Тоҷикистон дар мубориза бар зидди терроризму-экстремизм ҳамеша пешсаф аст

    АНДЕША: Терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. Беш аз дигар ҳаракатҳои ифротӣ, амалҳои даҳшатафкани гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» боиси нигаронии аҳли башар гардидааст. Ҷангиёни «Давлати исломӣ» инсонҳои бегуноҳ, аз ҷумла кӯдакон, занон, пиронсолону барҷомондагонро ваҳшиёна ба қатл мерасонанд, сару гӯшу биниашонро мебуранд. Ҳатто, мо шоҳиди он шудаем, ки ҷангии «Давлати исломӣ» модари худро ҳам дар назди ҳамаи одамон ба қатл расондааст, ки ин ваҳшоният чеҳраи аслии ҷангиёни ин давлатро нишон додааст. Президенти мамлакатамон борҳо аз минбарҳои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ таъкид карда буданд, ки террорист Ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад. Гузашта аз ин онҳо аксаран таҳти шиорҳои диниву мазҳабӣ амал мекунанд, ки ба дини мубини ислом иртиботе надорад, баръакс аз ҷониби душманони ин дини муқаддас роҳандозӣ шуданд, ки пеш аз ҳама аввал кишварҳои исломӣ ва мусулмонони сайёра зарар мебинанд. Имрӯзҳо бошад, Тоҷикистон ҳамеша дар сафи пеши мубориза бо ин зуҳуроти даҳшатноки нафратовар қарор дорад. Дар самти муқовимати иттилоотӣ бар зидди терроризм ва экстремизм беш аз дуҳазор сомонаи интернетӣ, ки ба ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ ҳамбастагӣ доштанд, муайян ва фаъолияташон қатъ карда шуд. Бо қарори Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14-уми апрели 2015 ташкилотҳои бо ном «Давлати исломӣ» ва «Ҷабҳат-ун-нусра» ҳамчун созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ эълон гардидаанд. Имрӯз халқи шарифи Тоҷикистон дарк кардааст, ки дар паси ҳар матлаби ғаразноки расонаҳои хориҷӣ гурӯҳҳо ва ё қувваҳои алоҳида меистанд, ки барои онҳо ба хотири манфиатҳои сиёсиашон қурбон намудани ҷони инсонҳо кори саҳл мебошад. Чунин гурӯҳҳо дар самти ҷалби ҷавонон аз усулҳои таъсиррасони мафкуравӣ истифода намуда, дар асоси ғояҳои динӣ-мазҳабӣ онҳоро ба майдони қатлу куштор мекашанд. Ин фитнаест, ки аз ҷониби қавми мусулмон андохташуда, мақсадашон нобуд сохтани мусулмон бо дасти худи онҳо мебошад.

      Бояд қайд кард, ки халқи тоҷикро касе шикаста ва нест карда наметавонад. Таърих гувоҳ аст, ки халқи тоҷик боре кишвареро ғасб накардааст, шаъну шарафи миллатеро паст накардааст, фарзанди миллатеро нарабудааст. Танҳо зидди душманони ғаддор, ки ба сарзамини вай ҳамла меоварданду мекуштанду месӯхтанд, дуздӣ мекарданду фарзандонашро рабуда ғулом мекарданд, мубориза мебурду замини кишвараш, забонаш, нангу номусашро ҳимоя мекард. Ин аст, ки дар таърихи ҳазорсолаҳо халқи тоҷик сарзаминашро, забони ширину гувороашро, дили поки пур аз меҳру муҳаббаташро нигоҳ дошта тавонистааст. Шояд аз ҳамин сабаб бошад, ки худои яккаву ягона ба халқи тоҷик чунин фарзанди бонангу номус ва дили пур аз меҳру муҳаббатро ато кардааст.

Ширинзода Баҳриддин, директори

МТМУ №14-и ноҳияи Кӯшониён

Миёна: 5 (2 votes)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.