Таърихи ноҳия Кӯшониён

Дар бораи давлати Кӯшониён

Аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҷиҳати иваз  кардани номи  деҳа, ноҳия, шаҳр ва шаҳракҳои вилояти Хатлон, аз ҷумла шаҳри Қӯрғонтеппа ба шаҳри Бохтар, Сарбанд ба Леваканд, шаҳраки Балхи ба Муқаннаъ, Восеъ ба Ҳулбук, деҳаи Қурбоншаҳид ба Меҳробод ва ноҳияи Бохтар ба ноҳияи Кушониён пешниҳод гардидааст.

Таърихи сиёсии давлати Кушониён

Бохтар баъди торумори  шоҳии Юнону Бохтар ҳолати парокандагии сиёсиро аз сар мегузаронад. Баъди забти Бохтар кучманчиён ба 5 вилоят тақсим шуданд ва яке аз онҳо-Гуйшуан(Кушон) буд. Баъдтар вилояти Кушон дигар вилоятҳоро тобеи худ мегардонад.

Маълумотҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки шоҳигарии Кушониён дар замони Герай ном ҳоким барпо шудааст. Герай падари Кудзула Кадфиз- асосгузори давлати Кушони Кабир будааст.

Дар таърихи Ҳиндустон, Афғонистон, Покистон, Осиёи Миёна ва Эрон давраи Кушониён ҷойи махсусро ишғол менамояд. Давраи Кушон на танҳо давраи бузург дар таърихи халқҳои номбаршуда, балки давраи барҷастаи инкишофи таърихи маданияти Шарқ ва умуман инсоният аст. Зиёда аз 2 ҳазор сол пеш Осиёи Миёна ва Ҳиндустони Шимолӣ, Покистон, Афғонистон ва Эрони Шарқӣ ба як давлат муттаҳид карда шуданд. Империяи  бузург дар он вақт аз соҳили баҳри Арал сар шуда, то уқёнуси Ҳинд тӯл мекашид ва дар қатори империяҳои бузурги Рим, Парфия, Хитой ҷойгир шуда буд.  Ба поён расидани  ҳокимияти Юнону Бохтар ва ба арсаи сиёсат омадани сулолаҳои ҳокимони кучманчӣ хотима ёфтани хонадони шоҳии юнонинажодро ифода мекард. Барои салтанати шоҳони маҳаллӣ имконият фароҳам омад. Марҳилаи Кешони кабир ба нашъунамои иқтисодиёт, фарҳанг, санъат шароити нисбатан тинҷ ва ором фароҳам овард. Робитаи байналхалқӣ аз асрҳои 2-1 пеш аз милод то охири асри 4 милодӣ тӯл кашид.

Дар ин давра масоҳати давлат аз ҳудуди Бохтар берун рафта бисёр ноҳияҳои дигарро тобеи худ намуд.

Давлати Кушони бузург дар аҳди Кудзула Кадфиз ба итмом нарасид. Дар асри 1-уми мелоди чор қабилаи дигарро зери тасоруфи худ дароварда подшоҳии калонро дар Бохтар ташкил намуд. худи вилояти Кушон тахминан дар сарзамини шимолтар аз Амударё (вилоятҳои Хатлони Тоҷикистон ва Сурхандарёи Узбекистони ҳозира) воқеъ будаасту вилоятҳои йуҷии дигари сарзамин Афғонистони ҳозираро ишғол менамуд.   Давраи равнақёбии давлати Кушон ҳукмронии  писари Вима Кадфиз-Канишка буд. Канишка ҳукуматашро қариб, ки ба тамоми Ҳиндустони Шимолӣ, Покистон, Афғонистон, Осиёи Миёна ва ба Туркманистони Шарқи васеъ карда пойтахти давлаташро ба шаҳри Пешовар кӯчонд. Дар давраи ворисии Кудзула Кадфизи 2 ба истилои Ҳиндустон инчунин соҳилҳои рости Амударё, Қубодиён,Шаҳринав ва Душанберо ба ҳайати Кушони Кабир дохил кард. Айёми ҳукмронии Кадфизи 2 ҳокимияти Кушон дар Шимоли Бохтар паҳн гардид.

Барҳамхурии давлати Кушонро бо давлати ҷавони эронии Сосониён вобастаги дорад.

Дар давраи Сосониён давраи шоҳии Ардашери 1 Марву Балху Хоразмро «то ҳудуди ақсои Хуросон» забт намудааст. Давлати Кушон муборизаро зидди подшоҳи Сосониён бардошта натавониста дар асри 3-юми милодӣ пароканда шуд.

ШИНОСНОМАИ 

ноҳия Кӯшониён

passp.jpg

 

There is currently no content classified with this term.

 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.