Нотавонбинони миллати тоҷик ба мақсади ғарази худ асло нахоҳанд расид

     Андеша:Тайи солҳои охир Кабирии хоини миллати тоҷик дар баромаду наворҳояш дар Аврупо бо пуштибонӣ аз хоҷаҳои хориҷии худ суханронӣ карда, ба тарғибу ташвиқи худу пайравони наҳзатиаш даст зада истодааст. Бо ин роҳ ин зархарид, мехоҳад гузаштаи амалҳои террористии худро дар назди ҷомеаи ҷахонӣ пинҳон карда, наҳзатиёни террористро дар чеҳраи нави дунявию демократию либералӣ нишон бидиҳад. Аммо ба ҳамагон маълум аст, ки ин ҳиллаю найранти Кабирии хоин буда, мақсадаш сафед кардани худу пайравони хунхори наҳзатиаш ва роҳ ёфтан ба баъзе аз ташкилотҳои байналмилалй ҷиҳати дар оянда амалӣ намудани мақсадҳои ғаразноку ифротии худ мебошад. Бо ин мақсад мунтазам дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои ифротӣ бо нашри матлабҳои сохтаю бофта, нисбати давлату миллати тоҷик суханҳои дурӯғину туҳматангез мезананд ва бо ин рох, мехоҳад худро миёни мардум ҳамчун «ғамхор», «халқпарвар» нишон диҳад. Вале ҳамаи ин «худсафедкуниҳо»-и у ва пайравонаш ягон натиҷае нахоҳад дод, чунки ҷаҳониён аллакай аз рафтору кирдори ин разилони наҳзатӣ, зулму ситами онҳо нисбат ба мардум, қатлу ғорати аҳолии осоишта дар солҳои 90-ум дар Тоҷикистон, огоҳ ҳастанд ва дар ҳеҷ ваҷҳ, идеяҳои носолими онҳоро, дастгирӣ нахоҳанд кард.

      Кабирӣ аз дур истода аз сиёсату иқтисодиёт лоф мезанад, лекин дар ин чанд соле, ки бо ҳизби террористиаш дар кишвар расман амал мекард, вакили мардумӣ буд, барои бехбудии аҳолӣ манфати кӯчаке нарасонд. Баръакс чи боигарие, ки миллату давлат дошт ғасб кард, ғорат карда, ба фоидаи худу наздикон ва амали намудани ҳадафҳои нопокӣ гурӯҳи худ, истифода бурд. Баъдан таҷриба нишон медиҳад, ки нафари мафкураи динӣ-ифротӣ ва террористӣ дошта дар ягон ҳолат ба арзишҳои миллӣ, демократӣ ва дунявӣ майл намекунад, аз он ҷумла Кабирию пайравони наҳзатиаш. Имрӯз боз ҷавонони соддадили навро ба майдон мехонанд. Ба ҳизби ифротии худ ва ба гуруҳҳову ҳаракатҳои сиёсии ифротии худ даъват мекунанд, ки ину он медиҳем. Мутаассифона, дарТоҷикистони азизи мо низ аз солҳои 90-уми асри гузашта cap карда, бо пуштибонии хоҷагони хориҷиашон ба ҷанги хонумонсӯз кашида шуд. Аз ин рӯ ҳар як ҷавони миллати куҳанбунёди тоҷикро мебояд, фирефтаи ҳиллаву найранги чунин афроди палиду миллатфурӯш нагашта, ҳар як зарра хоку, ҳар як катра оби поки ин сарзаминро, ҳифзу нигаҳдорӣ кунанд. Зеро, онҳо танҳо дар фикри тору мор намудани ин давлати биҳиштосо, ки номаш Тоҷикистон аст, ҳастанду, заррае қалбҳои сиёҳу пусидаашон, ба тақдири миллати тоҷик, дину мазҳаб ва ояндаи неки фарзандони мо, нахоҳад сӯхт. Чуноне,ки роҳбарияти олии мамлакат таъкид намуданд, имсол мо бояд беш аз ҳар вақти дигар зираку ҳушёр бошем. На танҳо ба доми он худбохтагон наафтем, балки дигар бояд ба онҳо маҷоли даҳон кушодан надиҳем. Бояд ҳар кадоми мо мавкеи шаҳрвандии хешро дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ равшан намоем, барои нигаҳдошти Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ худро масъул донем. Зеро, тавре Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ фармудааст:

Воситон аз дасти девона силоҳ,

То зи ту розӣ шавад адлу салоҳ.

Чун силоҳаш ҳасту аклаш на, бибанд

Дасти ӯро, в-ар на орад сад газанд.

Гулрухсор Узбекова, сарвари МТМУ №37-и ноҳияи Кӯшониён

Миёна: 5 (2 votes)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.