ва истикомати ҳар кадом номзад ба вакили ахбор нашр менамояд.

Номзадҳои ба вакилии дар яке аз ҳавзаҳои интихоботи Маҷлиси маҳаллӣ ба қайд гирифташуда дар дигар ҳавзаи интихобот, аз ҷумла дар сурати пас гирифтани номзадиашон дар ҳавзаи интихоботие, ки аввал ба қайд гирифта шуда буданд, барои бақайдгири ба ҳавзаи дигари интихобот пешниҳод шуда наметавонанд.

Ба ҳар кадоми номзади ба қайд гирифташуда, комиссияи ҳавзавии интихобот дар давоми се рӯзи баъди ба қайд гирифтан шаҳодатнома месупоранд.

Моддаи 28. Бекор кардани қарори пешбарии номзад ба вакили. Номзадии худро пас гирифтани номзад

Мақоми ҳизбӣ сиёсӣ, ки номзад ба вакили пешбари кардааст, ҳуқуқ дорад ҳар вақт то интихобот қарори худро дар бораи пешбарии номзад ба вакили бекор кунад. Қарор дар хусуси ин масъала бо тартибе, ки барои пешбарии номзад ба вакили пешбини шудааст, қабул карда, ба комиссияи дахлдори ҳавзавии интихобот пешниҳод карда мешавад.

Номзад ба вакили ҳар вақт то интихобот номзадии худро пас гирифта, бо ариза дар ин бора ба комиссияи дахлдори ҳавзавии интихобот муроҷиат карда метавонад.

Комиссияи интихоботие, ки номзадро ба вакили ба қайд гирифтааст, дар бораи бекор кардани қарори пешбарии номзад ба вакили ё дар бораи аз номзадӣ даст кашидани номзад ба маълумоти аҳолии ҳавзаи интихобот, мақоми ҳизби сиёсӣ, ки номзад ба вакилиро пешбари намудааст ва номзади мустақил мерасонад.

Моддаи 29. Тартиби пешбарии номзадҳо ба ҷои номзадҳои хориҷшуда

Дар сурати хориҷ шудани номзадҳо ба вакили баъди итмоми мӯҳлати қайди номзадҳо ба вакили, агар дар ҳавзаи интихоботӣ дигар номзадҳо набошанд, комиссияи ҳавзавии интихобот бо иҷозати комиссияи дахлдори интихоботии вилояти, шаҳрӣ, ноҳиявӣ ба мақомоти ҳизбҳои сиёсӣ ва интихобкунандагони ҳавзаи интихоботӣ муроҷиат намуда, таклиф мекунад, ки номзадҳои нав ба вакили пешбари карда шаванд.

Дар сурати понздаҳ руз пеш аз cap шудани интихобот хориҷ шудани номзадҳо ба вакили интихоботи вакил аз ҳавзаи дахлдори интихобот дар давоми ду моҳи баъди интихоботи асоси гузаронида мешавад.

Моддаи 30. Бюллетени интихобот

Ба бюллетени интихобот бо тартиби алифбо ному насаби номзад ба вакили, соли таваллуд, ҳизбият вазифа (шуғл), ҷои кор ва истиқомат, мақоме, ки ӯро номзад ба вакили пешбарӣ намудааст, нишон дода мешавад. Ба бюллетени интихобот баъд аз рӯйхати номзадҳо сатри алоҳида бо ифодаи «муқобили ҳамаи номзадҳо» нишон дода мешавад. Бюллетенҳои интихобот ба забони давлати, инчунин бо қарори комиссияи дахлдори интихоботӣ вилоятӣ, шаҳри, ноҳиявӣ бо забонҳое, ки аксарияти кулли аҳолии ҳавзаи интихоботӣ истифода мебаранд, чоп карда мешавад. (ҚҶТ аз 27.11.14 с., № 1133)

Комиссияҳои участкавии интихобот бюллетенҳоро аз комиссияи ҳавзавӣ на дертар аз се рузи то интихобот мегиранд. Додану гирифтани бюллетенҳоро раис ё моувини раис ё котиби комиссияи дахлдори ҳавзавӣ ва участкавӣ бо имзои худ тасдиқ менамоянд.

Биное, ки бюллетенҳои интихобот мавҷуданд, муҳр зада, барои посбонӣ ба мақомоти корҳои дохилӣ супорида мешавад.

VI. КАФОЛАТ БА ФАЪОЛИЯТИ НОМЗАДҲО БА ВАКИЛИ

Моддаи 31. Ҳуқуқи номзад ба вакили барои иштирок дар маъракаи пешазинтихоботӣ

Номзадҳо ба вакилии Маҷлисҳои маҳаллӣ аз вақти пешбари шудани онҳо дар маъракаи пешазинтихоботї дар асоси шартҳои баробар иштирок менамоянд. Номзадҳо ба вакили ҳуқуқ доранд дар маҷлисхою машваратхои пеш аз интихоботи ва дигар мачлисхо иштирок намоянд, тавассути матбуот, телевизион ва радио баромад кунанд.

Макомоти давлатию чамъияти, роҳбарони ташкилотҳо ва макомоти ташаббускори ҷамъятӣ вазифадоранд, ки барои ташкили вохуриҳо бо интихобкунандагон, ба даст овардани маълумотномаю хабарномаҳо ба номзад ба вакили кӯмак намоянд. (ҚҶТ аз 26.07.14 с., № 1087) 

Моддаи 32. Барномаи пешазинтихоботии номзад ба вакилӣ

Номзад ба вакили метавонад бо барномаи фаъолияти ояндаи хеш баромад намояд. Барномаи номзад ба вакили набояд мухолифи Конститутсия (Сарқонуни) ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад. Номзад ба вакили дар сурати интихоб шуданаш дар назди интихоботкунандагон барои иҷрои барномаи пешазинтихоботияш масъул аст. (ҚҶТ аз 26.07.14 с., № 1087) 

Моддаи 33. Шахсони боэътимоди номзад ба вакили

Номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқӣ вилоят метавонад то се ва Маҷлиси вакилони халқи шаҳриву нохиявӣ то ду нафар шахси боэтимод дошта бошад, ки онҳо дар гузаронидани маъракаи интихоботӣ ба ӯ ёри мерасонанд. Барои вакил интихоб шуданаш ташвикот мебаранд, дар муносибат бо мақомоти давлатию ҷамъиятӣ, интихобкунандагон ва комиссияҳои интихоботӣ манфиатҳои ӯро ҳимоя менамоянд.

Номзад ба вакили шахсони боэътимодро ихтиёран муайян мекунад, дар бораи онҳо ба комиссияи ҳавзавии интихобот барои ба қайд гирифтанашон хабар медиҳад. Комиссияи интихобот баъди ба кайд гирифтани шахсони боэътимод ба онхо шаходатнома медихад. Номзад ба вакилӣ хақ дорад, ки шахсони боътимоди худро хар вақт то оғози интихобот иваз намояд. Шахси боэътимод наметавонад, ки узви ягон комиссияи ҳавзавии интихобот бошад. Шахсони боэътимод ҳангоми маҷлисҳои пешазинтихоботӣ бо ҳоҳиши номзадҳо ба вакили метавонанд аз иҷрои вазифаҳои истеҳсолӣ ё хизматиашон озод бошанд, ки дар ин ҳол музди миёнаи корашон аз ҳисоби маблағи барои интихобот ҷудокарда пардохта мешавад.

Моддаи 34. Ташвиқоти пешазинтихоботӣ

Ташвиқоти пешазинтихоботӣ аз рӯзи бақайдгирии номзад оғоз гардида, як шабонарӯз пеш аз овоздиҳӣ қатъ мегардад. (ҚҶТ аз 26.07.14 с., № 1087) 

Номзадҳо ба вакилӣ ҳуқуқ доранд воситаҳои ахбори оммаро бо асосҳои баробар истифода баранд, вохӯриҳои худро бо интихобкунандагон дар шакли барои ҳар ду ҷониб мувофиқ ташкил намоянд. Комиссияи участкавии интихобот якҷоя бо мақомоти иҷроияи маҳалли ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот барои гузаронидани вохӯриҳо мусоидат намуда, дар бораи вақту маҳалли баргузории вохӯриҳо ба интихобкунандагон хабар медиҳанд. (ҚҶТ аз 26.07.14 с., № 1087) 

Ба номзадҳо ба вакилӣ ҳуқуқ дода мешавад, ки расонаҳои ахбори оммавиро баробар истифода кунанд, бо интихобкунандагони худ чи дар маҷлисҳо ва чи ба шакле вохуранд, ки барои интихобкунандагон мувофиқ аст. Маҷлиси интихобкунандагонро комиссияи участкавии интихобот якҷоя бо раисони шаҳру ноҳия мегузаронанд. Дар бораи вақту ҷои гузаронидани маҷлису вохуриҳо ба интихобкунандагон на дертар аз се рӯз пеш аз гузаронидани онҳо хабар дода мешавад.

Ба ташвиқоти пешазинтихоботї мубоҳисаҳои амали хос буда, бояд ҳодисаҳои беэҳтироми нисбати ин ё он номзад ба вакилӣ роҳ дода нашавад.

Ташвиқот дар рӯзи интихобот манъ аст.

Моддаи 35. Барои иштирок дар маъракаи интихобот аз вазифаҳои хизматӣ ё истеҳсолӣ озод кардани номзадҳо ба вакилии Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ

Номзад ба вакили баъди ба қайд гирифта шудан дар вақти гузаронидани вохуриҳо бо интихобкунандагон, баромад кардан дар маҷлисҳои пешазинтихоботӣ, гирдиҳамоиҳо, аз тариқи телевизион ва радио, аз иҷрои вазифаҳои истеҳсолӣ ва хизматӣ озод карда мешавад, ки дар ин ҳол маоши миёнаи ӯ аз ҳисоби маблағи барои гузаронидани интихобот ҷудо карда, пардохта мешавад.

Моддаи 36. Ба бе пул сафар кардани номзад ҳақ доштани номзад ба вакилӣ

Номзад ба вакилии Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ баъди аз қайд гузаштан ҳақ дорад бо тамоми намудҳои наклиёти давлатии мусофиркаш (ба истиснои такси) дар ҳудуди ҳавзаи интихоботӣ бе пул сафар кунад. Номзад ба вакили, ки берун аз ҳудуди ҳавзаи интихобот зиндагӣ мекунад, барои ба ҳавзаи интихобот сафар кардан ва аз он ҷо ба манзил баргаштан ҳамин гуна ҳуқуқ дорад.

Моддаи 37. Дахлнопазирии номзад ба вакилӣ

Номзад ба вакилии Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқро ба истиснои дастгир намудани ӯ ҳангоми содири ҷиноят, бе розигии комиссияи дахлдори интихоботи вилоят, шаҳр, ноҳия ба ҷавобгирии ҷиноӣ кашида, ҳабс карда ё худ гирифтори чораҳои ҷазои маъмурие, ки суд муайян кардааст, шуда наметавонад.

VII. ТАРТИБИ ОВОЗДИҲӢ ВА ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ ИНТИХОБОТ

Моддаи 38. Вақт ва ҷои овоздиҳӣ

Дар интихоботи вакилон дар Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ овоздиҳӣ дар рӯзи интихобот аз соати 6 то соати 20 вақти маҳалли гузаронида мешавад. Комиссияи участкави вақту ҷойи овоздиҳиро ба интихобкунандагон 10 рӯз пеш аз интихобот хабар медиҳад. Дар участкаҳои интихобот, ки дар санаторияву хонаҳои истироҳат, беморхона, муолиҷагоҳҳои дигари доими, ҳамчунин дар маҳалҳои дурдаст ва душворгузар ташкил карда шудаанд, комиссияи участкавии интихобот метавонад овоздиҳиро ҳар вақте, ки ҳамаи интихобкунандагони рӯйхатшуда овоз дода бошанд тамом шуда эълон намояд.

Моддаи 39. Ташкили овоздиҳӣ

Интихобкунандагон дар биноҳои махсусе овоз медиҳанд, ки бо теъдоди кофии ҳуҷра ё хонаҳои барои овоздиҳии пинхонӣ таҷҳизонида, ҷои додани бюллетенҳои интихобот  муайян карда, куттиҳои интихобот гузошта шудаанд.

Куттиҳои интихобот  тавре гузошта мешаванд, ки ҳангоми наздашон омадани овоздиҳандагон бояд ҳатман аз ҳуҷра ва хонаҳои овоздиҳии пинҳони гузаранд.

Комиссияи участкавии интихобот барои ташкили овоздиҳи, махфи доштани изҳори хоҳиши интихобкунандагон таҷҳизонидани бино ва риоя шудани тартиботи зарурӣ масъул мебошад.

Раиси комиссияи интихоботи рӯзи интихобот пеш аз огози овоздиҳи дар хузури ҳамаи аъзои комиссия куттиҳои интихоботро аз назар гузаронида, онҳоро сургуҷ мекунад ё муҳр мезанад.

Ҳар интихобкунанда шахсан худаш овоз медиҳад, Ба ҷои шахси дигар овоз додан манъ аст. Додани зиёда аз як бюллетен ба интихобкунанда манъ аст. Бюллетенҳои интихоботро ба интихобкунандагон комиссияи дахлдори интихобот дар асоси рӯйхати интихобкунандагони участкаи интихобот баъди нишон додани паспорт ё шаҳодатномаи дигари тасдиқкунандаи шахсияти интихобкунанда медиҳад.

Ҳар интихобкунанда бюллетени интихоботи гирифта, дар рӯйхати интихобкунандагон дар муқобили фамилияи худ имзо мекунад.

Моддаи 40. Тартиби овоздиҳӣ

Бюллетенҳои интихоботро интихобкунандагон дар ҳуҷра ё хонаи овоздиҳии пинҳони пур мекунанд. Ҳангоми пур кардани бюллетен ғайр аз шахси овоздиҳанда ҳозир будани каси дигар манъ аст. Интихобкунандае, ки бюллетенро шахсан худаш пур карда наметавонад, ҳак дорад бо хости худаш ғайр аз узви комиссияи интихобот ҳар каси дигарро ба ҳуҷра ё хонаи овоздиҳи даъват кунад. Интихобкунанда дар бюллетени интихобот дар квадрати холӣ дар муқобили насаб, ном ва номи падари номзад, ки ба тарафдориаш овоз медиҳад, аломати ҷамъ «+» мегузорад. Дар мавриди зидди ҳамаи номзадҳо овоз додан интихобкунанда дар квадрати холии сатри «муқобили ҳамаи номзадҳо» аломати ҷамъ «+» мегузорад. Бюллетени пуркардаашро интихобкунанда ба қуттии интихобот меандозад. Ба интихобкунандагоне, ки бинобар вазъи саломати ва дигар сабабҳо ба бинои овоздиҳи шахсан ҳозир шуда наметавонанд, комиссияи участкавии интихобот мувофиқи хоҳиши онҳо ба яке аз аъзоёни комиссия супориш медиҳад, ки овоздиҳиро дар ҷои истиқомати ҳамин интихобкунандагон ташкил намоянд, ки дар ин бора дар рӯйхати интихобкунандагон қайд карда мешавад. Интихобкунандагоне, ки бо ягон сабаб ба рӯйхати интихобкунандагон дохил карда нашудаанд, дар асоси ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият дар маҳалли истиқоматиашон ба замимаи рӯйхати интихобкунандагон дохил мешаванд. (ҚҶТ аз 27.11.14 с., № 1133)

Моддаи 41. Ҳисоб кардани овозҳо дар участкаи интихоботӣ

Баъди тамом шудани овоздиҳи, пеш аз кушодани куттиҳои овоздиҳи дар ҳузури аъзоёни комиссияи участкави лифофаҳои сарбаста ва варакаҳои овоздиҳи ба қутти партофта мешаванд.

Комиссияи участкавии интихобот ҳамаи бюллетенҳои интихоботии истифоданашударо ҳисоб ва ботил  мекунад.

Куттиҳои овоздиҳи аз тарафи комиссияи участкавии интихоботи дар ҳузури ҳамаи аъзои он баъди аз тарафи раиси комиссия тамомшуда эълон гардидани овоздиҳи кушода мешаванд. Кушодани куттиҳои овоздиҳи то ҳатми овоздиҳи манъ аст.

Ҳисобкунии овозҳо дар участкаи интихобот  алоҳида-алоҳида аз рӯи ҳавзаҳои интихобот оид ба Маҷлиси дахлдори вакилони халқ ва ҳар номзад ба вакили гузаронида мешавад.

Комиссияи участкавии итихобот мувофиқи рӯйхати интихобкунандагон шумораи умумии интихобкунандагони участка, ҳамчунин шумораи интихобкунандагонеро, ки бюллетен гирифтаанд, муқаррар мекунад. Дар асоси бюллетенҳо ва варакаҳои дар куттиҳои интихоботи буда, комиссия муқаррар менамояд: шумораи умуми интихобкунандагони дар овоздиҳи ширкатварзида; шумораи овозҳои «муқобили ҳамаи номзадҳо» додашуда; шумораи овозҳои ба тарафдории ҳар номзад ба вакили ва шумораи овозҳои ба муқобили ваӣ додашуда; теъдоди бюллетенҳою варақаҳое, ки беэътибор дониста шудаанд. Аз рӯӣ фамилияҳои шаҳрвандоне, ки интихобкунандагон иловатан ба бюллетен ва варақаҳо дохил намудаанд, овозҳо ҳисоб карда намешаванд. (ҚҶТ аз 27.11.14 с., № 1133)

Бюллетенҳои интихоботии намунааш ғайри муқаррарӣ, ҳамчунин бюллетенҳою варақаҳое, ки дар онҳо ҳини овоздиҳи беш аз як номзад боқӣ мондааст, беэътибор дониста мешаванд. Бюллетенҳое, ки дар онҳо ҳамаи фамилияҳои номзадҳо ба вакили ҳат зада шудаанд, чун овозҳои ба муқобили ҳар номзад додашуда ҳисоб карда мешаванд. Ҳангоми пайдо гардидани шубҳа оид ба ҳаққони будан ё набудани бюллетену варақаи интихобот масъала аз ҷониби комиссияи участкавии интихобот бо роҳи овоздиҳи ҳал мегардад. (ҚҶТ аз 27.11.14 с., № 1133)

Натиҷаи ҳисоби овозҳо дар маҷлиси комиссияи участкавии интихобот барраси гардида, ба протокол дохил мешавад, ки онро раис, қотиб ва аъзои комиссия имзо намуда, он ба комиссияи дахлдори ҳавзавии интихобот фиристода мешавад.

Моддаи 42. Муқаррар кардани натиҷаи интихобот дар ҳавза

Дар асоси протоколҳои комиссияҳои участкавии интихобот, комиссияи ҳавзавии интихобот инҳоро муайян месозад:  шумораи умумии интихобкунандагони ҳавза; шумораи интихобкунандагоне, ки бюллетенҳо ва варакаҳои интихоботи гирифтаанд; шумораи интихобкунандагони дар овоздиҳи ширкатварзида; миқдори овозҳое, ки «ба тарафдори» ва миқдори овозҳое, ки «ба муқобили» ҳар номзад ба вакили дода шудаанд; шумораи овозҳое, ки «муқобили ҳамаи номзадҳо» дода шудаанд;  теъдоди бюллетенҳо ва варакаҳои беэътибор донисташуда. (ҚҶТ аз 27.11.14 с., № 1133)

Он номзад ба вакилии Маҷлиси маҳаллии вакилони халқ, ки дар интихобот аз нисф зиёди овозҳои интихобкунандаҳои дар овоздиҳи ширкатварзидаро гирифтааст, интихобгардида дониста мешавад.

Комиссияи ҳавзавии интихобот аз сабаби дар рафти интихобот ё ҳангоми ҳисобкунии овозҳо роҳ додан ба вайрон карда шудани ҳамин Қонун метавонад интихоботро беэътибор донад.

Интихобот барпонашуда дониста мешавад, агар дар он камтар аз нисфи интихобкунандагони ба рӯйхати интихобкунандагон дохилшуда иштироқ карда бошанд, ҳамчунин агар ҳамаи номзадҳо ба вакили хориҷ шуда бошанд.

Натиҷаи интихоботи Натиҷаҳои интихобот дар ҳавзаи интихобот дар маҷлиси ҳавзавии интихобот муқаррар гардида, ба протокол дохил карда мешавад. Протокол аз ҷониби раис, котиб ва аъзои комиссия ба имзо расида, ба комиссияи дахлдори интихоботии вилоят, ноҳия ва шаҳр шаҳр ва ноҳия фиристода (ҚҶТ аз 26.07.14 с., № 1087)мешавад.

Комиссияи интихоботии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия аз натиҷаи ниҳоии интихобот дар ҳавзаи интихоботии дахлдор ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад. (ҚҶТ аз 26.07.14 с., № 1087)

Моддаи 43. Бақайдгирии вакилон

Комиссияи интихоботии вилоят, шаҳр ва ноҳия дар асоси протоколҳои комиссияҳои интихобот, ки ба онҳо расидаанд, вакилони интихобшударо мутобиқан ба қайд мегирад. (ҚҶТ аз 26.07.14 с., № 1087)

Агар дар рафти интихобот ё ҳангоми ҳисоби овозҳо ва ё муайян намудани натиҷаи интихобот ба вайронқунии Қонуни конститутсионии мазкур роҳ дода шуда бошад, комиссияи интихобот метавонад интихоботро беэътибор донад ва вакилро ба қайд нагирад. (ҚҶТ аз 26.07.14 с., № 1087)

Моддаи 44. Чоп кардани натиҷаи интихоботӣ вакилон

Комиссияи дахлдори интихобот дар бораи натиҷаи интихобот ба Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Маҷлиси вакилони ҳалки вилоят, шаҳр ва ноҳия хабар ва рӯйхати вакилони интихобшударо дар муддати на дертар аз ҳафт рӯзи баъди интихобот бо тартиби алифбо ва бо зикри фамилия, ном ва номи падар, вазифа (шугл), ҳизбият, ҷои кор ва истиқомати вакил, ҳавзаи интихобот, ки у интихоб шудааст, дар матбуот чоп мекунад. (ҚҶТ аз 26.07.14 с., № 1087)

Моддаи 45. Шаҳодатнома ва нишони сарисинагии вакил

Комиссияи ҳавзавии интихобот баъди дар матбуот чоп кардани рӯйхати вакилоне, ки комиссияи дахлдори интихобот ба қайд гирифтааст, ба ҳар вакилӣ интихобшуда шаҳодатнома дар хусуси интихоб гардидани ӯ медиҳад.

Пас аз он ки Маҷлиси вакилони халқи дахлдор ваколатҳои вакилони интихобшударо тасдиқ менамояд, ба онҳо ба ҷои шаҳрдатнома дар хусуси вакил интихоб шуданашон шаҳодатномаи вакили дода мешавад. Ба  вакил ҳамчунин нишони дахлдори сарисинаги дода мешавад.

Шакл ва намуди шаҳодатномаи вакилӣ ва нишони сарисинагии дахлдорро Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад. (ҚҶТ аз 26.07.14 с., № 1087)

VIII. ОВОЗДИҲИИ ТАКРОРӢ, ИНТИХОБОТӢ ТАКРОРӢ ВА ИНТИХОБОТӢ ВАКИЛОН БА ҶОИ ВАКИЛОНИ ХОРИҶШУДА.

ИНТИХОБОТ ДАР ВОҲИДҲОИ МАРЗИЮ МАЪМУРИИ НАВТАШКИЛ

(ҚҶТ аз 26.07.14 с., № 1087)

Моддаи 46. Овоздиҳии такрорӣ

Агар дар ҳавзаӣ интихоботи номзадии беш аз ду кас барои вакил шудан ба овоз монда шуда бошад ва ҳеҷ яке аз онҳо интихоб нагардида бошад, комиссияи ҳавзавии интихобот дар хусуси овоздиҳии такрори дар ҳавза оид ба ду номзад ба вакили, ки овозҳои бештар гирифтаанд, қарор қабул менамояд. Комиссияи ҳавзавӣ дар бораи ин қарор ба комиссияи дахлдори интихобот, ба интихобкунандагони ҳавза хабар медиҳад. Овоздиҳии такрори дар ҳавзаи интихоботи дар муҳлати на дертар аз ду ҳафта бо риояи талаботи ҳамин Қонун дар ҳамон участкаҳои интихобот ва аз рӯи ҳамон рӯйхатҳои интихобкунандагон гузаронида мешавад.

Он номзад ба вакили, ки ҳангоми овоздиҳии такрори нисбат ба номзади дигар миқдори бештари овозҳои интихобкунандагони дар овоздиҳи иштироқкардаро соҳиб шудааст, интихобшуда ҳисоб меёбад, ба шарте, ки дар овоздиҳи на камтар аз нисфи интихобкунандагони дар рӯйхатҳо дохилбуда иштироқ карда бошанд.

Агар ҳангоми овоздиҳии такрори яке аз номзадҳо бо сабабе хориҷ шавад, овоздиҳи аз рӯи як номзад сурат мегирад. Зимнан, барои интихоб шудан ба номзад лозим аст, ки беш аз нисфи овозҳои шумораи интихобкунандагони дар овоздиҳи ширкатварзидаро гирад.

Ҳангоми овоздиҳии такрори комиссияи участкавии интихобот метавонад овоздиҳиро кадом соате набошад, тамомшуда эълон намояд, ба шарте, ки ҳамаи интихобкунандагони ба рӯйхат дохилшуда овоз дода бошанд.

Моддаи 47. Интихоботи такрори

Агар дар ҳавзаи интихобти номзадии на бештар аз ду кас барои вакил шудан ба овоз монда шуда бошад ва ҳеч яке аз онҳо интихоб нагардида бошад, ё интихобот дар ҳавзаи интихоботи барпонашуда ё беэътибор дониста шуда бошад ва ё овоздиҳии такрори имкон надода бошад, ки вакили интихобшуда муайян гардад, комиссияи дахлдори интихобот ба комиссияи ҳавзавии интихобот супориш медиҳад, ки дар ҳавзаи интихобот интихоботи такрори гузаронад. Дар ин ҳолат вай метавонад дар бораи зарурати гузаронидани интихоботи такрории комиссияҳои ҳавзави ва участкавии интихбот дар хайати нав қарор қабул  намояд. Овоздиҳи дар ҳамон участкаҳои интихобот ва мувофиқи рӯйхатҳои интихобкунандагон, ки барои интихоботи асоси тартиб дода шуда буданд, гузаронида мешавад.

Интихоботи такрори дар муҳлати на дертар аз ду моҳ баъд аз интихоботи асоси гузаронида мешавад. Ташкили комиссияҳои интихоботи, бақайдгирии номзадҳо ба вакили ва тадбирҳои дигар мувофиқи тартиби муқарраркардаи ҳамин Қонун сурат мегиранд.

Номзаде, ки дар рафти интихоботи асосӣ миқдори зарурии овозҳоро соҳиб нашудааст, наметавонад дар интихоботи такрорӣ дар ин ҳавза дубора чун номзад пешбарӣ шавад. (ҚҶТ аз 26.07.14 с., № 1087)

Моддаи 48. Гузаронидани интихоботӣ вакилон ба ивази вакилони хориҷшуда

Дар сурати аз ҷониби Маҷлиси дахлдори вакилони халқ беэътибор дониста шудани ваколатҳои вакилони алоҳида, бо сабабҳои дигар пеш аз муҳлат қатъ гардидани ваколатҳои вакилон дар ҳавзаи дахлдори интихобот дар мӯҳлати се моҳи баъд аз хориҷ шудани вакил интихоботи дигар гузаронида мешавад. Интихобот аз тарафи Маҷлиси дахлдори вакилони халқ на дертар аз ду моҳи пеш аз гузаронидани он таъин гардида, бо риояи талабҳои ҳамин Қонун ташкил карда мешавад. Дар ин ҳолат, комиссияи ҳавзавии интихобот 50 рӯз пеш, комиссияҳои участкави як моҳ пеш аз интихобот таъсис гардида, бақайдгирии номзадҳо ба вакили як моҳ қабл аз интихобот ба охир мерасад.

Дар сурати камтар аз як сол қабл аз ҳатми мӯҳлати ваколатҳои Маҷлиси даҳлдори вакилони халқ хориҷ шудани вакил интихоботи вакили дигар ба ивази вакили хориҷшуда гузаронида намешавад.

Моддаи 481. Интихобот дар воҳидҳои марзию маъмурии навташкил 

Интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар воҳидҳои марзию маъмурии навташкил дар сурате гузаронида мешавад, ки даъвати Маҷлиси маҳаллӣ вобаста ба иштирок надоштан ва ё шумораи ками вакилони Маҷлиси вакилони халқи дахлдор, ки ба ҳайати воҳиди марзию маъмурии навташкил дохил мешаванд, ғайриимкон аст.

Интихоботи вакилони Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ аз тарафи комиссияҳои интихоботии вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ на дертар аз ду моҳи баъди ташкил шудани воҳиди марзию маъмурӣ, бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни конститутсионии мазкур гузаронида мешавад.

(ҚҶТ аз 26.07.14 с., № 1087)

Моддаи 49. Маблағгузории интихобот

Маблағгузории ташкил ва гузаронидани интихобот ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ аз ҳисоби Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд ихтиёрӣ гузаронидани интихоботро маблағгузорӣ намоянд. Ин маблағ барои истифода дар ташкил ва гузаронидани интихобот аз ҷониби комиссияҳои интихоботии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятӣ, шаҳри Душанбе, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ қабул карда мешавад.
Назорати истифодаи маблағе, ки ба комиссияи интихоботии дахлдор ҷудо шудааст, инчунин назорат оид ба воридшавӣ ва сарчашмаҳои маблағгузориро комиссияи интихоботии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятӣ, шаҳри Душанбе, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ амалӣ менамояд.

(ҚҶТ аз 26.07.14 с., № 1087)

Моддаи 50. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни конститутсионии мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни конститутсионии мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

(ҚҶТ аз 26.07.14 с., № 1087)

Моддаи 51. Дар бораи аз эътибор сокит дониста шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботӣ вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ»

Аз рӯзи мавриди амал қарор додани ин Қонуни конститутсиони Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 1994 «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисхои маҳаллии вакилони халқ» (Ахборӣ Шӯроӣ Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1994, № 23-24) аз эътибор соқит дониста шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                         Э. Раҳмонов

ш. Душанбе,  10 декабри соли 1999,

№ 858

 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.